Вазорат дар заминаи 25 санади байналмилалӣ бо 12 давлати хориҷӣ ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда шудаанд.
Бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ дар соли 2021 дар доираи ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, Созмони Байналмилалӣ оид ба Муҳоҷират, Бонки Осиёии Рушд, Бонки ҷахонӣ ва Иттиҳоди Аврупо ва дигар институтҳои молиявии ҷаҳонӣ татбиқи як қатор лоиҳаҳо идома дода шуд. Айни замон роҳандозии 3 лоиҳа оғоз гардид, ки маблағи умумии онҳо тақрибан 485 млн. сомониро (43 млн. доллари ИМА) ташкил медиҳад.
Аз ҷумла, дар доираи лоиҳаи Бонки Осиёии Рушд “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” дар 6 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сохтмони Марказҳои рушди малакаҳо ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон оғоз меёбад.
Инчунин, бо мақсади аҳамияти тавсеаи шуғли фосилавӣ дар шароити муосир барои Тоҷикистон, ки ба рушди малакаҳо ва бокортаъминкунии ҷавонон муосидат мекунад, вазорат бо Хазинаи кудакони СММ (ЮНИСЕФ) лоиҳаи “Модели фосилавии шуғли ҷавонони осебпазир дар Тоҷикистон” – ро татбиқ намуда истодааст. Бо назардошти таҷриби мусбии татбиқи он, модели мазкур бо дастгирии шарикони рушд ва донорҳо дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тавсеа дода мешавад.