Санаи 30 октябри соли 2025 дар шаҳри Тошканд ҷаласаи 38-уми Шурои машваратии меҳнат, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардида, дар кори он муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф Сангимурод дар иштирок намуд. Дар рафти ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти Шуро дар давраи гузашта ҷамъбаст гардида, инчунин доираи васеи масъалаҳо вобаста ба вазъи иҷтимоиву меҳнатӣ дар давлатҳои иштирокчии ИДМ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба масъалаҳои таҳаввули рақамӣ (трансформатсияи рақамӣ) дар низомҳои меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷорӣ намудани навовариҳо ва тақвияти тадбирҳои ҳифзи иҷтимоии шахсони дорои маъюбият таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Аъзои Шӯро ба баррасии масъалаҳои вобаста ба чораҳои ҳифзи иҷтимоии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 ва шахсони ба онҳо баробаршуда дар давлатҳои иштирокчии ИДМ диққати махсус доданд. Ин масъала дар доираи таҷлили 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ – Соли Сулҳ ва Ваҳдат дар мубориза бо фашизм баррасӣ гардид.
Ҳамчунин, масъалаҳои таҳкими сиёсати дарозумрии фаъол (фаъол нигоҳ доштани пиронсолон), ҷорӣ намудани шаклҳои нави кори иҷтимоӣ ба нафъи шаҳрвандони синни калонсол ва дастгирии шахсони дорои маъюбият муҳокима гардиданд. Ҷаласа дар фазои созандагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории судманд миёни кишварҳои иштирокчии ИДМ баргузор шуд.