Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯзҳои қабул
Муовини аввал
Рӯзҳои қабул
Муовини вазир
Рӯзҳои қабул
Муовини вазир
Рӯзҳои қабул
Муовини вазир
Рӯзҳои қабул
Амонзода Ширин Шодӣ - аз ноябри соли 2020 дар мансаби вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.
5 феврали соли 1978 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Миллат тоҷик. Таҳсилот олӣ.
Ихтисос забонҳои англисӣ ва фаронсавӣ, муносибатҳои сиёсии байналмилалӣ ICP.
Фаъолияти меҳнатӣ:
Солҳои 1994-1999 -Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
Солҳои 1999-2002 -ассистенти кафедраи методикаи таълими забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
Солҳои 2000-2003 -аспиранти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
Солҳои 2001-2002 -ҳамзамон масъули коммуникатсионии дафтари Созмони байналмилалии муҳоҷират, шаҳри Душанбе
Солҳои 2002-2004 -котиби масъули коммуникатсионии Дафтари тоҷикистонии Кумитаи Шветсиягӣ оид ба Афғонистон, шаҳри Душанбе
Соли 2002 (05-12) -тарҷумони Комиссариати олии кор бо гурезаҳои Созмони Милали Муттаҳид, шаҳри Душанбе
Солҳои 2005-2006 -лавҳанигор – тарҷумони намоишгоҳи байналмилалӣ (ЭКСПО)-2005 дар шаҳри Айчӣ, Ҷумҳурии Ҷопон
Солҳои 2006-2007 -сармутахассис оид ба Хадамоти протоколии Раёсати сиёсат дар соҳаи савдо, туризм ва фаъолияти биржавӣ, сармутахассиси Раёсати робита бо мамлакатҳои хориҷаи дури Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2007-2008 -мутахассиси пешбари Шуъбаи робита бо мамлакатҳои хориҷаи дури Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2008-2012 -сармутахассси Шуъбаи ҳамкориҳо бо мамлакатҳои хориҷаи дури Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2012-2017 -сармутахассиси Раёсати танзим ва рушди савдои хориҷаи Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2014-2016 -давраи омӯзиши такмили ихтисос дар Донишгоҳи Ритсумейкани Осиё ва Уқёнуси Ороми давлати Ҷопон
Солҳои 2017-2020 -муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Соли 2020 (01-11) -раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз ноябри соли 2020 то ҳоло Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Amonzoda Shirin Shodi - starting from November 2020 has been appointed as the Minister of Labor, Migration and Employment of Population of the Republic of Tajikistan.
Date of birth: February 5, 1978
Place of birth: Tajikistan, Dushanbe. Nationality: Tajik.
Tertiary education in English and French, Master degree in International cooperation Policy.
Work experience:
Раҳмонзода Абдуғафор Азиз - аз апрели соли 2020 дар мансаби муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.
29 марти соли 1961 дар шаҳри ш.Кӯлоб таваллуд шудааст. Миллат тоҷик. Таҳсилот олӣ.
Ихтисос инженер -заминсоз, молия ва қарз.
Фаъолияти меҳнатӣ:
Солҳои 1978-1983 -таҳсил дар Донишкадаи инженерҳои ирригатсия ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи шаҳри Тошкент
Солҳои 1983-1984 -иқтисодчии Раёсати хоҷагии қишлоқи вилояти Кулоб
Солҳои 1984-1986 -котиби Комитети комсомолии колхози Жданови шаҳри Кӯлоб
Солҳои 1986-1987 -инструктор, мудири шуъбаи ташкилотҳои комсомолии Кумитаи комсомоли шаҳри Кӯлоб
Солҳои 1987-1988 -инструктори Кумитаи комсомолии вилояти Брести Ҷумҳурии Белоруссия
Соли 1988 (05-08) -мудири кабинети комсомолии Кумитаи комсомоли вилояти Кӯлоб
Соли 1988 (05-08) -инструктори шуъбаи ташкилии Кумитаи партиявии шаҳри Кӯлоб
Солҳои 1988-1992 -котиби якуми Кумитаи комсомолии шаҳри Кӯлоб
Солҳои 1992-1993 -раиси иттифоқи ҷавонони шаҳри Кӯлоб
Солҳои 1993-1994 -мудири бахши аграрии Корпоратсияи истеҳсолии «Кӯлоб»
Солҳои 1994-1996 -директори корхонаи муштараки «Тоҷикистон-Амрико»
Солҳои 1996-1997 -мутахассиси пешбари Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 1997-2001 -сардори шуъбаи инвеститсияҳои хориҷии Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2001-2005 -сардори шуъбаи инвеститсияҳои хориҷии Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2005-2006 -муовини вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2006-2009 -муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2009-2010 -муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2010-2012 -муовини раиси вилояти Хатлон
Солҳои 2012-2015 -раиси шаҳри Кӯлоб
Солҳои 2015-2020 -вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз апрели соли 2020 то ҳоло -муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло
*аз январи соли 2014 дар мансаби муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад
*Санаи таваллуд -22 октябри соли 1976
*Ҷои таваллуд –Ҷумҳурии Тоҷикистон
*Миллат- тоҷик
*Таҳсилот -олӣ
*соли 2001 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва соли 2018 Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро хатм кардааст.
*Ихтисос - ҳуқуқшинос, аудити давлатӣ
*Унвони илмӣ- номзади илмҳои ҳуқуқ
*Забонҳои хориҷӣ- русӣ, англисӣ
*Мукофотҳои давлатӣ - соли 2016 бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз шудааст.
*Вазъи оилавӣ- оиладор, соҳиби 5 фарзанд
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1995-1996- Котиби Суд дар Суди ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе
Солҳои 2001-2004- Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳуқуқи идораи таъминоти ташкилию ҳуқуқии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳуии Тоҷикистон
Солҳои 2004-2008- Сардори шуъбаи ҳуқуқи идораи таъминоти ташкилию ҳуқуқии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2008-2009- Сардори Раёсати ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2009-2010- Сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2010-2014- Директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2012 -2014- Узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар яквақт)
аз январи соли 2014 то ҳоло- Муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нодирӣ Шаҳноза Анвар (16.06.1973) - аз июни соли 2020 дар мансаби муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. 16 июни соли 1973 дар ш.Душанбе таваллуд шудааст. Миллат тоҷик. Таҳсилот олӣ.
Ихтисос ҳуқуқшинос.
Фаъолияти меҳнатӣ:
Солҳои 1990-1995 -донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон
Солҳои 1995-1997 -мушовири шуъбаи робитаҳои байналхалқию ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 1997-2000 -мутахассиси пешбар, сардори шуъбаи робитаҳои байналхалқию ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2000-2004 -сардори Раёсати равобити байналхалқию ҳуқуқӣ ва ҳифзи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2004-2006 -муовини раиси Кумитаи идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2007-2008 -сардори Раёсати равобити байналмилалии ҳуқуқӣ ва ҳифзи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2008-2009 -сардори Сарраёсати равобити байналмилалии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2009-2020 -муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз июни соли 2020 то ҳоло -муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ализода Алишер Ҳиматуло - аз июни соли 2020 дар мансаби муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. 07 ноябри соли 1983 дар н. Балҷувон таваллуд шудааст. Миллат тоҷик. Таҳсилот олӣ.
Ихтисос технология ва соҳибкорӣ.
Фаъолияти меҳнатӣ:
Солҳои 1999-2001 -мудири шуъбаи кадрҳои хоҷагии ёрирасони «Автомобилист-2»-и ноҳияи Балҷувон
Солҳои 2001-2006 -донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
Солҳои 2006-2009 -ассистенти кафедраи «Соҳибкорӣ ва иқтисодиёт»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
Солҳои 2009-2010 -ҷонишини декан оид ба корҳои таълими факултети технологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
Солҳои 2010-2011 -ҷонишини декан оид ба корҳои таълим, эдвайзери факултети технология ва соҳибкории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
Солҳои 2011-2013 -муаллими калони кафедраи «Механикаи техникӣ ва нақшакашӣ»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
Солҳои 2013-2015 -н.и.п. Муаллими калони кафедраи «Механикаи техникӣ ва нақшакашӣ»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
Солҳои 2015-2017 -дотсенти кафедраи «Механикаи технологӣ ва амалӣ»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
Солҳои 2017-2018 -мудири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
Солҳои 2018-2020 -директори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз июни соли 2020 то ҳоло -муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон