Шуғли аҳолӣ

    Соли сипаришуда, шумораи аҳолии дар иқтисодиёт фаъол аз рӯйи баҳои пешакӣ 2 млн. 533 ҳазор нафарро ташкил намуд, ки 2 млн. 480 ҳазор нафар ё худ 98 фоизаш дар соҳаҳои иқтисодиёт машғуланд. 


    Ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 141 ҳазору  820 нафар муроҷиат намуданд, ки 106 ҳазору 262 нафар ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуда, ба 58 ҳазору 908 нафари онҳо расман мақоми бекорӣ дода шудааст.


    Дар ин давра ба 205 ҳазору 773 нафар аз тарафи мақомоти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хизматрасонии иҷтимоӣ анҷом дода шуд. Аз теъдоди 70 ҳазору 641 нафар бокортаъминшудагон 7 ҳазору 23 нафар тавассути ҷойҳои кории бандшуда (квотаҳо), 3 ҳазору 323 нафар аз ҳисоби қарзҳои хурди имтиёзнок, 8 ҳазору 238 нафар тавассути ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ соҳиби ҷойи кор гардиданд.


    Ҳамзамон, 9 ҳазору 733 нафар хатмкардагони курсҳои касбомӯзӣ, инчунин, 42 ҳазору 324 нафар бо роҳхатҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз ҳисоби ҷойҳои кории холӣ бо ҷойи кор таъмин шуданд.


    Соли сипаришуда дар ҷумҳурӣ  847 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуд. Дар ин ярмаркаҳо 9 ҳазору 477 корхонаю муассиса иштирок намуда, 12 ҳазору 508 нафар ба ҷойи кор ва 6 ҳазору 950 нафар барои касбомӯзӣ роҳхат гирифта, 1 594 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар карда шуданд. 


    Ҷиҳати машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба 3 ҳазору 323 нафар шаҳрванди бекор 10 млн. 340 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ дода шуд. Аз ҷумла, барои пешбурди фаъолияти истеҳсолӣ ба 1459 нафар 4 млн. 953 ҳазор сомонӣ, барои пешбурди тиҷорат ба 1030 нафар 3 млн. 495 ҳазор сомонӣ ва барои фаъолияти хизматрасонӣ ба аҳолӣ ба 834 нафар ба маблағи 1 млн. 892 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ дода шуд.


Ҳамчунин, барои дастгирии ташаббуси соҳибкории занону бонувон ва ҷавонон ба 1901 нафар зан 5 млн. 914 ҳазор сомонӣ, ба 1 246 ҷавон 3 млн. 888 ҳазор сомонӣ ва барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба 928 нафар 3 млн. 20 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуд.


    Дар муассисаҳои таълими касбӣ 72 ҳазору 738 нафар ба курсҳои тайёрии касбӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ҷалб шуд, ки аз ин шумора 11 ҳазору 89 нафарашон занон мебошанд. 


    Барои дастгирии иҷтимоии шаҳрвандони бекор ба 12 ҳазору 899 нафар ба маблағи 7 млн. 586 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ барои давраи бекорӣ пардохт гардидааст. 
Дар соли сипаришуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 189 ҳазору 188 ҷойи кории нав таъсис дода шуд, ки аз ин 70 ҳазору 297 ё худ 37, 2 фоизро ҷойҳои кории доимӣ, 73 ҳазору 327 ё 38,8 фоизро ҷойҳои кории муваққатӣ ва 38 ҳазору 623 ё 20,4 фоизро ҷойҳои кории мавсимӣ ташкил медиҳанд. Аз ҷойҳои кории нави таъсисшуда 61 фоизи он ба бахши воқеӣ ва 39 фоиз ба бахши хизматрасонӣ рост меояд. 

Лоиҳа

Бо қарори

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз «____» _____соли 2022, №___

 

Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025

 

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

1. Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025 (минбаъд Барнома) мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ” ва моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» таҳия гардидааст.

2. Барнома фарогири тадбирҳои фаъол ва ғайрифаъоли мусоидат ба шуғли аҳолӣ буда, равандҳои ба тайёрии касбӣ ҷалб намудани шаҳрвандони бекор, сафарбаркунии онҳо ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок, ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок барои машғул шудан ба соҳибкории инфиродӣ, расонидани хизматрасониҳои роҳнамоии касбӣ, бокортаъминкунии шаҳрвандони бекор тавассути ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва ҷойҳои нави кории таъсисшаванда дар соҳаҳои иқтисодиёт, бокортаъминкунии шаҳрвандони дар бозори меҳнат осебпазир тавассути ҷойҳои кории бандшуда (квотаҳо) ва пардохти кумакпулиҳо барои давраи бекориро дар бар мегирад.

3. Барнома бо назардошти афзалиятҳои муайяншуда дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи соли 2040, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва таҳлили нишондиҳандаҳои минтақавӣ ва соҳавии бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ таҳия гардидааст.

4. Ҳадафҳои асосии барнома мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ташаккул додани низоми инклюзивии рушди таълим, инчунин таъмини занон, ҷавонон ва шахсони имконияташон маҳдуд бо ҷойи кор бо мақсади коҳиш додани осебпазирӣ ва баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат мебошад.

5. Дар натиҷаи татбиқи босамари чорабиниҳои Барнома сатҳи бекорӣ коҳиш ёфта, ҳифзи иҷтимоии шумораи муайяни бекорон, бахусус занон, ҷавонон ва аҳолии дар бозори меҳнат осебпазир таъмин гардида, барои татбиқи таълими инклюзивӣ ва ташаккули салоҳиятҳо шароит фароҳам оварда шуда, фаъолияти мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ тавассути гузариш ба хизматрасониҳои рақамӣ ва таъмини дастрасии васеи корҷўён ва бекорон ба ин хизматрасониҳо тақвият дода мешавад.

 

2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ДЕМОГРАФӢ

ВА РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ

 

6. Раванди демографӣ ҳамчун омили асосӣ, ки ба вазъ дар бозори меҳнат таъсири бевосита дорад зимни таҳия намудани барномаҳои моҳиятан иҷтимоӣ, аз ҷумла Барномаи мазкур ба инобат гирифта мешавад.

7.Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои суръати баланди афзоиши табиии аҳолӣ буда, ба ҳисоби миёна афзоиши он дар як сол 2,1-2,2 фоизро ташкил медиҳад.

8. Дар давоми панҷ соли охир (солҳои 2017-2021) шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8931,2 ҳазор нафар то ба 9886,8 ҳазор нафар афзоиш ёфт, ки он ба 10,7 фоиз баробар мебошад ва ба ҳисоби миёна дар ин давра афзоиши миёнасолонаи аҳолӣ зиёда 2,1 фоизро ташкил медиҳад.

9. Тибқи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2022, №370 «Дар бораи дурнамоинишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025») шумораи аҳолии кишвар дар соли 2025 то ба 10666,0 ҳазор нафар мерасад, ки дар муқоиса ба соли 2021-ум 8,4 фоиз меафзояд.

10. Дар заминаи афзоиши шумораи аҳолӣ, захираҳои меҳнатӣ низ афзоиш ёфта, дар соли 2025 теъдоди онҳо ба 6150,0 ҳазор нафар мерасад, ки нисбат ба соли 2021-ум 7,4 фоиз зиёд мебошад.

11. Мутаносибан ба афзоиши захираҳои меҳнатӣ, шумораи қувваҳои корӣ низ 5,1 фоиз афзоиш ёфта, дар соли 2025 ба 2734,7 ҳазор нафар мерасад.

12. Давоми солҳои 2023-2025 тибқи дурнамо шумораи аҳолии машғули кор аз 2636,0 ҳазор нафар то ба 2729,0 ҳазор нафар мерасад. Дар муқоиса ба соли 2021 шумораи аҳолии машғули кор 7,1 фоиз меафзояд. Афзоиши миёнасолонаи шумораи аҳолии машғули кор давоми солҳои 2023-2025 1,7 фоизро ташкил медиҳад. Дурнамои афзоиши шумораи аҳолӣ, захираҳои меҳнатӣ, қувваҳои корӣ ва аҳолии машғули кор дар ҷадвали 1 оварда шудааст.

Ҷадвали 1 (ҳаз. нафар)

Р т

Нишондиҳандаҳо

соли

2021

соли

2023

соли

2024

соли

2025

Афзоиш бо % нисбат ба соли 2021

1

Шумораи аҳолӣ

9886,8

10272,0

10426,0

10666,0

8,4%

2

Захираҳои меҳнатӣ

5653,0

5934,0

6041,0

6 150,0

7,4%

3

Қувваҳои корӣ

2587,0

2645,0

2689,0

2734,7

5,1%

4

Аҳолии машғули кор

2534,0

2636,0

2681,0

2729,0

7,1%

 

13. Афзоиш ёфтани шумораи қувваҳои корӣ ва аҳолии машғули кор ба рушди истеҳсолот мусоидат намуда, пешбинӣ мегардад, ки давоми солҳои 2023-2025 ҳаҷми маҳсулоти саноатии кишвар аз 60138 млн. сомонӣ дар соли 2023 то 92264 млн. сомонӣ дар соли 2025 меафзояд. Дар ҳамин давра мутаносибан ҳиссаи маҳсулоти саноатӣ дар таркиби Маҷмўи Маҳсулоти Дохилӣ (минбаъд ММД) аз 47,2 фоиз то 56,6 фоиз зиёд мешавад.

14. Дар баробари ин, дар давраи мадди назар ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ аз 50860 млн. сомонӣ дар соли 2023 то 63808 млн. сомонӣ дар соли 2025 афзоиш ёфта, ҳиссаи он дар таркиби ММД аз 40,2 фоиз дар соли 2023 то 39,2 фоиз дар соли 2025 коҳиш меёбад.

15. Пешбинӣ мегардад, ки давоми солҳои 2023-2025 ҳаҷми ММД дар кишвар то 162911 млн. сомонӣ меафзояд, ки дар муқоиса ба соли 2021-ум (98910,7 млн. сомонӣ) 1,6 маротиба зиёд мебошад. Тақсимоти ММД ба ҳар сар аҳолӣ дар давраи мадди назар аз 12388 сомонӣ дар соли 2023 то 15274 сомонӣ дар соли 2025 мерасад, ки дар муқоиса ба соли 2021 1,5 маротиба зиёд аст.

16. Дурнамои афзоиши ММД, маҳсулоти саноатӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва тақсимоти ММД ба ҳар сар аҳолӣ дар солҳои 2021 ва 2023-2025 дар ҷадвали 2 оварда мешавад.

Ҷадвали 2

Рт/т

Нишондиҳандаҳо

соли 2021

соли 2023

соли 2024

соли 2025

Афзоиш нисбат ба соли 2021

1

ММД, млн. сомонӣ

98910,7

127253

142533

162911

1,6 маротиба

2

Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои дурнамои солҳои дахлдор, млн. сомонӣ

38829,0

60138

73510

92264

2,4 маротиба

-

бо % нисбат ба ММД

18,2%

47,2%

51,6%

56,6%

+38,4 банди %

3

Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои дурнамои солҳои дахлдор, млн. сомонӣ

47890,9

50860

56922

63808

1,3 маротиба

-

бо % нисбат ба ММД

24,1%

40,2%

39,9%

39,2%

-1 банди %

4

Тақсимоти ММД ба ҳар сар аҳолӣ, сомонӣ

10087

12388

13670

15274

1,5 маротиба

 

17. Мутаносибан ба афзоиш ёфтани ҳаҷми ММД ва тақсимоти он ба ҳар сар аҳолӣ даромадҳои пулӣ ва хароҷоту пасандозҳои аҳолӣ низ меафзоянд, ки барои боло рафтани сатҳи зиндагии онҳо замина фароҳам меорад.

18. Дар назар аст, ки то соли 2030 тақсимоти ММД ба ҳар сар аҳолӣ то 3 баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатии аҳолӣ 2 баробар коҳиш дода мешавад ва ҳиссаи аҳолии дорои даромади миёна аз 22 то 50 фоиз зиёд мегардад.

19. Таҳлили таркиби ташаккули ММД нишон медиҳад, ки асоси онро соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ ташкил медиҳанд. Ҳамзамон, афзоиш ёфтани ҳиссаи маҳсулоти саноатӣ дар таркиби ММД аз он гувоҳӣ медиҳад, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти саноатикунонии босуръати кишвар тадриҷан натиҷаҳои чашмдоштро ба бор меорад.

20. Барномаи мазкур ҳамчун ҷузъи ҷудонопазир барои расидан ба ҳадафҳо ва афзалиятҳое, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 муайян шудаанд, мусоидат менамояд.

 

3. ВАЗЪИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ

 

21. Мувофиқи маълумоти оморӣ шумораи қувваҳои корӣ (аҳолии дар иқтисодиёт фаъол) аз рўи баҳои пешакӣ дар моҳи июни соли 2022-ум 2578,7 ҳазор нафарро ташкил намуд, ки аз ин теъдод 2522,1 ҳазор нафар (97,8 фоиз) дар соҳаҳои иқтисодиёт машғул буда, ба 56,6 ҳазор нафар расман мақоми бекорӣ дода шудааст, ки 2,2 фоизи қувваҳои кориро ташкил медиҳад.

22. Дар моҳи июни соли 2022 аз шумораи умумии аҳолии машғули кор шахсони дар рўйхатбудаи кироякор дар корхонаҳои ҳама шаклҳои моликият 1241,6 ҳазор нафар ё 49,2 фоизи шумораи умумии аҳолии машғули корро ташкил дод. Шумораи дар рўйхатбудаи кормандони кироя дар моҳи июни соли 2022 нисбат ба моҳи майи соли 2022 0,4 фоиз ва нисбат ба моҳи июни соли 2021 0,9 фоиз зиёд шуд. Ҳамзамон, дар ин давра нисбат ба соли 2021 шумораи дар рўйхатбудаи кормандони кироя дар бахши воқеии иқтисодиёт 1,9 фоиз зиёд шуда, 697,6 ҳазор нафарро ташкил дод. Аз рўи намудҳои фаъолияти иқтисодӣ, бахши хизматрасонӣ бошад дар ҳамин давра 0,3 фоиз кам шуда, 544,0 ҳазор нафарро ташкил намуд.

23. Дар ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ, ғайр аз кормандони расмӣ қувваи корӣ дар шароити дар ду (якчанд) ҷой коркунанда ва дар асоси қарордоду шартномаҳои хусусияти шаҳрвандию ҳуқуқидошта низ истифода бурда мешаванд.

24. Моҳи июни соли 2022 дар шароити болозикр 49,2 ҳазор нафар машғули кор буданд, ки ин нишондиҳанда ба 4,0 фоизи шумораи ҷойҳои ишғолшудаи корӣ рост меояд.

25. Шумораи кормандони дар шароити ду (якчанд) ҷой ва дар асоси қарордоди хусусияти шаҳрвандию ҳуқуқидошта коркунанда дар моҳи июни соли 2022-ум 49195 нафар, аз ҷумла дар бахши воқеии фаъолияти иқтисодӣ 11293 нафар ва дар бахши хизматрасонӣ 37902 нафарро ташкил намуд.

26. Ба ҳолати 1 июли соли 2022 дар мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 81,7 ҳазор корҷў ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 7,0 фоиз зиёд ва нисбат ба моҳи майи соли 2022 0,1 фоиз кам мебошад.

27. Дар моҳи июни соли 2022 ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 11,2 ҳазор нафар корҷӯ барои пайдо кардани ҷойи кор муроҷиат намуда, 8,9 ҳазор нафар бо шуғл таъмин карда шуданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2021-ум нишондодҳои мазкур мутаносибан 2,3 фоиз кам ва 14,3 фоиз зиёд мебошад.

28. Дар моҳи июни соли 2022 аз ҷониби ташкилоту муассиса ва корхонаҳо пешниҳоди ҷойҳои кории холӣ ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 58,0 фоиз зиёд шуда, 15,8 ҳазор ҷойро ташкил дод. Ин нишондод аз рўи касбҳои коргарӣ 88,0 фоиз зиёд шуда, 8,0 ҳазор ҷойро ташкил намуд (50,5 фоизи ҷойҳои кори холӣ). Нисбат ба моҳи майи соли 2022 шумораи ҷойҳои кори холии пешниҳодшуда, 15,5 фоиз зиёд шуда, талабот ба ҳар як ҷойи кори холии пешниҳодшуда 5,2 нафарро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли 2021 7,6 нафарро ташкил медод.

29. Дар мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар охири моҳи июни соли 2022 56,5 ҳазор нафар бекор расман ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 28,3 ҳазор нафар (50,0 фоиз) зан мебошад.

30. Сатҳи бекории расман бақайдгирифташуда 2,2 фоизро аз шумораи қувваҳои корӣ ташкил намуд.

31. Бояд қайд намуд, ки вазъи имрўзаи ноустувори сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ дар ҷаҳон метавонад ба вазъ дар бозори меҳнати Тоҷикистон таъсири бевосита дошта бошад. Аз ин хотир, дар марҳалаи кунунӣ хеле муҳим аст, ки шаклу усулҳои нави хизматрасонӣ дар самти мусоидат ба шуғли аҳолӣ роҳандозӣ гардида, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи тахассуси касбии қувваҳои корӣ, тақсимоти босамари аҳолии қобили меҳнат дар соҳаҳои иқтисодиёт тадбирҳо амалӣ карда шаванд.

32. Мувофиқи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ давоми солҳои 2023-2025 шумораи аҳолӣ ба ҳисоби миёна 2,0-2,1 фоиз афзоиш ёфта, дар соли 2025 ба 10666,0 ҳазор нафар мерасад, ки бешубҳа ба вазъ дар бозори меҳнат таъсир мерасонад.

33. Дар соли 2025 шумораи аҳолӣ дар муқоиса ба соли 2021-ум 860,0 ҳазор нафар зиёд мешавад. Мутаносибан ба ин, шумораи захираҳои меҳнатӣ 525,0 ҳазор нафар ва қувваҳои корӣ 265,4 ҳазор нафар меафзоянд.

34. Пешбинӣ мегардад, ки дар солҳои 2023-2025 ба бозори меҳнат аз ҳисоби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 160,6 ҳазор нафар, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 85,9 ҳазор нафар, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 41,9 ҳазор нафар, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 365,6 ҳазор нафар, хатмкунандагон бо маълумоти таҳсилоти умумии асосӣ 88,6 ҳазор нафар, хизматчиёни ҳарбии аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсатшуда 68,0 ҳазор нафар, кормандони аз корхонаҳо ихтисоргардида 18,0 ҳазор нафар, шахсони аз муассисаҳои ислоҳи ҷазои ҷиноӣ озодшуда 2,9 ҳазор нафар ворид мегарданд.

35. Теъдоди аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ ғайрифаъол дар соли 2025 ба 3327,5 ҳазор нафар мерасад, ки ин шумора 54,1 фоизи захираҳои меҳнатиро (6150,0 ҳазор нафар) ташкил медиҳад.

36. Мувофиқи нишондодҳои Барнома давоми солҳои 2023-2025 тавассути мусоидати бевоситаи мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 516,3 ҳазор шаҳрванд ба шуғл ҷалб гардида, аз ин шумора 210,0 ҳазор нафар дар корхонаю ташкилот бо кор таъмин карда мешаванд. Аз ҷумла дар ин давра 174,3 ҳазор нафар аз ҳисоби ҷойҳои кории холӣ, 25,5 ҳазор нафар аз ҳисоби ҷойҳои кори бандшуда (квотаҳо) ва 12,6 ҳазор нафар тавассути ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок бо кор таъмин карда мешаванд. Ҳамзамон, дар давраи мадди назар 105,0 ҳазор нафар шаҳрвандони бекор ба тайёрии касбӣ фаро гирифта шуда, 30,0 ҳазор нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардида,ба 82,4 ҳазор нафар хизматрасониҳои машварати касбӣ анҷом дода шуда, ба 88,9 ҳазор нафар бекорон кумакпулиҳо барои давраи бекорӣ пардохт карда мешавад.

Тамоюли тағйирёбии дурнамои нишондиҳандаҳои бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар замимаи 1 пешбинӣ гардидаанд.

 

4. ВАЗИФА ВА САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ

ДАВЛАТИИ МУСОИДАТ БА ШУҒЛИ АҲОЛӢ

ДАР СОЛҲОИ 2023-2025

37. Ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти мусоидат ба шуғли аҳолӣ тибқи Барнома дар солҳои 2023-2025 вазифаҳои зерин муайян карда мешаванд:

- тақвияти фаъолияти мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ тавассути гузариш ба хизматрасониҳои рақамӣ ва таъмини дастрасии васеи корҷўён ва бекорон ба ин намуди хизматрасониҳо;

- такмил додани низоми ҷамъоварӣ ва коркарди омори соҳаи шуғли аҳолӣ;

- андешидани тадбирҳо ҷиҳати ҷамъоварии маълумотҳои зарурӣ бо мақсади муайян намудани тавозуни бозори меҳнат;

- дастгирии рушди соҳибкории хурд, ташаббуси ҷавонон, занон ва аҳолии дар бозори меҳнат осебпазир барои машғул шудан ба соҳибкорӣ (стартапҳо) тавассути пешниҳод намудани қарзҳои имтиёзнок;

- мусоидат ба шуғли аҳолии дар бозори меҳнат осебпазир, аз ҷумла маъюбон тавассути сафарбар намудани онҳо ба омўзиши васеи шуғли фосилавӣ;

- мутобиқсозии раванди хизматрасониҳои таълими касбӣ ба талаботи воқеии бозори меҳнат тавассути мунтазам гузаронидани пурсиши корфармоён ҷиҳати арзёбии талаботи онҳо ба қувваи корӣ;

- амалисозии тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълими касбӣ тавассути ҷорӣ намудани механизмҳои муосири таълими касбӣ, аз ҷумла, таълими инклюзивӣ ва дуалӣ ва ба ин васила баланд бардоштани рақобатпазирии қувваҳои корӣ;

- ташкил ва роҳандозӣ намудани фаъолиятӣ филиалҳои Муассисаи давлатии “Маркази таълими калони Тоҷикиситон” дар минтақаҳои кӯҳистон ва дурдасти ҷумҳурӣ;

- таҳия ва амалисозии тадбирҳо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040;

- роҳандозӣ намудани тадбирҳо ҷиҳати коҳиш додани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар соҳаҳои иқтисодиёт;

- таъмини ҳамоҳангсозии чорабиниҳои сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ бо ҷараёни амалисозии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040.

38. Дар солҳои 2023-2025 афзалиятҳои зерин дар сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ пешбинӣ мешаванд:

- амалисозии тадбирҳо ҷиҳати вусъат бахшидан ба шуғли пурмаҳсул;

- таҳия ва дар амал татбиқ намудани чорабиниҳо вобаста ба таъмин намудани рақобатпазирии қувваҳои корӣ дар бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар;

- роҳандозӣ ва тадриҷан васеъ намудани доираи хизматрасониҳои рақамӣ дар самти мусоидат ба шуғли аҳолӣ;

- ҷалб намудани сармояҳои ватанӣ ва хориҷӣ дар татбиқи сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ;

- таҳия ва татбиқи чорабиниҳо ҷиҳати арзёбии таъсири нишондодҳои асосии Барнома ба вазъи иҷтимоии бекорон ва корҷӯён;

- таъмин намудани иҷрои афзалиятҳои муайяншуда дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040.

 

5. ЧОРАБИНИҲОИ АСОСӢ ДАР ТАЪМИНИ ШУҒЛИ АҲОЛӢ

 

§ 1. Таъсиси ҷойҳои нави корӣ

 

39. Мувофиқи дурнамои нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мегардад, ки дар давоми солҳои 2023-2025 дар соҳаҳои иқтисодиёти кишвар маҷмўан 707,7 ҳазор, аз ҷумла, дар бахши воқеии иқтисодиёт 421,8 ҳазор (59,6%) ва дар бахши хизматрасонӣ бошад 285,9 ҳазор (40,4%) ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд.

40. Дар сатҳи минтақаҳои ҷумҳурӣ дар ин давра дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 52,5 ҳазор, дар вилоятҳои Хатлон 263,1 ҳазор , Суғд 138,7 ҳазор, шаҳри Душанбе 137,6 ҳазор ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 115,8 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд.

Дурнамои таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар бахшҳои иқтисодиёт ва сатҳи минтақаҳои ҷумҳурӣ дар ҷадвали 3 пешбинӣ шудааст.

 

                                                                                       Ҷадвали 3

Рт/т/

Номгўи чорабинӣ

Соли   2021

Баҳодиҳӣ соли 2022

Соли 2023

Соли 2024

Соли 2025

1

Ҳамагӣ таъсиси ҷойҳои нави корӣ

(ҳазор ҷой)

189,2

205,1

220,9

235,8

250,9

2

Дар бахши воқеии иқтисодиёт

115,3

123,8

131,5

140,5

149,8

3

Дар бахши хизматрасонии иқтисодиёт

73,9

81,2

89,4

95,3

101,1

4

Дар сатҳи минтақаҳо:

 

 

 

 

 

  • ВМКБ

12,3

13,5

15,5

17,4

19,6

  • Хатлон

75,8

78,2

84,3

87,3

91,5

  • Суғд

36,7

40,5

43,1

46,1

49,4

  • Душанбе

35,9

40,7

42,5

46,5

48,5

  • НТҶ

28,2

32,1

35,5

38,5

41,8

5.

- аз ҷумла:

- ҷойҳои кори доимӣ

70,3

75,2

80,4

86,5

91,2

  • ҷойҳои кори муваққатӣ

73,3

78,3

83,1

88,6

93,8

- ҷойҳои кори мавсимӣ

38,6

43,1

47,1

49,4

53,4

- ҷойҳои кори иловагӣ ва барқароршуда

6,9

8,4

10,2

11,2

12,5

 

§ 2. Миёнаравӣ дар бозори меҳнат

 

41. Татбиқи босамари чорабиниҳои Барнома ба ҳамкории мутақобилан судманд миёни мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва корфармоён вобаста буда, иштироки фаъоли корфармоёнро дар мусоидат ба шуғли аҳолӣ тақозо менамояд. Аз ин хотир, бо назардошти вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иктисодии ҷаҳон хеле муҳим аст, ки ҳамкорӣ байни мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва корфармоён дар самти мусоидат ба шуғли аҳолӣ, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.

42. Бо ин мақсад, дар доираи амалисозии Барномаи мазкур тадбирҳои зерин пешбинӣ мегарданд, ки дар татбиқи сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ нақши муҳим доранд:

- гузариш ба хизматрасониҳои рақамӣ дар фаъолияти мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ;

- такмил додани низоми мавҷудаи ҷамъоварӣ, коркард ва пешниҳоди ҷойҳои кории холӣ ба корҷўён ва шаҳрвандони бекор;

- дастгирии васеи ташаббусҳои ҷавонон, занон ва табақаҳои дар бозори меҳнат осебпазир ҷиҳати машғул шудан ба соҳибкории инфиродӣ тавассути ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок (стартапҳо);

- амалисозии тадбирҳо ҷиҳати бештар таъсис додани ҷойҳои кори доимӣ ва арзанда дар минтақаҳои ҷумҳурӣ;

- роҳандозии низоми муосири хизматрасониҳои таълими касбӣ ва гузариш ба бозори меҳнат;

- амалисозии тадбирҳо барои омўзиш ва рушди шуғли фосилавӣ ва пурмаҳсул;

- гузаронидани пурсиши корфармоён ҷиҳати муайянсозии талабот ва пешниҳод ба қувваи корӣ, омодасозии корҷӯён ба касбҳои нав тибқи талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ.

43. Дар доираи Барнома пешбинӣ мегардад, ки давоми солҳои 2023-2025 аз ҷониби корфармоён ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 174,3 ҳазор ҷойҳои кории холӣ (соли 2023-57,4 ҳазор, соли 2024-58,1 ҳазор ва соли 2025-58,8 ҳазор ҷойҳои кории холӣ) пешниҳод карда мешавад ва дар ин замина 2400 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ташкил ва баргузор карда мешавад.

 

§ 3. Мусоидат ба шуғли аҳолии дар бозори меҳнат осебпазир

 

44. Бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолии дар бозори меҳнат осебпазир яке аз афзалиятҳои асосии Барнома ба шумор рафта, бо ин мақсад дар ташкилоту муассиса ва корхонаҳои ҷумҳурӣ новобаста аз шакли моликият ва идоракунӣ ҷойҳои корӣ банд карда мешаванд.

45. Дар ҷойҳои кории бандшуда (квотаҳо) асосан ҷавонон, занон, маъюбон, ҷавонони рухсатшуда аз сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони озодшуда аз муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноӣ бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд. Бо ин мақсад дар доираи Барнома барои бо ҷойи кор таъмин намудани шахсони дар бозори меҳнат осебпазир ва барои корфармоён имтиёзҳои зерин пешбинӣ мегардад:

- таъмин намудани шароит барои дастрасии васеи табақаҳои дар бозори меҳнат осебпазир ба омўзиши касбӣ;

- таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои кории махсусгардонидашуда бо реҷаи кори танзимшаванда, барои бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолии дар бозори меҳнат осебпазир;

- фароҳам овардани шароит барои ба шуғли фосилавӣ машғул шудани аҳолии дар бозори меҳнат осебпазир;

- маблағгузорӣ намудани корфармоён барои таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои кории махсусгардонидашуда ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолии дар бозори меҳнат осебпазир.

46. Пешбинӣ мегардад, ки дар доираи Барнома тавассути банд намудани ҷойҳои корӣ, таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои кории махсусгардонидашуда 25,5 ҳазор нафар шаҳрвандони дар бозори меҳнат осебпазир бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд.

 

§ 4. Мусоидат ба шуғли ҷавонон

 

47. Таҳлили омори расмии давлатӣ нишон медиҳад, ки ҳиссаи ҷавонон дар таркиби аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 30 фоиз ва дар таркиби захираҳои меҳнатӣ бошад, зиёда аз 50 фоизро ташкил медиҳад.

48. Бо назардошти тамоюли афзоиши ҷавонон дар таркиби аҳолӣ, дар сиёсати давлатии ҷавонон масъалаҳои касбомӯзӣ ва ба шуғл ҷалб намудани онҳо афзалияти аввалиндараҷаро касб намуда, тақозо менамояд, ки дар ин самт мунтазам тадбирҳои муассир тарҳрезӣ ва амалӣ карда шаванд.

49. Бо ин мақсад қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, №166 «Дар бораи Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва аз 30 декабри соли 2021, №567 “Дар бораи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” ба тавсиб расида, мавриди амал қарор доранд.

50. Бояд қайд намуд, ки новобаста аз тадбирҳои тарҳрезӣ ва амалишаванда ҳанўз ҳам сатҳи шуғлнокии ҷавонон ва сатҳи бекорӣ дар байни онҳо нигаронкунанда буда, бо назардошти вазъи сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии ҷаҳон масъалаҳои дастгирии иҷтимоии ҷавонон, ҷалби онҳо ба касбомӯзӣ ва  шуғл андешидани тадбирҳои иловагиро тақозо менамояд.

51. Таҳлили омори мавҷуда оид ба шуғлнокӣ ва бекорӣ миёни ҷавонон нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон сатҳи шуғлнокии ҷавонон танҳо 34,0 фоизро аз шумораи умумии ҷавонон ташкил дода, ҷиҳати баланд бардоштани ин нишондиҳанда бояд чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

52. Дар давраи амалисозии Барномаи мазкур ҷиҳати пешгирии сатҳи афзоиши бекорӣ дар байни ҷавонон ва ба шуғл фаро гирифтани онҳо тадбирҳои зерин роҳандозӣ мешаванд:

- мусоидат намудан дар таъмини ҷавонон бо ҷойи корӣ аз ҳисоби ҷойҳои кории холии мавҷуда (86,1 ҳазор нафар);

- расонидани хизмати роҳнамоии касбӣ ва маслиҳатию машваратӣ (49,5 ҳазор нафар);

- сафарбар намудани ҷавонон ба курсҳои кўтоҳмуҳлати тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомўзӣ мувофиқи касбу ихтисосҳои ҷавобгў ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар (33,8 ҳазор нафар);

- ҷалби ҷавонон дар иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок (10,4 ҳазор нафар);

- дастгирии ташаббуси ҷавонон дар ташкили фаъолияти соҳибкорӣ ва рушди ҳунарҳои миллӣ тавассути ба онҳо ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок (3,6 ҳазор нафар);

- дастгирии иҷтимоии ҷавонон тавассути таъин ва пардохти кумакпулиҳо барои давраи бекорӣ (28,7 ҳазор нафар);

- роҳандозӣ намудани тадбирҳо дар самти тарбияи ҳуқуқии ҷавонон доир ба масъалаҳои бозори меҳнат.

53. Давоми солҳои 2023-2025 тавассути амалӣ намудани ин тадбирҳо 212,1 ҳазор ҷавон ба шуғл фаро гирифта мешавад.

 

§5. Мусоидат ба шуғли занон

 

54. Тибқи маълумоти оморӣ, занҳо 49,3 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, ки 2,8 миллиони онҳо шомили аҳолии қобили меҳнат мебошанд.

Иштироки фаъолонаи занон ба рушди иқтисодиёти миллӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, бахусус худи занон мусоидат менамояд. Фароҳам овардани шароит барои татбиқи ҳуқуқу имкониятҳои занон, баланд бардоштани рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат ҷанбаи муҳими баробарии гендерӣ дар соҳаи шуғл мебошад.

55. Ҳарчанд занони синни қобили меҳнат наздик 50,0 фоизи захираҳои меҳнатиро ташкил диҳад ҳам, ҳиссаи онҳо дар маҷмуи қувваи корӣ танҳо 27,8 фоизро ташкил медиҳад.

56. Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 пешбинӣ шудааст, ки то соли 2030 иқтидори тайёркунии мутахассисон дар низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна бояд қариб се баробар афзуда, на камтар аз 220 ҳазор нафар ҷавонони 15-24-соларо бо таҳсилфарогирад.

57. Ҳиссаи духтарони 15-24-сола дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар сатҳи 21,5 фоиз қарор дошта, касбомӯзии духтарони бекор ва корҷӯй, бахусус дар ноҳияҳои кӯҳистон ва деҳаҳои дурдаст тавассути курсҳои кӯтоҳмуддат дар Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” чораҳои иловагиро талаб менамояд.

58. Бо мақсади иҷрои мақсадҳои барномавӣ, инчунин дар амал татбиқ “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2030» дар доираи Барнома барои бо ҷойи кор ва касбомӯзӣ ҷалб намудани занони бекор тадбирҳои зерин пешбинӣ мешаванд:

- мусоидат намудан дар таъмини занон бо ҷойи кори доимӣ аз ҳисоби ҷойҳои кории холии мавҷуда (88,2 ҳазор нафар);

- фарогирӣ ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомўзӣ аз рўи ихтисосҳои ҷавобгў ба талаботи бозори меҳнат ва рушди ҳунарҳои мардумӣ (45,9 ҳазор нафар);

- дастгирии ташаббусҳои занон дар пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ( 4,6 ҳазор нафар);

- ҷалб намудани занон ба корҳои ҷамъиятии музднок (11,6 ҳазор нафар);

- дастгирии иҷтимоии занон тавассути таъин ва пардохти кумакпулиҳо барои давраи бекорӣ (1,8 ҳазор нафар);

- гузаронидани корҳои машваратию маслиҳатӣ оид ба роҳнамоии касбӣ (8,0 ҳазор нафар).

59. Дар маҷмўъ тавассути амалӣ намудани нишондодҳои Барнома тайи солҳои 2023-2025 160,1 ҳазор зан ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб карда мешаванд.

Мусоидат ба шуғли шаҳрвандон бо воситаи мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва гурўҳи шаҳрвандоне, ки аз ҳисоби квота бо ҷойҳои корӣ таъмин карда мешаванд, мутобиқи замимаи 2 амалӣ карда мешавад.

 

§6. Дастгирии иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта

 

60. Бо назардошти он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои қувваи кории барзиёд аст, муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамчун шуғли бурунмарзӣ боқӣ мемонад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки давоми солҳои охир бар асари паҳншавии бемории сироятии COVID – 19 ва буҳронҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар ҷаҳон раванди муҳоҷират бо сабаби баста шудани сарҳадҳо то дараҷае коҳиш ёфт.

61. Вазъи мавҷудаи ҷаҳон аз он шаҳодат медиҳад, ки эҳтимолияти боз ҳам коҳиш ёфтани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва баргаштани муҳоҷирони меҳнатӣ ба Ватан идома ёбад. Аз ин хотир фароҳамсозии шароит барои бо шугл таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта масъалаи ҳалталаб боқӣ мемонад.

62. Тибқи маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса ба соли 2019 29,6 фоиз коҳиш ёфтааст. Агар дар соли 2019 аз Тоҷикистон 530,9 ҳазор нафар шаҳрвандон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта бошанд, пас ин нишондиҳанда дар соли 2021 373,8 ҳазор нафарро ташкил намуд.

63. Дар доираи Барнома барои мутобиқсозии муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта ба бозори меҳнати дохили кишвар ва бо шуғл таъмин намудани онҳо, тадбирҳои зерин пешбинӣ мегарданд:

- бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта тавассути ҷойҳои кори таъсисшаванда дар соҳаҳои иқтисодиёти кишвар (10,3 ҳазор нафар);

- бо шуғли муваққатӣ ҷалб намудани онҳо тавассути ташкили корҳои ҷамъиятии музднок (3,5 ҳазор нафар);

- фарогирӣ ба тайёрии касбӣ (12,0 ҳазор нафар);

- ҷудо намудани қарзи имтиёзнок ба муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта барои машғул шудан ба соҳибкории инфиродӣ (2,1 ҳазор нафар);

- ба расмият даровардани малакаҳои касбии азхуднамудаи онҳо (4,8 ҳазор нафар);

- расонидани машварати касбӣ ва ҳуқуқӣ.

64. Дар давраи татбиқи Барнома аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба 32,7 ҳазор нафар муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта хизматрасониҳо анҷом дода мешавад.

 

§7. Мутобиқсозии қувваҳои корӣ ба талаботи бозори меҳнат

 

65. Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ муайян шудааст.

66. Саноатикунонии босуръати кишвар тағйири сохтори иқтисодиёт ва мутобиқсозии қувваҳои кориро ба ин тағйирот тақозо менамояд. Дар ин марҳила масъалаи омодасозии қувваҳои корӣ вобаста ба талаботи воқеии бозори меҳнат бо назардошти беҳтар намудани сатҳ ва сифати таълими касбӣ аҳамияти аввалиндараҷаро касб менамояд.

67. Тибқи паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сатҳи касбияти коргарон ҳанўз ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгў набуда, он ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад. Дар ҷараёни ислоҳот бояд масъалаи омӯзиши касбу ҳунарҳои нав тибқи талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ ба инобат гирифта шавад.

68. Бо дарназардошти нақши муҳими мутобиқсозии қувваҳои корӣ ба талаботи воқеии иқтисодиёт дар доираи Барнома тадбирҳои зерин амалӣ мегарданд:

- гузаронидани пурсиши корфармоён ҷиҳати муайянсозии талаботи воқеии онҳо ба кадрҳои коргарӣ ва муайян намудани дурнамои касбҳои коргарӣ барои иқтисодиёти кишвар, бахусус дар соҳаи саноат ва кишоварзӣ;

- васеъ роҳандозӣ намудани механизми таҳсилоти дуалӣ дар зинаи омодасозии кадрҳои коргарӣ барои соҳаҳои иқтисодиёт;

- мустаҳкам ва васеъ намудани заминаҳои моддию техникӣ ва таълимии муассисаҳои таълими касбӣ тавассути ҷалби сармоягузориҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ.

69. Давоми солҳои 2023-2025 дар натиҷаи амалисозии Барнома 60,4 ҳазор шаҳрванди бекор ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта ба омўзиши касбӣ, такмили ихтисос ва бозомўзӣ фаро гирифта мешаванд.

 

§8. Расонидани хизмати машваратӣ ва кумаки молиявӣ ба шаҳрвандони бекоре, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкории хурд доранд

 

70. Беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, инчунин ҷалб намудани сармояи мустақим барои таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар ба ҳисоб меравад.

71. Дар ин раванд нақши рушди соҳибкории хурду миёна дар таъмин намудани суботи иқтисодӣ хеле муҳим буда, инкишофи он барои таъсис додани ҷойҳои нави корӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодиёт ва таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ мусоидат менамояд.

72. Таҳлили сохтори таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт нишон медиҳад, ки 60,0 фоиз ҷойҳои корӣ дар бахши хусусӣ таъсис дода мешаванд ва аз ин хотир дастгирии рушди соҳибкории хурду миёна асоси рушди иқтисодиётро таъмин менамояд.

73. Бо мақсади дастгирии  раванди рушди соҳибкории хурд дар ҷумҳурӣ дар Барнома тадбирҳои зерин пешбинӣ мегарданд:

- дастгирии васеи ҳама намуди соҳибкории хурду миёна (стартапҳо) тавассути ҷудо намудани қарҳои имтиёзнок ба аҳолии бекор;

- ҷалб намудани маблағҳои иловагӣ аз ҳисоби шарикони рушд барои дастгирии рушди соҳибкорӣ миёни ҷавонон ва занон;

- ба роҳ мондани омўзиши васеи асосҳои соҳибкорӣ дар марказҳои таълими касбии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ;

- дастгирӣ ва рушду эҳёи ҳунарҳои мардумӣ тавассути қарзҳои имтиёзнок;

- таҳия ва амалӣ намудани механизми муосири назорат, истифодаи мақсаднок ва таъмини бозгашти маблағҳои барои рушди соҳибкории хурд пешбинишуда.

74. Давоми солҳои 2023-2025 тавассути татбиқи чорабиниҳои пешбинишуда 10,2 ҳазор шаҳрванд ба соҳибкории хурд ҷалб карда мешаванд.

 

§9. Ташкили корҳои ҷамъиятии музднок

 

75. Ташкил ва гузаронидани корҳои ҷамъиятии музднок барои бо шуғли муваққатӣ ҷалб намудани аҳолии бекор тадбири хеле муассир буда, дар фаъолияти якҷояи мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва корфармоён васеъ истифода мешавад.

76. Бо мақсади идома додани сиёсати фаъол дар танзими масъалаи бокортаъминкунии шаҳрвандони бекор ва корҷў тавассути ташкил ва гузаронидани корҳои ҷамъиятии музднок дар доираи Барнома давоми солҳои 2023-2025 20,9 ҳазор шаҳрванди бекор ҷалб мегарданд.

 

§10. Рушди ҳунарҳои мардумӣ

 

77. Бо мақсади дастгирии рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2020, №570 “Дар бораи Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” қабул гардида, мавриди амал қарор дорад.

78. Дар ин замина дар назди муассисаҳои давлатии таълимии низоми Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 47 марказҳои ҳунарҳои миллӣ ва муосир таъсис дода шуда, аз рўи 50 касбу ҳунарҳои мардумӣ омўзиш ба роҳ монда шудааст.

79. Давоми солҳои 2021 ва нимсолаи якуми соли 2022 дар заминаи Марказҳои ҳунарҳои миллӣ ва муосир ва марказҳои таълими касбии калонсолони Тоҷикистон 19,4 ҳазор нафар шаҳрвандон ба омўзиши ин касбу ҳунарҳо ҷалб карда шуданд.

80. Дар доираи Барнома пешбинӣ мегардад, ки дар солҳои 2023-2025 маҷмўан 27,0 ҳазор нафар шаҳрвандон тавассути Марказҳои ҳунарҳои миллӣ ва муосир ва марказҳои таълими касбии калонсолони Тоҷикистон ба омўзиш ва рушди ҳунарҳои мардумӣ тибқи ҷадвали 4 сафарбар карда мешаванд.

 

                                                                                                Ҷадвали 4.

Рт/т

Номгўи чорабинӣ

2023

2024

2025

1

Ба омўзиши ҳунарҳои миллӣ ва муосир ҷалб намудани аҳолӣ (наф.)

8100

9000

9900

 

-тавассути Марказҳои ҳунарҳои миллӣ ва муосир

1500

1600

1700

 

- тавассути Марказҳои таълими касбии калонсолони Тоҷикистон

6600

7400

8200

2

Дастгирии молиявии намудҳои гуногуни ҳунарҳои миллва муосир

1600

1700

1800

 

§11. Дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон ҳангоми бекорӣ

 

81. Бо мақсади дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон зимни ихтисоршавӣ аз корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо тибқи моддаи 169 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Кафолат ва имтиёзҳо барои кормандони аз кор озодшаванда» ва инчунин шаҳрвандоне, ки собиқаи корӣ надоранду ба дастгирии иҷтимоӣ ниёз доранд, дар доираи Барнома таъин ва пардохти кумакпулиҳо барои давраи бекорӣ пешбинӣ шудааст.

82. Дар ин замина давоми солҳои 2023-2025 ба 36,4 ҳазор шаҳрванд, ки тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани чунин кумакпулиҳо ҳуқуқ доранд, барои давраи бекорӣ кумакпулӣ таъйин ва пардохт карда мешавад.

 

§12. Такмили фаъолияти мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ

 

83. Бо дарназардошти вазъи ноустувори сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар ҷаҳон ба масъалаи муътадил нигоҳ доштани вазъ дар бозори меҳнати дохили кишвар ва дар ин замина таъмин намудани суботи иҷтимоию иқтисодӣ диққати аввалиндараҷа дода мешавад.

84. Бо ин мақсад дар доираи Барнома ҷиҳати таҳкими фаъолияти мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ тадбирҳои зерин пешбинӣ мегарданд:

- гузариш ба хизматрасониҳои рақамӣ дар тамоми самтҳои фаъолияти мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ;

- ҷалб намудани сармояҳои иловагӣ барои амалисозии тадбирҳои фаъол дар мусоидат ба шуғли аҳолӣ;

- таъмини истифодаи мақсаднок ва самарабахши маблағҳои пешбинишуда барои амалисозии чорабиниҳои Барнома;

- пайваста баланд бардоштани сатҳи тахассуси касбии кормандони мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва пурзўр намудани иқтидори техникии он;

- такмил додани низоми ҷории ҷамъоварӣ ва коркарди омори давлатӣ ва соҳавии бозори меҳнат.

 

6. НАТИҶАҲОИ ИҶРОИ ЧОРАБИНИҲОИ БАРНОМА

ДАР СОЛҲОИ 2023-2025

 

85. Тавассути амалисозии чорабиниҳои Барнома давоми солҳои 2023-2025 натиҷаҳои зерин ба даст оварда мешаванд:

- дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 707,6 ҳазор ҷойи кории нав таъсис ва барқарор карда мешавад;

- дар ҷойҳои кори холии ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ пешниҳодгашта 210,0 ҳазор корҷў, аз ҷумла тавассути банд намудани ҷойҳои корӣ (квота) 25,5 ҳазор шаҳрванди дар бозори меҳнат осебпазир бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд;

- ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомўзӣ аз рўи касбҳои ба талаботи бозори меҳнат мувофиқ 60,4 ҳазор шаҳрванди бекор, корҷў ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта  фаро гирифта мешаванд;

- ба 36,3 ҳазор шахси бекор барои давраи бекорӣ кумакпулӣ пардохт мегардад;

- малакаҳои касбии 8,5 ҳазор шаҳрванд ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта бо шаҳодатнома тасдиқ карда мешаванд;

- 20,9 ҳазор шаҳрванди бекор ва корҷў ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар мешавад;

- ба 10,2 ҳазор шаҳрванди бекор барои ташкили соҳибкории хурд ва рушди ҳунарҳои мардумӣ қарзҳои имтиёзнок дода мешавад;

- ба 32,7 ҳазор муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта хизматрасонии иҷтимоӣ анҷом дода мешавад;

- 2400 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида мешавад;

- ба 82,3 ҳазор нафар корҷӯён оид ба масъалаҳои шуғл хизматҳои машваратӣ расонида мешавад;

-дар сатҳи ҷумҳурӣ ва минтақаҳо пурсиши корфармоён барои муайян намудани талабот ва пешниҳод ба қувваи корӣ ва муайян намудани дурнамои касбҳои коргарӣ барои иқтисодиёти кишвар, бахусус дар соҳаи саноат ва кишоварзӣ гузаронида мешавад;

- мониторинги ҷараёни амалисозӣ ва натиҷаи чорабиниҳои Барнома дар сатҳи ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ ҷараён мегирад;

- низоми ҷамъоварӣ ва коркарди омори давлатӣ ва соҳавии бозори меҳнат ташаккул меёбад.

86. Дар натиҷаи амалисозии чорабиниҳои Барнома шумораи аҳолии машғули кор дар маҷмўъ 7,1 фоиз афзуда, имконият фароҳам меояд, ки дар ин муддат 461,3 ҳазор шаҳрванд ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб карда шаванд ва тавассути мусоидати бевоситаи мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 210,0 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин карда шаванд.

 

7. АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА ВА НАЗОРАТИ ИҶРОИ ОН

 

87. Маблағгузории чорабиниҳои Барнома аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маблағҳои корфармоён ва ҷалби сармоягузориҳои ватанию хориҷӣ амалӣ мегардад (Замимаи 3).

88. Ҳаҷми умумии буҷети Барнома 131744,5 ҳазор сомониро  ташкил медиҳад, ки аз он:

- 64720,0 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- 53095,5 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ;

- 13929,0 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷетҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маблағҳои корфармоён ва сармоягузории ватанию хориҷӣ  маблағгузорӣ карда мешавад.

89. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати тағйирёбии ғайримунтазираи вазъи бозори меҳнат маблағҳои пешбинишударо аз рўи самтҳо ва чорабиниҳои Барнома қисман аз нав тақсим менамояд.

90. Ҷиҳати амалисозии самараноки Барнома дар буҷети Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол маблағҳо пешбинӣ ва ба нақша гирифта мешаванд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Замимаи 1

Ба Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои солҳои 2023 – 2025

 

Тамоюли тағйирёбии нишондиҳандаҳои

бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар солҳои 2023-2025

 

(ҳаз. нафар)

р/т

 

Нишондиҳандаҳо

Соли

2021

ҳисобот

Пешгўӣ

соли

2023

соли

2024

соли

2025

1

2

3

5

6

7

1.1

Шумораи миёнаи солонаи аҳолӣ  

9801,8

10272,0

10426,0

10666,0

1.2

Захираҳои меҳнатӣ

5653,0

5934,0

6041,0

6150,0

 

 

 

1.3

Қувваи корӣ (Аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол), аз онҳо:

2587,0

2686,4

2753,6

2822,4

Дар иқтисодиёт расман машғулбуда

2534,0

2636,0

2681,0

2729,0

Бекорони дар қайди мақомоти ваколатдори давлатибуда

53,0

55,8

56,6

57,4

 

 

1.4

Аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ  ғайрифаъол

3066,0

3247,5

3287,3

3327,5

Аз онҳо хонандагони қобили меҳнат:

663,0

680,7

685,5

690,3

 

1.5

Захираҳои меҳнатии ба бозори меҳнат воридшаванда, ҳамагӣ:

2772,6

2969,2

3015,6

3060,0

1.5.1

Насли дохилшаванда:

364,0

396,5

406,8

414,8

 

Аз ҳисоби:

-хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ

112,6

119,9

121,8

123,8

-хатмкунандагон бо таҳсилоти умумии асосӣ

154,1

163,4

165,4

167,3

-хатмкунадагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ (рўзона)

11,2

13,7

13,9

14,1

-хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ

20,3

26,3

28,9

30,6

-хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ

31,3

52,1

53,6

54,9

- хизматчиёни аз сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ба эҳтиёт рухсатшуда

17,7

21,0

23,0

24,0

1.5.2

Шахсони аз маҳбас озодшуда

4,4

0,950

0,965

0,980

1.5.3

Коргарони ихтисоршуда

6,25

5,0

6,0

7,0

 

1.5.4

Аҳолии бешуғл (аз ҳисоби аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ ғайрифаъол. ба ғайр аз хонандагони қобили меҳнат)

2403,0

2566789

2601,8

2637,2

 

1.6

Тақсимоти аҳолии қобили меҳнати бешуғл, аз рўи намудҳои гуногуни шуғл, ҳамагӣ:

1050,2

895,6

1154,5

1264,2

 

1.6.1

Мустақилона дар ҷойҳои кории холӣ ва таъсисёфта ба кор таъмин мешаванд,

308,0

309,9

311,7

313,6

 

Тараққӣ додани хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)

167,0

167,9

168,7

169,6

Тараққӣ додани фаъолияти фардӣ ва соҳибкорӣ

141,0

141,9

142,9

143,9

1.6.2

Ба таҳсил машғул мешаванд

350,7

214,7

369,8

376,6

1.6.3

Ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ даъватшудагон

17,7

21,0

23,0

24,0

1.6.4

Ба муҳоҷирати меҳнатии бурунмарзӣ машғул мешаванд

373,7

350,0

450,0

550,0

 

1.7

Бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба шуғл ҷалб карда мешаванд. Ҳамагӣ:

97,9

108,0

115,0

122,0

1.7.1

Бокортаъминкунӣ, аз ҷумла:

70,6

69,0

70,0

71,0

 

- дар ҷойҳои кории холии пешниҳодшуда (вакансия),

60,3

57,4

58,1

58,8

- аз ҳисоби таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ;

3,3

3,4

3,4

3,4

- дар ҷойҳои кории бандшуда (квота);

7,0

8,2

8,5

8,8

1.7.2

Сафарбаркунӣ ба касбомўзӣ дар курсҳои кўтоҳмуддат

21,2

18,8

20,0

21,6

1.7.3

Сафарбаркунӣ ба корҳои ҷамъиятии музднок (мавсимӣ)

6,1

6,3

7,0

7,6

1.8

Аҳолии боқимондаи бешуғли қобили меҳнат

1624,4

1965,6

1746,1

1673,8

1.9

Сатҳи расмии  бекорӣ (бекорон сатри 3, бо %)

2,0

2,1

2,1

2,0

1.10

Сатҳи расмии шуғлнокии захираҳои меҳнатӣ, бо %

44,6

44,4

44,4

44,4

 

 

 

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ