img
ОМӮЗИШИ ИДОРАВӢ ДАР МАВЗУИ “ТАРТИБИ АМАЛИСОЗИИ РЕҶАИ МАХСУСИ ТАНЗИМӢ ОИД БА ЛОИҲАИ ОМӮЗИШӢ ДАР САМТИ АНДОЗБАНДИИ СОҲИБКОРОНИ ИНФИРОДӢ”

ОМӮЗИШИ ИДОРАВӢ ДАР МАВЗУИ “ТАРТИБИ АМАЛИСОЗИИ РЕҶАИ МАХСУСИ ТАНЗИМӢ ОИД БА ЛОИҲАИ ОМӮЗИШӢ ДАР САМТИ АНДОЗБАНДИИ СОҲИБКОРОНИ ИНФИРОДӢ”

 

https://www.facebook.com/share/p/18zx6G53Q9/ 

 

Санаи 2 июли соли 2026 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба “Тартиби амалисозии реҷаи махсуси танзимӣ оид ба лоиҳаи омӯзишӣ дар самти андозбандии соҳибкорони инфиродӣ” бо иштироки муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ашурализода Абдурањмон Ашуралї ва дар ҳузури ҳайати васеи кормандони вазорат омӯзиши идоравӣ баргузор гардид.

 

Дар омӯзиши идоравӣ намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматуллозода Ёқубҷонн ва Ҳисайнов Шоҳруххон, намояндагони Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Иброҳим ва Фирдавс Фозилов ва намоянда аз Бонки миллии Тоҷикистон Умаралиев Ҳусниддин бо маърузаҳои худ баромад намуданд.

 

Маърузачиён қайд намуданд, ки мақсади асосии лоиҳа ин автоматикунонии ҳисоб ва пардохти андоз, шаффофияти амалиётҳо, ҳавасмандсозии пардохтҳои ғайринақдӣ, васеъ намудани манбаи андоз мебошад. Ин тартиб танҳо ба шахсоне дахл дорад, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд. Барои соҳибкорони иштирокчии ин лоиҳа меъёри андоз аз 6% то 3% паст карда шуда, пешниҳоди ҳисоботҳои мураккаб бекор карда мешавад. Система андозҳоро ба таври худкор ҳисоб мекунад.

 

Дар фарҷоми омӯзиш саволу ҷавоб байни кормандони вазорат ва намояндагон доир гардид.

04.07.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ