МУЛОҚОТИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ШАРИФ НОРЗОДА БО РАИСИ КОМИССИЯИ ДУМАИ ДАВЛАТИИ МАҶЛИСИ ФЕДЕРАЛИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ ВИКТОР ПИНСКИЙ
https://www.facebook.com/share/p/1Z1QAw3hzQ/
Санаи 30 июни соли ҷорӣ бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба баргузор гардиданд. Зимни мулоқоти муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Норзода бо раиси Комиссияи Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия оид ба Низомнома ва таъмини фаъолияти Думаи давлатӣ, дабири кулли Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба (ВКП) Виктор Пинский масъалаҳо оид ба марҳила ба марҳила ташаккул додани бозори умумии меҳнат ва танзими муҳоҷирати қувваи корӣ миёни давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баррасӣ гардиданд.
Дар мулоқоти мазкур ҳамчунин раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон (ФИКМТ) Қарахон Чиллазода, муовини дабири кулли ВКП Маргарита Усова, муовини раиси ФИКМТ Исмоил Файзизода ва раиси комиссияи тафтишотии ФИКМТ Дилмурод Давлатзода иштирок намуданд.
Виктор Пинский изҳор намуд, ки «Кишварҳои Иттиҳод бо ҳам аз ҷиҳати ҳудудӣ ва таърихӣ робитаи зич доранд, мо дорои як фазои муштараки забонӣ ва иқтисоди ба ҳам амиқ ҳамгирошуда ҳастем. Аз ин рӯ, барои мо муҳим аст, ки ташаккули қоидаҳои ягона ва равшани танзимкунандаи бозори меҳнат ва муҳоҷирати меҳнатиро идома диҳем, зеро ҷараёни муҳоҷирати меҳнатӣ дар кишварҳои ИДМ минбаъд низ афзоиш хоҳад ёфт».
Ин мулоқот дар доираи сафари ҳайати Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба ба Тоҷикистон баргузор гардида, дар доираи барномаи сафар инчунин ҷаласаи Шурои Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ки дар он роҳбарони ҳафт маркази миллии иттифоқҳои касабаи кишварҳои ИДМ, намояндагони 20 иттиҳодияи байналмилалии соҳавии иттифоқҳои касаба, ки ба ҳайати Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба шомиланд, инчунин ҳайати Маркази миллии иттифоқҳои касабаи Туркманистон иштирок хоҳанд кард. Намояндагони Туркманистон бори аввал дар чорабиниҳои Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба ширкат меварзанд.