img
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – РОҲИ ПУРШАРАФИ ДАВЛАТСОЗӢ, ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА РУШДИ УСТУВОР

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – РОҲИ ПУРШАРАФИ ДАВЛАТСОЗӢ, ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА РУШДИ УСТУВОР

 

Истиқлолият – рамзи соҳибдавлатӣ, асоси бақои миллат ва кафолати рушди устувори давлат мебошад. Барои миллати тоҷик истиқлол танҳо як санаи таърихӣ нест, балки оғози марҳилаи нави давлатдорӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.

 

Имсол мардуми Тоҷикистон бо эҳсоси баланди ифтихор аз давлатдорӣ 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Дар тӯли ин солҳои пурифтихор кишвари мо роҳи душвору пурпечутоб, вале пур аз дастовардҳои назаррасро тай намуд. Аз давлати навистиқлоле, ки дар оғози соҳибихтиёрӣ бо мушкилоти зиёди сиёсиву иқтисодӣ рӯ ба рӯ буд, Тоҷикистон имрӯз ба кишвари соҳибсулҳ, орому босубот ва рӯ ба рушд табдил ёфтааст.

 

Истиқлолият – ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик.

 

Дар тӯли таърих халқи тоҷик барои ҳифзи давлатдорӣ, забон, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ мубориза бурдааст. Баъди ҳазорсолаҳо тоҷикон тавонистанд соҳиби давлати мустақили худ гарданд. 9 сентябри соли 1991 бо қабули Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ормони деринаи миллат амалӣ гардид.

 

Истиқлолият барои Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки мустақилона роҳи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии худро интихоб намояд, муносибатҳои хориҷиро ба роҳ монад ва ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ фаъолият кунад. Аммо соҳиб шудан ба истиқлолият танҳо оғози роҳи бузурги давлатсозӣ буд. Дар назди давлат вазифаҳои муҳиме қарор гирифтанд: таҳкими ҳокимияти давлатӣ, қабули Конститутсия, таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, ташкили иқтисоди миллӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум.

 

Солҳои душвори аввали истиқлолият.

 

Мутаассифона, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистон бо вазъи бисёр мушкили сиёсиву иқтисодӣ оғоз гардиданд. Низоъҳои дохилӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисоди миллӣ, иҷтимоиёт ва зиндагии мардум зарари калон расониданд. Садҳо ҳазор нафар маҷбур шуданд ҷойи зисти худро тарк намоянд, даҳҳо ҳазор шаҳрванд ҷони худро аз даст доданд ва ҳазорҳо иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ хароб гардиданд. Бо вуҷуди ин, халқи тоҷик ба ояндаи неки давлат боварии худро аз даст надод. Иродаи қавии мардум ва талошҳои пайгиронаи роҳбарияти олии мамлакат замина фароҳам оварданд, ки сулҳу субот барқарор гардад. Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 оғози марҳилаи нави рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид.

 

Ваҳдати миллӣ – пояи асосии рушди Тоҷикистон.

 

Баъди барқарор шудани сулҳ дар мамлакат имконияти воқеӣ барои рушди иқтисодиёт, эҳёи давлатдорӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум фароҳам омад. Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун яке аз намунаҳои муваффақи ҳалли низоъ тавассути гуфтушунид дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шудааст. Ваҳдати миллӣ бузургтарин сарвати миллат мебошад. Маҳз ваҳдат имкон дод, ки шаҳрвандони кишвар бо меҳнати содиқона ба корҳои созандагӣ машғул гардида, ҳазорон иншооти иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва фарҳангӣ бунёд намоянд.

 

Бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ

 

Дар солҳои истиқлолият асосҳои давлатдории миллӣ тадриҷан мустаҳкам гардиданд. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овард.

 

Дар баробари ин Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ҳамчун рамзҳои муқаддаси соҳибистиқлолӣ мавқеи хоса пайдо карданд. Имрӯз эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ яке аз нишонаҳои муҳими ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ба шумор меравад. Дар давоми 35 соли истиқлолият фаъолияти мақомоти давлатӣ такмил ёфта, низоми идоракунӣ мутобиқ ба талаботи замони муосир рушд намуд. Ислоҳоти ҳуқуқӣ, такмили қонунгузорӣ ва таҳкими волоияти қонун барои рушди минбаъдаи давлат мусоидат намуданд.

 

Ҳадафҳои стратегии рушди кишвар

 

Бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда ва талаботи замони муосир Тоҷикистон ҳадафҳои стратегии рушди худро муайян намуд. Ин ҳадафҳо барои таъмини зиндагии шоистаи мардум, рушди иқтисоди миллӣ ва таҳкими амнияти давлат равона гардидаанд.

 

Дар доираи амалисозии ин ҳадафҳо садҳо лоиҳаи сармоягузорӣ татбиқ гардида, инфрасохтори иқтисодию иҷтимоии мамлакат густариш ёфт.  Бунёди роҳҳо, нақбҳо, пулҳо, неругоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ симои Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба куллӣ дигаргун намуд.

 

 

Раҳимов Ҳабибулло

 

Муовини сардори раёсат - сардори шуьбаи кадрҳо ва корҳои махсуси

Раёсати ҳуқуқ ва сиесати кадрҳои

Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли ахолӣ

06.07.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ