ТАҲЛИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ХАДАМОТИ НАЗОРАТИ ДАВАЛАТӢ ДАР МАҶЛИСИ МУШОВАРА
Санаи 4 июни соли 2026 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазир Холмаҳмадзода Солеҳа ҷаласаи Ҳайати мушовараи вазорат баргузор гардида, масъала “Дар бораи таҳлили фаъолияти Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар самти назорати қонунгузории соҳаи меҳнат дар солҳои 2024-2025” баррасӣ гардид.
МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА 35 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ДАСТОВАРДҲОИ АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
Санаи 3-юми июни соли 2026 тибқи Нақшаи машғулиятҳои идоравӣ, дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ, раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он мизи мудаввар дар мавзуи “Дастовардҳои Агентии меҳнат вашуғли аҳоли дар 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар фазои тантанавӣ баргузор гардид.
ГИРОМИДОШТИ ХИЗМАТҲОИ НЕКИ ФАРЗАНДОНИ ФАРЗОНАИ ХАЛҚИ ТОҶИК
Дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон ва Россия, 18 майи соли 2026 мушти хоки Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва фарзанди миллати тоҷик Нисор Муҳаммад ба Ватан оварда шуд. Ин иқдоми наҷиб ва таърихӣ ба хотири эҳтиром ва қадршиносӣ нисбат ба хизматҳои шоист