img
ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ.

Соли гузашта 13644 нафар ба курсҳои кутоҳмуддати касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифта шуданд. Соли 2023 дар Тоҷикистон 8041 нафар ҳунарманд фаъолият кардааст, ки ин нисбат ба соли 2022 — 1814 нафар, яъне 29, 1% зиёд мебошад. Онҳо аз рӯйи 12 соҳа ва 167 касбу ҳунар маҳсулот истеҳсол намудаанд. Аз шумораи умумии ҳунармандон 3216 нафари онҳо ба косибӣ (истеҳсоли дастии хонагӣ) машғул ҳастанд. Дар ин хусус дар нишасти матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд. 


Дар нишаст гуфта шуд, ки вазорат ҷиҳати рушди ҳунарҳои миллию муосир, эҳёи онҳо, инчунин ба ин васила ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ дар соли 2023 тадбирҳои муассир андешида, дар ин давра дар 45 Маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосири назди муассисаҳои таълимии тобеи вазорат дар маҷмуъ, 13644 нафар аз рӯйи 48 касбу ихтисос ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифта шуданд. 


Шумораи ҳунармандону косибон дар миқёси шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо чунин аст: дар ВМКБ 556 нафар, вилояти Хатлон 3330 нафар, вилояти Суғд 2647 нафар, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1393 нафар ва шаҳри Душанбе 115 нафар. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар шумораи зиёди ҳунармандон ба вилоятҳои Хатлон (41,4 фоиз) ва Суғд (32,9 фоиз) рост меоянд. 


Ҳаҷми истеҳсоли маснуоти саноатии ҳунармандон дар соли 2022 ба ҳисоби миёна 65,4 млн сомонӣ ва дар соли 2023 79,6 млн. сомониро ташкил дод. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҷумҳурӣ ҳунармандӣ рушд ёфта, ҳунармандон бештар ба истеҳсоли маснуоте, ки аз гузаштагонашон ба мерос мондааст, аҳамият медиҳанд. 

 

khovar.tj

 

Рухсораи НУР, 
АМИТ «Ховар»

 

16.02.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ