Масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ва музди меҳнат ҳадафи асосии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки дар мадди назарати вазорат қарор доранд.
Раванди батадриҷ беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва дар ҳамин замина, зина ба зина ҳаллу фасл намудани масъалаҳои сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат сол аз сол суръати тоза пайдо карда, бо фарогирии самтҳои нав ба нави ҳаёти иҷтимоии ҷомеа, айни замон ба тамоюли мусбати умумидавлатӣ табдил ёфтааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Дар робита ба ин, чун ҳамасола ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2024, №671 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» ба тасвиб расида, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2024 таҳти №13 аз 1 январи соли 2024 маоши вазифавӣ (меъёрҳои тариф)-и хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони дигари ин мақомот ба андозаи 40 дарсад баланд бардошта шуд.
Мутобиқи қарори дар боло зикр намуда, аз 1 июли соли 2024 ҳадди ақали музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат ба андозаи 800 сомонӣ муқаррар гардида, музди маоши кормандони ташкилотҳои буҷетӣ ва стипендияҳои амалкунанда 40 дарсад баланд бардошта шуд. Ҳамзамон, нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон зиёд карда шуданд.
Мутобиқи Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони ташкилотҳои буҷетӣ”, аз 14 августи соли 2018, №1084 - 15%, аз 4 августи соли 2020, №1580 - 15%, аз 13 январи соли 2022, №312 - 20%, аз 6 феврали соли 2023, №526 – 20% ва аз 9 январи соли 2024, №671 – 40%, музди маош дар ҷумҳурӣ баланд бардошта шудааст. Яъне аз соли 2018 то инҷониб музди маоши кормандон 110% афзоиш ёфтааст. Дар нӯҳмоҳаи соли 2024 дар самти муносибатҳои меҳнатӣ як зумра санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардид, ки он ба баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволии мардуми кишвар равона гардидааст.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар соли 2024 дар самти муносибатҳои меҳнатӣ ба тасвиб расида:
Аз 13 январи соли 2024, №5 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия»;
Аз 30 августи соли 2024, № 485 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028»;
Аз 29 январи 2024, №27 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи принсипҳои асосии Барномаи тақсимоти муштараки манфиятҳои НБО «Роғун» байни қишрҳои ҷомеа»;
Лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта:
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар мувофиқасозии ниҳоӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва дар сатҳи таҳиясозӣ қарордошта:
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гузаронидани рӯзҳои истироҳат ба дигар рӯзҳои корӣ дар соли 2024»; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Рӯйхати корҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати занон манъ карда мешавад ва ҳадди ниҳоии меъёри борҳое, ки барои занон дастӣ бардоштан ва кашонидани онҳо иҷозат дода мешавад”; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Тартиб ва андозаи ҷуброни хароҷоти сафарҳои хизматӣ.
Ҷиҳати гузаронидани лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз экспертизаи зиддикоррупсиони дохилиидоравӣ ва экспертизаи ҷамъиятии зиддикоррупсионӣ ва инчунин пешниҳод намудани лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии таҳияшуда баробари пешниҳод ба мувофиқасозӣ бо вазорату идораҳои калидӣ ба роҳ монда, минбаъд низ ҳангоми таҳияи маводҳо дар якҷоягӣ бо раёсатҳои дахлдор корбариро идома хоҳад дод.
Музди миёнаи ҳармоҳаи номиналии меҳнат, ки ба кормандони кироякор пардохта шудааст, дар моҳи июли соли 2024-ум 2276,2 сомониро ташкил дода, нисбат ба моҳи сентябри соли 2023-юм 16,4 фоиз зиёд шудааст.
Музди миёнаи меҳнат дар ВМКБ 1930,8 сомонӣ, вилояти Суғд 2048,8 сомонӣ, вилояти Хатлон 1732,8 сомонӣ, шаҳри Душанбе 3115,5 сомонӣ ва дар ШНТҶ 1827,0 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.
Музди меҳнати камтарин дар моҳи июли соли 2024 дар бахши воқеии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ дар кормандони кишоварзӣ, хоҷагии ҷангалпарварӣ ва моҳипарварӣ – 987,12 сомониро ташкил дод. Музди меҳнати аз ҳама баланд дар бахши воқеии иқтисодиёт дар соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок – 4045,51 сомонӣ, таъмини нерӯи барқ, газ, буғ ва хунуккунии ҳаво – 3884,46 сомонӣ, сохтмон – 3802,59 сомонӣ, саноати коркард – 2428,15 сомонӣ ва дар соҳаи таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва коркарди дуюмдараҷа – 1254,60 сомониро ташкил медиҳад. Умуман, дар бахши воқеии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ музди миёнаи ҳармоҳаи меҳнат дар моҳи июли соли 2024-ум 2215,50 сомониро ташкил медиҳад.
Дар бахши хизматрасонии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ музди меҳнати аз ҳама баланд дар кормандоне, ки фаъолияти миёнаравиҳои молиявӣ ва суғуртаро иҷро мекунанд – 5986,03 сомонӣ, дар соҳаи иттилоот ва алоқа – 4455,07 сомонӣ, дар соҳаи нақлиёт ва хоҷагии анбор – 3052,37 сомонӣ ва дар амалиётҳо бо амволи ғайриманқул – 2242,16 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.
Шарикии иҷтимоӣ ва ҳифзи меҳнат. Танзими муносибатҳои меҳнатӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ бе мушоракати иҷтимоӣ, шартномаҳои коллективӣ ва созишномаҳо ғайри имкон мебошад. Ба манзури тақвияти кор дар ин самт дар ҳамкорӣ бо шарикони иҷтимоӣ ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат як қатор чорабиниҳо, аз қабили таҳқиқот ва семинарҳои омӯзишӣ баргузор карда шуданд.
Дар давоми нуҳ моҳи соли 2024 аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ 28 адад созишнома, 15 адад Созишномаи соҳавӣ ва 13 адад минтақавӣ ба қайд гирифта шудааст. Ба ҳолати 1 сентябри соли ҷорӣ 17485 адад корхонаю ташкилотҳо шартномаҳои коллективии баимзорасидаи худро аз қайди огоҳонии раёсат, шуъба ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронидаанд, ки ин нишондод ба 90,9 фоиз баробар аст.
Аз теъдоди умумии шартномаҳои коллективии бақайдгирифташуда ба соҳаи хоҷагии қишлоқ 4817 адад (27,5 %), маориф ва варзиш 4312 адад (24,6 %), мақомоти идораи давлатӣ 1678 адад (9,5 %), тандурустӣ 915 адад (5,2 %), саноат 798 адад (4,5 %), савдо ва хӯроки умумӣ 593 адад (3,3 %), сохтмон 423 адад (2,4 %), хизматрасонии маишӣ 376 адад (2,1 %), фарҳанг ва санъат 304 адад (1,7 %), ташкилотҳои ҷамъиятӣ 539 адад (3,0 %), қарз ва суғурта 281 адад (1,6 %), нақлиёт, алоқа ва роҳ 192 адад (1,0 %), илм, хизматрасонии илмӣ 200 адад (1,1 %), геология ва корҳои ҷустуҷӯи геологӣ 17 адад (0,09 %), хоҷагии манзилию комуналӣ ва дигар соҳаҳо 2040 адад (11,6 %) таалуқ дорад.
Тибқи маълумоти омории таҳлилшуда ба ҳолати 1 сентябри соли 2024 дар миқёси ҷумҳурӣ 34606 адад корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои фаъолияткунанда ба қайд гирифта шуда, 598 адад корхона барҳамхурда дар баробари ин 1476 адад корхона ва ташкилотҳои нав таъсис дода шудааст. Таҳлили ин раванд нишон дод, ки теъдоди корхонаҳои навътаъсис нисбат ба корхона ва ташкилотҳои барҳамхурда дар ин давра 878 адад ё 146,8 фоиз зиёд мебошад.
Вазорат бо истифода аз ҳама имкониятҳои мавҷуда кушиш ба харҷ дода, нерӯи кадрии худро ба иҷрои босифат ва саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба боз ҳам баландтар бардоштани сатҳи зиндаги мусоидат мекунад, равона менамояд.