ЭЪЛОН: МУСОҲИБАИ МУСТАҚИМ БО НАМОЯНДАГОНИ КОРФАРМОИ ДАВЛАТИ БАҲРАЙН
Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони хоҳишманди кор дар хориҷи кишвар мерасонад, ки намояндагони ширкати холдингии «Sevens Holding W.L.L.» ва меҳмонхонаи панҷситорадори «Royal Saray Resort»-и Давлати Баҳрайн бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе ташриф меоранд.