Сардори раёсати котибот
Рӯзҳои қабул
Сардори раёсати муносибаҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ
Рӯзҳои қабул
Сардори раёсати муҳоҷирати аҳолӣ
Рӯзҳои қабул
Сардори раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ
Рӯзҳои қабул
Сардори раёсати молия, таҳлил ва дурнамо
Рӯзҳои қабул
Сардори раёсати робитаҳои байналмилалӣ
Рӯзҳои қабул
Сардори раёсати баҳисобгирии муҳосибӣ
Рӯзҳои қабул
Раёсати котибот аз 2 шуъба – шуъбаи коргузорӣ ва назорат ва шуъбаи ташкилӣ ва матбуот иборат аст.
Раёсат дар доираи масъалаҳои ба салоҳияти он вогузоргардида вазифаҳои асосии зеринро амалӣ менамояд:
а) дар самти коргузорӣ:
- ташкили дурусти коргузорӣ дар дастгоҳи марказии вазорат;
- бақайдгирии ҳуҷҷатҳои воридотӣ ва содиротӣ ва ба масъулин тақсим намудани ҳуҷҷатҳои воридотӣ ҷиҳати таъмини иҷро вобаста ба мансубият;
- ташкили корҳо оид ба қабули шаҳрвандон вобаста ба масъалаҳои шахсӣ аз тарафи роҳбарияти Вазорат, кор бо мактубҳо;
- бурдани назорат аз рӯи риояи муҳлати иҷрои саривақтии ҳуҷҷатҳо ва ирсоли маълумот ва ҷавобҳо ба аризадиҳандагон ва ташкилоту муассисаҳое, ки аз онҳо мактуб ворид гаштааст;
- омода намудани муросилоти дохилшуда барои пешниҳод ба Вазир;
- сари вақт шинос намудани кормандони дастгоҳи марказии Вазорат ва зерсохторҳои он бо ҳуҷҷатҳо ва дигар супоришҳои Вазорат;
- бақайдгирии барқияву факсограммаҳо;
- дар муҳлатҳои муайяншуда ба бойгонии Вазорат супоридани ҳуҷҷатҳо, ба гурӯҳҳо ҷудо намудани онҳо ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои иҷрошуда дар парвандаҳо;
б) дар самти назорат:
Таъмини риояи талаботи Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, муассиса, корхона ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2017, №358 ва Дастурамали коргузорӣ дар дастгоҳи марказии Вазорат дар самти интизоми иҷроия ва назорат вобаста ба муҳтавои супориш ва муҳлати иҷрои ҳуҷҷатҳои зерин:
- амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- иҷро ва пешниҳоди лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (оид ба хулоса ба лоиҳаи қонунҳо);
- супориши Сарвазир ва муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Нақшаи чорабиниҳои Ҳукуматӣ;
- нусха аз Протоколҳои маҷлиси Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- протоколҳои машваратҳои назди Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ;
- нақшаи чорабиниҳо, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд (нимсола) солона;
- нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- қарору протоколҳои маҷлисҳои Ҳайати мушовараи вазорат
- фармоишҳои вазир
в) дар самти ташкилӣ:
- ҳамоҳангсозии фаъолияти воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои таркибии вазорат ҷиҳати дар муҳлати муқарраршуда вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда дар маҷлисҳои ҳайати мушовараи моҳона ва ҷамъбастӣ пешниҳод намудани мавод ва пешниҳоди масъала ба баррасии маҷлиси Ҳайати мушовара;
- таҳияи лоиҳаи Нақшаи кори Вазорат барои нимсолаҳои якум ва дуюм ва пешниҳоди он ба баррасии маҷлиси Ҳайати мушовара;
- омода намудани пешниҳодҳои Вазорат барои ворид намудан ба лоиҳаи Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаҳои якум ва дуюм;
- омодагӣ, даъват ва гузаронидани ҷаласаҳои Ҳайати мушовараи Вазорат;
- дар якҷоягӣ бо ҳайати котиботи маҷлис таҳияи протоколҳои маҷлисҳои Ҳайати мушовара такмили қарорҳои қабулгардида;
- таҳияи протоколҳои маҷлисҳои назоратии назди Вазир омода намудани мавод барои маҷлисҳои навбатӣ;
- ба қайд гирифтани қарорҳои маҷлиси Ҳайати мушовара ва фармоишҳои Вазорат;
- дар муҳлатҳои муқаррашуда баргузор намудани ҷаласаҳои Комиссия оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар дастгоҳи марказии Вазорат;
г) дар самти матубот:
- тарғибу ташвиқи фаъолияти Вазорат ва сохторҳои онро тавассути васоити ахбори омма;
- таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2009, №622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии ВАО»-ро;
- ҳар нимсола баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ оид ба фаъолияти Вазорат;
- баргузор намудани маҷлисҳои тантанавӣ бахшида ба иду ҷашнҳо омода намудани матни сухани табрикотии роҳбарияти вазорат ва номаҳои табрикотӣ;
- ҳамкорӣ бо васоити ахбори омма ва сомонаҳо ҷиҳати инъикоси фаъолияти вазорат ва сохторҳои он дар самти меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон;
- фаъол нигоҳ доштани сомонаи вазорат, сари вақт ҷой додани хабару гузоришҳо дар бораи чорабиниҳои баргузоргардида ва навигариҳо дар самтҳои фаъолияти вазорат, назорати фаъолияти сомонаҳои сохторҳои вазорат;
- вокуниши саривақтӣ ба мақолаҳо ва хабарҳои таҳлилию танқидӣ;
- андешидани чораҳо ҷиҳати обунашавӣ ба рӯзномаю маҷаллаҳо дар дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои он;
Раёсат дар доираи масъалаҳои ба салоҳияти он вогӯзоргардида вазифаҳои асосии зеринро амалӣ менамояд:
Вобаста ба вазифаҳои асосӣ Раёсат функсияҳои зеринро амалӣ менамояд:
Дар соҳаи меъёрбандӣ, музди меҳнат ва сатҳи зиндагии аҳолӣ
Дар соҳаи бехатарӣ ва шароити меҳнат:
Дар соҳаи шарикии иҷтимоӣ
Раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ба салоҳияти Раёсат пешбурди масъалаҳо оид ба таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ, танзими меъёрии ҳуқуқии соҳаи муҳоҷирати ахолӣ ва ҳамкори бо диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ворид мегарданд.
2. Раёсат таҳти роҳбарии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазир) ва муовини Вазир - сарпарасти соҳа фаъолият мекунад.
3. Раёсат аз сардор, муовини сардор - сардори шуъба, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахасисониборат мебошад.
Вазифаҳои асосии Раёсати муҳоҷирати аҳолӣ
Раёсат дар доираи масъалаҳои ба салоҳияти он вогузоргардида вазифаҳои асосии зеринро амалӣ менамояд:
- татбиқи функсияи вазоратро оид ба таҳия ва амалӣ намудани сиёсати давлатӣ, танзими меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муҳоҷирати аҳолӣ, диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ таъмин менамояд;
- татбиқи вазифаҳо оид ба ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти Хадамоти муҳоҷират, Намояндагиҳои Вазорат дар хориҷа, Муассисаи давлатии “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”-ро таъмин менамояд;
- таъмини иттилоотӣ-таҳлилӣ ва ташкилии фаъолияти вазоратро аз рӯи масъалаҳои ба салоҳияти Раёсат мансуб буда амалӣ месозад.
Вобаста ба вазифаҳои асосӣ Раёсат функсияҳои зеринро амалӣ менамояд:
- оид ба ташаккули сиёсати давлатии дар самти муҳоҷирати аҳолӣ лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои дахлдор таҳия ва корҳоро ҷиҳати татбиқи онҳо ташкил менамояд;
- дурнамои раванди муҳоҷирати дохилӣ ва хориҷиро меомӯзад ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд;
- фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассиса ва ташкилотҳоро дар соҳаи муҳоҷирати аҳолӣ ҳамоҳанг месозад;
- расонидани хизматҳои машваратӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва ғайраро ба муҳоҷирони меҳнатӣ, дохилӣ (ихтиёрӣ), экологӣ ва аъзои оилаи онҳо ташкил менамояд;
- раванди муҳоҷирати аҳолиро таҳлил намуда, барномаҳо ва дурнамои соҳаро таҳия менамояд;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба квотаи муҳоҷирати хориҷӣ ва ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;
- ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти омориро дар соҳаи муҳоҷирати аҳолӣ мутобиқ ба методологияи омори расмӣ амалӣ менамояд;
- дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ кӯчонидани муҳоҷирони экологиро аз минтақаҳои хавфнок ва экзогенӣ ба мавзеъҳои бехавф, инчунин аз маҳалҳои кӯҳӣ, наздикӯҳӣ, ноҳияҳои сераҳолӣ ва камзамин ба ноҳияҳои дорои захираҳои кофии замин кӯчонидани хоҷагиҳоро амалӣ менамояд;
- дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият ҳамкориро бо диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ ташкил мекунад;
- ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин намудан ва ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар тавассути диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ чораҷӯӣ менамояд;
- барои ҳавасманд намудани диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ бо мукофотҳои соҳавӣ ва давлатӣ, ки дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар саҳм гузоштаанд, ба роҳбарияти вазорат пешниҳод манзур менамояд;
Вазифаҳо ва функсияҳои асосии Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ
Раёсат дар доираи масъалаҳои ба салоҳияти он вогӯзоргардида вазифаҳои асосии зеринро амалӣ менамояд:
- татбиқи функсияи Вазоратро оид ба таҳия ва амалӣ намудани сиёсати давлатӣ, танзими меъёрии ҳуқуқӣ дар самти бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ таъмин менамояд;
- татбиқи вазифаҳо оид ба ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазоратро таъмин менамояд;
- таъмини иттилоотӣ-таҳлилӣ ва ташкилии фаъолияти Вазоратро аз рӯи масъалаҳои ба салоҳияти Раёсат мансуббуда амалӣ месозад.
Вобаста ба вазифаҳои асосӣ Раёсат функсияҳои зеринр оамалӣ менамояд:
- омода намудани пешниҳодҳо оид ба таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ, танзими меъёрии ҳуқуқӣ дар самти бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар асоси таҳлил ва дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, вазъи бозори меҳнат;
- омода намудани пешниҳодҳо оид ба таъмини ҳимояи иҷтимоии шаҳрвандони бекор;
- хулосабарорӣ намудани таҷрибаи истифодаи қонунгузорӣ дар самти шуғли аҳолӣ, таҳлили сабабҳои қонунвайронкунӣ ва омода намудани пешниҳодҳо оид такмили он;
- омода ва баргузор намудани ҷаласаҳо, семнарҳо ва дигар чорабиниҳо аз рӯи масъалаҳое, ки ба салоҳияти Раёсат дохил мегарданд;
- бо тартиби муаяннамудаи роҳбарияти Вазорат иштирок намудан дар кори Кумитаи ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ;
- ба иттилои шаҳрвандон ва корфармоён расонидани ҳолати бозори меҳнат, ҳуқуқ ва кафолатҳо вобаста ба шуғли аҳолӣ ва ҳимояи бекорон;
- таҳия ва такмили лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- ташкил намудани корҳо оид ба рушди омори шуғл, ташаккул, пешбурд ва истифодаи маҳзани маълумот дар бораи ҷойҳои кории холӣ ва талабот ба қувваи корӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ;
- ҷамъоварӣ, коркард ва таҳияву пешниҳод намудани маълумоти омори соҳаи шуғли аҳолӣ ба роҳбарияти вазорат;
- дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати паст намудани шуғли ғайрирасмӣ;
- дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян намудани эҳтиёҷоти умумӣ ба ҷойҳои корӣ, иштирок дар таҳияи барномаҳои таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои корӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ бо назардошти дурнамои демографӣ;
- дар якҷоягӣ бо Раёсати молия, таҳлил ва дурнамои Вазорат дар доираи салоҳияти Раёсат баррасӣ намудани пешниҳодҳо оид ба маблағгузории Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, маблағгузориҳои барномаҳои давлатӣ дар самти бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва гузаронидани мониторинги истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳо;
- бо муовини Вазир - сарпарсти соҳа мувофиқа намудани нақшаи кории Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, баррасӣ намудани ҳисобот оид ба иҷрои нақшаи корӣ, инчунин нишондодҳои асосии фаъолияти Агентии мазкур дар доираи салоҳияти Раёсат;
- иштирок дар масъалаҳо ҳангоми ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани муовинони сардори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ;
- бо тартиби муқаррагардида аз зерсохторҳои Вазорат, сохторҳои маҳаллии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ талаб намудани маводҳои зарурӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои Раёсат;
- дар якҷоягӣ бо Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ омода намудани пешниҳодҳо ҷиҳати бақайдгирии электронии бекорон, ҷойҳои холии корӣ ва дигар хизматрасониҳои Агентии мазкур;
- ба Вазир ирсол намудани пешниҳод дар бораи бекор намудани қарорҳои Агентии имеҳнат ва шуғли аҳолӣ, ки ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат менамоянд;
- амалӣ намудани мониторинг ва баҳодиҳии сифат ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои давлатӣ дар самти мусоидат ба шуғли аҳолӣ, самаранокии татбиқи чораҳои иловагӣ дар бозори меҳнат;
- андешидани тадбирҳо ҷиҳати васеъ намудани доираи хизматрасониҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ;
- таҳия ва ба чоп омода намудани тавсияҳои методӣ оид ба пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ ва иҷрои функсияҳои давлатӣ дар самти шуғли аҳолӣ;
- омода намудани пешниҳодҳо ҷиҳати тадриҷан баланд бардоштани сатҳи шуғли пурмаҳсул дар соҳаҳои иқтисодиёт;
- ҳамкорӣ бо Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат, дигар ташкилотҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд вобаста ба масъалаҳои бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва муаррифӣ намудани манфиатҳо давлат;
- андешидани чораҳо ҷиҳати раҳнамоӣ ва маслиҳатдиҳии касбии ҷавонон ва бекорон мутобиқи талаботи бозори дохилӣ ва хориҷии меҳнат;
- омода намудани таклифҳо барои муқаррар намудани квота ҷиҳати бакортаъминнамоии шаҳрвандони ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷдошта ва дар бозори меҳнат осебпазир ва қобилияти рақобат надошта, андешидани тадбирҳо вобаста ба шаклҳои инклюзивии хизматрасонӣ ба ин табақаи аҳолӣ;
- таҳия методологияи таҳлил ва пешгӯии дурнамои вазъ дар бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва дар ҳолати зарурӣ такмил додани он;
- омода намудани дурнамои нишододҳои асосии бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар давраи кӯтоҳмуҳлат ва миёнамуҳлат ҷиҳати истифодаи босамари захираҳои меҳнатӣ;
- таҳияи барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва маҳаллии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, барномаҳои сармоягузорӣ, гузаронидани мониторинг ва пешбурди назорати раванди татбиқи онҳо;
- дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои таркибии Вазорат омода намудани пешниҳодҳо вобаста ба татбиқи босамари сиёсати давлатӣ дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ бо назардошти таҳлил ва пешгӯии рушди иҷтимоию иқтисодӣ, демографӣ ва вазъи бозори меҳнат;
- таъминоти методии таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсаднок оид ба мусоидат ба шуғлиа ҳолӣ, аз ҷумла тавассути рушди соҳибкорӣ ва худиштиғолӣ, омода намудани пешниҳодҳо оид ба татбиқи шуғли ба тағйирот тобовар;
- таъмин намудани вазифаҳои Вазорат оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор, ташкилотҳои ҷамъиятию субъектҳои хоҷагидор новобаста аз шакли моликият, дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ;
- омода намудани пешниҳодҳо ба лоиҳаи нақшаи корӣ ва нақшаи фаъолияти қонунэҷоднамоии Вазорат;
- омода намудани маърӯзаҳо, ҳисоботҳо ва маводҳои зарурии муҳокимашаванда дар маҷлисҳои ҳайати мушовара ва дигар ҷамъомаду чорабиниҳо;
- таҳлил ва ҷамъбасти нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии соҳаи дахлдор;
Раёсати молия, таҳлил ва дурнамо дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳайати мушовараи вазораро ба асос ва роҳбарӣ мегирад.
Дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи вазорат ва раёсат вазифаҳо ва функсияҳои асосии зеринро дар соҳаҳои муқарраргардидаи фаъолият амалӣ менамояд:
Раёсати робитаҳои байналмилалии тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №146 «Дар бораи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва аз 24 июли соли 2020, №418 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар шудааст, дар сохтори дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст.
Раёсат фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи вазорат, қарору фармоишҳои вазорат ва Низомномаи раёсат ба роҳ мемонад.
Раёсат дар доираи салоҳиятҳои вогӯзоргардида вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:
Раёсати баҳисобгирии муҳосибии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи хизмати давлатӣ”, “Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ”, “Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Вазорат), дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, вазъи молиявӣ, ташкилӣ, сохтор, функсия, вазифа, тартиби фаъолияти Раёсати баҳисобгирии муҳосибии дастгоҳи марказии Вазоратро (минбаъд-Раёсат) муайян намуда, масъалаҳои умумиро вобаста ба фаъолияти Раёсат ба танзим медарорад.
Вазифаҳо ва функсияҳои асосии Раёсат
Раёсат дар доираи масъалаҳои ба салоҳияти он вогузоргардида вазифаҳои асосии зеринро амалӣ менамояд:
- дар бораи раванд ва натиҷагириҳои фаъолияти молиявии Вазорат маълумоти пурра ва аниқро, ки он барои роҳбарӣ ва идоракунии фаврӣ зарур аст, тартиб медиҳад;
- роҳбарии методии баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботро ба амал бароварда, аз рӯи дурусту аниқ ба роҳ мондани ҷараёни баҳисобгирӣ ва ҳисобот дар сметаҳои хароҷотии Вазорат назорат мекунад;
- таклифҳоро дар мавриди дарёфти захираҳои иловагӣ, беҳдошти фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ, хароҷоти сарфакоронаю мақсадноки маблағҳои давлатӣ, бартарафсозии хароҷоту талафоти бесамар, болобарии сатҳи самаранокии истеҳсолот ва сифати кор, таъмини муҳофизати моликияти давлатиро таҳия ва пешниҳод менамояд;
- ҳисоботҳои молиявии ташкилотҳои тобеъро дастрас ва баррасӣ намуда, пас аз тафтиши ҳисоботҳои мазкур аз рӯи ҷараёни ислоҳотдарорӣ ба онҳо назорат мебарад. Аз рӯи намудҳои фаъолият ҳисоботи ҷамъбастиро тартиб дода, барои дар муҳлати муқарраршуда ба унвони суроғаҳои муайян пешниҳод намудани он омодагӣ мебинад;
- маводҳоро баррасӣ намуда, хулосаҳоро мутобики тартиби муқараршуда оид ба аз ҳисоби тавозунҳо (баланс) баровардани камбудию норасоиҳо, корҳои манъшуда ва ҳоказо тайёр мекунад;
- дар баррасии масъалаҳо оид ба таъсис ва барҳамдиҳии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои тобеи вазорат иштирок мекунад;
- манфиатҳои вазоратро зимни баррасии масъалаҳое, ки бо ҳисобу китоб, ҳисобот ва назорати молиявӣ дахл доранд, манзур менамоянд;
- дар доираи сметаҳои хароҷотии тасдиқшуда оиди гузаронидани тендерҳо (озмунҳо)–ро ҷиҳати хариди молу маҳсулот, сохтмон, таҷдиди иншоотҳое, ки маблағгузории он аз ҳисоби буҷети давлатӣ сурат мегирад, таклиф пешниҳод намуда, дар мавриди иҷроиши фаъолият бо молтаъминкунандагон ва пудратчиёни сектори шахсӣ, ки мушаххасан ва ошкоро муайян карда мешаванд, шартномаҳоро ба имзо мерасонад ва аз рӯи татбиқнамоии онҳо назорат мебарад;
- маблағҳои воридшуда, арзишҳои молию моддӣ ва дигар воситаҳои асосӣ ва хароҷоту масрафи онҳоро дар баҳисобгирии муҳосибавӣ пурра ва сари вақт инъикос менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида таҳия ва барои тасдиқ ба вазир пешниҳод намудани нақшаҳои кории (фаъолияти) солона, нимсолаи ва семоҳаи Раёсат назорат оид ба иҷрои он;
- иштирок дар таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ва ташкили таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорат;
- омода намудани маърузаҳо, ҳисоботи вазир ва масълаҳои муҳокимашаванда дар маҷлисҳои ҳайати мушовара ва дигар ҷамъомаду чорабиниҳо;
- иҷрои вазифа ва фунсияҳои дигар, ки дар асоси фармоишҳо ва қарорҳои мушовара ба уҳдаи Раёсат вогузор карда мешаванд;
- риояи интизоми молиявӣ, истифодаи воситаҳои пулӣ ва моддиро тибқи таъиноти мустақим дар ташкилотҳои системаи Вазорат назорат намояд;
- истифодаи мақсадноки маблағҳои сметаҳои даромад ва хароҷотии дастгоҳи марказии вазорат, чорабиниҳои марказонидашуда ва суратҳисоби махсусро таъмин намояд;
- ташкили робитаи ҳамкориро бо Вазорати молия, Сарраёсати Хазинадории Вазорати молия ва дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, инчунин ташкилоту муассисаҳои давлатии сохторҳои таркибии вазорат таъмин намояд;
- иштироки бевосита дар омодасозии маводи зарурӣ барои ҷаласаҳои Ҳайати мушовараи вазорат оид ба натиҷаҳои ҳисоботҳои иҷроиши сметаҳои хароҷотии маблағҳои корхонаву муассисаҳои зертобеи вазорат;
- назорати истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ дар дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои буҷетии системаи вазорат;
- ҳимоя намудани маълумотҳое, ки дорои сирри давлатӣ ҳастанд;
- раёсат фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои Вазорат дар асоси нақшаи чорабиниҳое, ки роҳбарияти Вазорат тасдиқ кардааст, амалӣ мегардонад;
- омода намудани дастурамали мансабии мутахассисони Раёсат ва пешниход намудани он барои тасдиқ ба Вазир;
- дар доираи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш бурдани ҷобаҷогузорӣ, нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодабарии ҳуҷҷатҳои бойгонӣ;
- назорати риояи интизоми меҳнат дар Раёсат;
- вазифаҳое, ки дар Низомномаи мазкур пешбинӣ нашудаанд ва ба масъалаҳои ҳуқуқӣ дахл намекунанд, ба истиснои ҳолатҳои муқарраргардида, ба зиммаи Раёсат вогузор карда намешаванд.