- аз соли 2020 оғоз шуда, дарозмуддат мебошад
Ба шуғл фаро гирифтани наврасон ва ҷавонони гурӯҳи осебпазири берун аз таҳсил, шуғл ва омӯзиш қарордошта, тавонмандсозии ҷавонон тавассути таъмини ҷойҳои кории нав бо истифода аз таҷрибаи намунавии глобалӣ, технологияҳои муосир ва иқтисоди виртуалию рақамӣ.
- Декабри 2019-июни 2022, ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ш. Ваҳдат – 3 ҷамоат, Норак, Ёвон,А. Ҷомӣ
Омодасозии ҷавонони 19-35 сола ба таълим ва малакаҳои касбӣ бо мақсади осон кардани гузариш аз мактаб ба кор ва беҳтар намудани имкониятҳои дастрас барои ҷавонон ва беҳтарсозии имкониятҳои кории ҷавонон, омодагӣ ва тасмимгирии асоснок бораи ояндаи онҳо
- 2019- 2021 Ноҳияи Шахритус Бинобар шароити пандемия то охири соли 2022 тамдид карда шуд
Мутобиқсозӣ ва баланд бардоштани иқтидор ва маълумотнокии мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои ҳалли масъалаҳои муҳоҷират гендер, тағйири иқлим ва кишоварзӣ дар Тоҷикистон тариқи гузаронидани тадқиқотҳо оид ба интегратсияи муҳоҷират
- аз моҳи августи соли 2021 дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон оғоз гардид
Фаъолияти лоиҳаи мазкур барои беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии оилаҳои мондашудаи муҳоҷирони меҳнатӣ, баланд бардоштани устувории иқтисодии онҳо, бартараф намудани монеаҳои гендерӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои занон ва кӯдакони мондашудаи муҳоҷирони меҳнатӣ равона шудааст.
- Январи 2021 -сентябри 2026
Самтҳои асосии фаъолияти лоиҳа таъмини дастгирии фарогир ва мақсадноки муҳоҷират, васеъ намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи шуғл ва баланд бардоштани аҳамияти онҳо, тақвияти банақшагирӣ ва идоракунии хизматрасониҳо дар соҳаи муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мебошад. Ҳадафи асосии лоиҳа ба васеъ намудани шуғли самаранок мутобиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 равона гардида, натиҷаи ниҳоии лоиҳа ба беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавии ҷавонон, занон ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар бозори меҳнати дохилӣ ва берунӣ нигаронида шудааст.
Боргирӣ "Таджикистан: Усиление профессионально-технического образования и обучения"
Боргирӣ "Tajikistan: Strengthening Technical and Vocational Education and Training"
- июли соли 2020 – июли соли 2025
Мақсади асосии лоиҳа мусоидат кардан ҷиҳати иштироки фаъоли аҳолӣ дар худидоракунии маҳаллӣ баҳри беҳтар намудани сифати инфрасохтори маҳаллӣ дар ҷамоатҳои мақсаднок, васеъ намудани доираи имкониятҳо ва сарчашмаҳои воситаҳо барои зиндагии ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои мақсадноки вилояти Хатон ва ВМКБ мебошад.
Лоиҳа аз се қисм иборат буда, дар доираи зерқисми 1C-и он таъмир, сохтмон ва муҷҷаҳазгардони 12 иншооти муассисаҳои таълимии системаи вазорат дар дар ноҳияҳои мақсаднок (шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Фархор, Панҷи вилояти Хатлон, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон, Ишкошим ва Рӯшони ВМКБ ба нақша гирифта шуда, пойдории муассисаҳо дар ваколати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
- августи соли 2020 - марти соли 2022
Татбиқи лоиҳаи минтақавӣ аз моҳи августи соли 2017 дар кишварҳои Афғонистон, Ироқ, Эрон, Бангладеш, Покистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз шудааст.
Мақсади татбиқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани Маркази захираҳои муҳоҷират дар шаҳри Душанбе (Migrant Recourse Centre) буда, 25 сентябри соли 2020 дар доираи Ёддошти тафоҳум байни Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират (ICMPD) ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таркиби яке аз муассисаҳои вазорат бе мақоми шахси ҳуқуқӣ таъсис дода шуда, тамоми маблағгузорӣ, аз ҷумла таъмиру тармими бино, таҷҳизот, музди меҳнати кормандон ва дигар лавозимоти зарурӣ аз ҳисоби ICMPD таъмин карда мешавад.
- июни соли 2021- июни соли 2023
Мақсади лоиҳа беҳтар намудани вазъи муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта ва ба шуғл фаро гирифтани онҳо буда, татбиқи он дар ш.Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳур ва вилоятҳои Суғду Хатлон амалӣ мегардад
- январи соли 2021 - июни соли 2023
Ҳадафи лоиҳа мустаҳкам намудани некӯаҳволии аҳолии бешуғл, аз ҷумла занон ва мардони осебпазир, ҷавонон, муҳоҷирони бозгашта ва устувории аҳолӣ тавассути кам намудани таъсири COVID-19 ва таҳкими ягонаи иҷтимоӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии водии Фарғона мебошад.
Лоиҳаи мазкур дар доираи Ёддошти тафоҳуми ҳамкории сеҷониба байни вазоратҳои нақлиёт, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд оид ба баробарии гендерӣ ва таҳкими зарфияти иқтисодии занон дар соҳаи нақлиёт аз 8 нобяри соли 2019 татбиқ гардида истодааст. Яке аз вазифаи асосии лоиҳа таъмини баробарии гендерӣ дар нақлиёт ва қонунгузории меҳнат, дастгирии занон барои дастрасӣ ба таҳсилоти касбӣ, бокортаъминкунӣ ва соҳибкорӣ дар соҳаи нақлиёт мебошад.
Лоиҳа се ҳадаф ибора аст:
1. Баланд бардоштани тавонмандии иқтисодии занон - васеъ намудани дастрасӣ ба имкониятҳои иқтисодӣ дар маҳал, ки нуқтаҳои дастрасии кам доранд ё тамоман надоранд;
2. Пешбурди хариди фарогир: лоиҳа маҷмуи барномаи харидро барои пешбурди имкониятҳои баробарии шуғл ва баробарии гендерӣ дар сохтмон ва таъмири роҳҳо дар бар мегирад;
3. Таъсиси системаи фарогири нақлиёт: лоиҳа тарҳрезӣ ва роҳандозии Стратегияи нақлиёти фарогирро дар бар гирифта, баробарии гендерӣ ва ҷанбаҳои фарогири иҷтимоию иқтисодиро дар амалиётҳои нақлиёт, сиёсат ва сармоягузорӣ муттаҳид месозад.
Инчунин, вазорат бо истифода аз неруи кадрӣ ва базаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, марказҳои таълими калонсолон ва сохторҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шоҳроҳи Обигарм-Нуробод (шаҳрҳои Ваҳдат, Роғун, ноҳияҳои Файзобод ва Нуробод) ҷиҳати ба касбомӯзӣ фаро гирифтани занон ва бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо дар амалисозии лоҳаи мазкур мусоидат менамояд.
-- лоиҳаи мазкур дар асоси Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии
«TajRupt» аз 25 январи соли 2022 амалӣ гардид.
Мақсади лоиҳа ҳамкорӣ дар рушди самтҳои шуғл, таълимоти касбӣ, интихоби касб бо истифода аз зеҳни сунъӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, рушди салоҳиятҳои хонандагон ва кормандони соҳаҳои меҳнат ва таҳсилоти касбӣ дар самти технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ буда, самтҳои зеринро дар бар мегирад:
- ташкил намудани чорабинӣ, машаварат, семинар ва тренингҳо бо мақсади такмили ихтисоси кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои дахлдори вазорат дар самти технологияҳои зеҳни сунъӣ ва ҳамкорӣ дар тартиб додани маводҳои таълимӣ бо истифода аз зеҳни сунъӣ;
- гузаронидани машварат, семинар, тренинг ва дигар чорабиниҳо бо касбомӯзони муассисаҳои таълимии системаи вазорат бо мақсади санҷиш ва ҷорӣ намудани маҳсулотҳои зеҳни сунъӣ дар самтҳои таҳсилоти касбӣ, интихоби касб, бозори меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират;
- гузаронидани чорабиниҳо бо мақсади санҷиш, омӯзонидан ва ҷорӣ намудани маводҳои таълимӣ дар самти Роҳнамоии касбӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ.
-- Ҳадафи лоиҳа дар дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳои камбизоат ва осебпазир, мусоидат ба фарогирии иқтисодӣ ва пешравии низоми ҳифзи иҷтимоӣ мебошад.