Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи меҳнат, сатҳи зиндагии аҳолӣ, муҳоҷират, бозори меҳнат, шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва ҳунармандӣ анҷом медиҳад.
Вазорат фаъолияти мақомоти дар нақшаи идоракунӣ муайяншуда ва ташкилотҳои системаи худро ҳамоҳанг менамояд.
Вазорат дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.
Вазорат фаъолияти худро дар ҳамкорҳ бо мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо ба роҳ мемонад.
Вазорат дар соҳаи муқарраргардида ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд:
- - лоиҳаҳои қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи меҳнат, муҳоҳират, шуғли аҳолӣ, сатҳи зиндагии аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва ҳунармандӣ, инчунин нақшаи корӣ ва нишондиҳандаҳои дурнаморо оид ба фаъолияти Вазорат таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- - тибқи асосҳо ва ҷиҳати иҷрои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои зеринро дар соҳаҳои муқарраргардидаи фаъолият амалӣ менамояд:
-
- а) дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ:
- - дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор оид ба самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва сатҳи зиндагии аҳолӣ пешниҳодҳо таҳия менамояд;
- - вазъи сатҳи зиндагии аҳолиро меомўзад, таҳлил ва арзёбӣ мекунад;
- - дар асоси ташаккули сиёсат оид ба даромадҳо барои мўътадилӣ ва болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ чорабиниҳо таҳия менамояд;
- - якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор пешниҳодҳоро оид ба андозаи ҳадди ақали музди меҳнат, кўмакпулиҳо ва стипендияҳо омода мекунад;
- - таснифгари умумидавлатии касбҳои коргарон ва мансабҳои кормандонро бо тартиби муқарраргардида таҳия намуда, барои тасдиқ ба мақомоти дахлдор пешниҳод менамояд ва онро пеш мебарад;
- - оид ба такмили системаи пардохти музди меҳнати кормандон дар доираи созишномаҳои тарифӣ ва шартномаҳои коллективӣ пешниҳодҳо таҳия месозад;
- - тарификатсияи корҳо, касбҳо ва вазифаҳоро анҷом медиҳад, заминаи меъёрии ҳуқуқии меъёрбандӣ ва пардохти музди меҳнатро таҳия менамояд;
-
- б) дар соҳаи муҳоҳирати аҳолӣ:
- - оид ба ташаккули сиёсати давлатии муҳоҳирати аҳолӣ барномаҳои дахлдорро таҳия ва корҳоро ҷиҳати татбиқи онҳо ташкил менамояд;
- - дурнамои раванди муҳоҳирати дохилӣ ва хориҷиро меомўзад ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд;
- - фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассиса ва ташкилотҳоро дар соҳаи муҳоҳирати аҳолӣ ҳамоҳанг месозад;
- - фаъолиятро дар самти ҷалб ва сафарбаркунии муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷи ҷумҳурӣ ташкил менамояд;
- - ҷиҳати ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба суљуртаи иҷтимоӣ ва тиббӣ дар хориҷа бо мақомоти дахлдор ҳамкорӣ менамояд;
- - дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият ҳамкориро бо диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ ташкил мекунад;
- - дар доираи салоҳияти худ назорат ва санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро дар самти бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва бо кор таъмин кардани шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд;
-
- в) дар соҳаи бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ:
- - мунтазам вазъи бозори меҳнат ва шуғли аҳолиро таҳлил ва пешгўӣ менамояд ва истифодаи босамари захираҳои меҳнатиро амалӣ менамояд;
- - оид ба таҳия ва татбиқи сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар асоси таҳлил ва дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, вазъи бозори меҳнат пешниҳодҳо омода месозад. Барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва маҳаллии мусоидат ба шуғли аҳолиро таҳия ва назорати татбиқи онҳоро анҷом медиҳад;
- - якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ эҳтиёҷоти умумиро ба ҷойҳои корӣ муайян намуда, бо назардошти дурнамои демографӣ дар таҳияи барномаҳои таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои корӣ дар сатҳи Ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ иштирок менамояд;
- - системаи шаҳодатномакунии малакаҳои касбии дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ бадастомадаро барои шаҳрвандон ташкил менамояд;
- - фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, субъектҳои хоҷагидорро, новобаста аз шакли моликият, дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ ҳамоҳанг сохта, барномаҳои соҳавӣ ва сармоягузории мақсадноки таҳияшавандаро дар қисмати таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои корӣ ташхис менамояд;
- - фаъолияти маблаљгузории хурдро бо мақсади таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди худиштиљолӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;
-
- г) дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон:
- - лоиҳаҳои меъёрҳо ва стандартҳои давлатии системаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолонро таҳия намуда, татбиқ ва назорати риояи онҳоро таъмин менамояд;
- - ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон барои гирифтани таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рўи самтҳои асосии фаъолияти самараноки ҷамъиятӣ мувофиқи номгўи касбу ихтисосҳои таҳсилоти ибтидоии касбии Стандарти давлатии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит муҳайё менамояд;
- - тибқи тартиби муқарраргардида дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор барномаҳою нақшаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолонро таҳия ва тасдиқ менамояд;
- - роҳбарии мутамарказонидашудаи низоми тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомўзии шаҳрвандони бекорро ба роҳ мемонад;
- - барои дастрас будани таҳсилоти ибтидоии касбӣ, мутобиқшавии низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба сатҳ, хусусиятҳои инкишоф ва тарбияи касбии шаҳрвандон чораҳо меандешад;
- - барои қонеъ гардонидани талаботи бозори меҳнат бо кадрҳои ихтисосманди дорои таҳсилоти ибтидоии касбӣ барномаҳои дахлдорро таҳия ва амалӣ менамояд;
- - омўзиш, азнавтайёркунии касбиро тавассути муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон ташкил менамояд;
- - таълими истеҳсолиро дар устохонаҳои таълимию истеҳсолӣ, лабораторияҳо, озмоишгоҳҳои таълимӣ, хоҷагиҳои таълимию таҷрибавии муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, инчунин дар коргоҳҳои корхонаҳо, таълимгоҳҳои онҳо, иншоотҳои сохтмонӣ ва љайра ба роҳ мемонад;
- - таъминоти методӣ ва рушди системаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолонро ташкил менамояд;
- - курсҳои кўтоҳмуддати касбомузӣ, бозомузӣ, такмили ихтисос ва таълимиро оид ба малакаҳои ҳаётӣ ташкил менамояд;
- - барои мустаҳкам намудани заминаҳои моддию таълимии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон бо ҷалби шарикони рушд ва ё сармоягузорони ватанию хориҷӣ чорабиниҳо таҳия ва амалӣ менамояд;
- - мониторинги сифати таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолонро ташкил ва ба роҳ мемонад;
-
- ғ) дар самти ҳунармандӣ:
- - сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳунармандиро амалӣ менамояд;
- - фаъолияти субъектҳои ҳунармандиро ҳамоҳанг месозад;
- - бо субъектҳои дахлдори дохилӣ ва хориҷӣ дар самти ҳунармандӣ ҳамкорӣ ва шарикиро ба роҳ мемонад;
- - лоиҳаҳои барномаҳои давлатӣ оид ба рушди ҳунармандиро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- - оид ба таъсиси ҷоизаҳо дар соҳаи ҳунармандӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд;
- - дар таҳия ва татбиқи барномаҳои минтақавии рушди ҳунармандӣ мусоидат менамояд;
- - феҳристи ҳунармандиро пеш мебарад;
- - якҷо бо мақомоти дахлдор шаклҳои омори баҳисобгирии ҳунармандонро таҳия ва ҷорӣ менамояд;
- -таълим ва омодасозии кадрҳоро дар соҳаи ҳунармандӣ дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таҳсилоти калонсолон ташкил менамояд;
- - фаъолияти мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилотҳоро барои ташкили инфрасохтори муносиби ҳунармандӣ ба ҳунармандон ҳамоҳанг месозад;
- - бо мақсади ташаккули афкори мусбии ҷамъиятӣ барои рушди соҳаи ҳунармандӣ чорабиниҳои иттилоотиро амалӣ менамояд;
- - конференсияҳо, намоиш-ярмаркаҳо ва озмунҳо вобаста ба ҳунармандиро баргузор менамояд;
-
- д) тибқи тартиби муқарраргардида дар муносибатҳои байналмилалӣ вобаста ба соҳаи муқарраргардидаи фаъолият иштирок менамояд.