Имрӯз 28 уми январи соли 2026 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои он семинари омӯзишӣ доир ба Шарҳи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муқовимат ба коррупсия доир карда шуд.
Дар семинари омӯзиши муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Каримзода Насим Самиҷон, кормандони дастгоҳи марказии вазорат, Хадамоти муҳоҷират, “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир” ва намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағозода Эҷод Анвар ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими Раёсати мубориза бо ҷиноятҳо ба муқобили ҳокимияти давлатӣ, адолати судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ, подполковники адлия иштирок намуданд.
Тағозода Эҷод Анвар ҷиҳати роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ, оқибати даст задан ба он, риояи талаботҳои муқарраршуда барои хизматчиёни давлатӣ бо мисолҳои мушаххас ва шарҳи муқаррароти қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” суханронӣ намуд. Дар фарҷоми семинар сӯҳбати озод ва саволу ҷавоб сурат гирифт.