26 июни соли 2024 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода кормандонро табрику таҳният намуд.
Таъкид гардид, ки ин санаи муътабару таърихӣ бо тамоми хусусиятҳои муттаҳидкунандааш, ҳамосаи ҷовидонаи давлатдории навину миллии тоҷикон буда, бунёдгузори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки ба муноқишаҳои таҳмилӣ хотима бахшида, сулҳу амниятро устувор ва кишварро ба марҳалаи нави рушд раҳнамун сохт.
Имрӯз бо шарофати сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат мо дар ҳама самтҳои фаъолияти давлатдории миллӣ пешрафту тараққиёти беназир дорем, ки худ дастоварди амиқи Ваҳдати миллӣ мебошад.
Номбурда саҳми Асосгузори сулу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ба даст овардани ваҳдати миллӣ бузург арзёбӣ намуда, барои ҳифзи ин дастовард ва ҳимояи манфиатҳои халқу давлати худ ва арзишҳои миллӣ даъват ба амал овард.
Ҳамчунин, дар чорабинӣ корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа Давлатзода Рамазонӣ иштирок ва бо далелҳо оид ба талошҳо ва расидан ба ваҳдату ягонагӣ, аҳамияти ҳифзи дастовардҳои миллӣ ва оромиву суботи мамлакат суханронӣ намуд.