img
ЭЪЛОН: МУСОҲИБАИ МУСТАҚИМ БО НАМОЯНДАГОНИ КОРФАРМОИ ДАВЛАТИ БАҲРАЙН

 

 

Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони хоҳишманди кор дар хориҷи кишвар мерасонад, ки намояндагони ширкати холдингии «Sevens Holding W.L.L.» ва меҳмонхонаи панҷситорадори «Royal Saray Resort»-и Давлати Баҳрайн бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе ташриф меоранд.

 

Дар доираи ин сафар мусоҳибаи мустақим (рӯ ба рӯ) бо намояндагони корфармо барои интихоби номзадҳо баргузор карда мешавад.

 

Сана ва макони баргузории мусоҳиба

Сана: 7 июли соли 2026

Вақт: соати 10:00

Макон: Бинои дастгоҳи марказии Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»

Вакансияҳои пешниҳодшаванда

•        Пешхизмат (Waiter/Waitress) – 10 ҷойи корӣ

Маош: 200–250 BHD (тақрибан 530–663 доллари ИМА);

•        Hostess – 5 ҷойи корӣ

Маош: 250–300 BHD (тақрибан 663–795 доллари ИМА);

•        Room Attendant (корманди тозакории меҳмонхона) – 6 ҷойи корӣ

Маош: 180–220 BHD (тақрибан 477–583 доллари ИМА);

•        Guest Relation Agent (мутахассиси кор бо меҳмонон) – 4 ҷойи корӣ

Маош: 300–350 BHD (тақрибан 795–928 доллари ИМА);

•        Bartender – 2 ҷойи корӣ

Маош: 300–350 BHD (тақрибан 795–928 доллари ИМА).

Талабот ба довталабон

•        донистани забони англисӣ дар сатҳи муоширати озод (мусоҳиба пурра бо забони англисӣ баргузор мегардад);

•        доштани таҷрибаи корӣ дар соҳаи меҳмондорӣ ва хизматрасонӣ (Hospitality) бартарӣ маҳсуб меёбад;

•        доштани фарҳанги баланди муошират, одоби касбӣ ва намуди зоҳирии мувофиқ.

 

Шароити кор

Ҳамаи хароҷоти асосӣ аз ҷониби корфармо таъмин карда мешаванд, аз ҷумла:

•        ҷойи истиқомат;

•        нақлиёт;

•        суғуртаи тиббӣ;

•        раводиди корӣ (Employment Visa);

•        чиптаи ҳавопаймо;

•        хӯроки ройгон ҳангоми кор;

•        реҷаи корӣ — 8 соат дар як рӯз, 6 рӯзи корӣ дар як ҳафта.

 

Тартиби иштирок

Довталабон бояд тарҷумаи ҳоли худро (CV) ба забони англисӣ тавассути WhatsApp ба яке аз рақамҳои зерин ирсол намоянд.

 

Номзадҳое, ки барои мусоҳиба даъват мешаванд, вазифадоранд ҳангоми ҳозир шудан нусхаи чопшудаи CV-и худро ба забони англисӣ ҳамроҳ дошта бошанд.

Маълумот барои тамос ва бақайдгирӣ

Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»

Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ, 80 (наздикии «Пивзавод»)

Телефонҳо: 221-39-67, 221-39-83

WhatsApp:

+992 55 555 1080

+992 987 906 666

+992 91 576 7743

+992 930 934 994

Намояндагиҳои Агентӣ дар минтақаҳо:

•        вилояти Суғд: +992 92 777 0909;

•        вилояти Хатлон: +992 905 800 063, +992 93 487 8828;

•        Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон: +992 935 101 439.

Эзоҳ: Ҳамаи хизматрасониҳои машваратӣ ва миёнаравии Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» барои шаҳрвандон ройгон мебошанд.

Аз шаҳрвандони хоҳишманд даъват ба амал оварда мешавад, ки аз ин имконияти мусоиди кор дар яке аз ширкатҳои бонуфузи Давлати Баҳрайн истифода намуда, дар мусоҳибаи мустақим бо корфармо иштирок намоянд.

 

02.07.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ