img
ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ ОИД БА ҲУНАРМАНДӢ

1 ноябри соли 2024 дар маҷлисгоҳи вазорат ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо баргузор гардид.

 

Дар ҷаласа аъзоёни Шӯро аз вазорату идораҳо ва намояндагони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

 

Тибқи рӯзнома Шӯро рафти татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии “Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025,  натиҷаҳои фаъолияти Шӯрои мазкур ва вазъи таъсиси корхонаву коргоҳҳои ҳунармандӣ дар ҷумҳуриро баррасӣ намуд.    

 

Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми машваратии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо мақсади ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги раванди амалисозии сиёсати  давлатӣ оид ба ҳунармандӣ таъсис дода шудааст.       

       

Вазифаҳои асосии Шӯро таъмини ҳамкории байниидоравии вазорату идораҳо ва ташкилотҳои дахлдор оид ба масъалаҳои рушди соҳаи ҳунармандӣ, таҳияи пешниҳодҳои мувофиқашуда бо вазорату идораҳои дахлдор оид ба масъалаҳои рушди соҳаи ҳунармандӣ, таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ва ба вазорату идораҳо манзур намудани  пешниҳодҳо оид ба масъалаҳои такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти ҳунармандӣ мебошад.

 

Бояд зикр намуд, ки  Шурои мазкур дар назди МИҲД вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият дошта, ҷиҳати рушди соҳаи ҳунармандӣ дар сатҳи маҳал корбарӣ менамояд.

 

01.11.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ