img
“РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУНАТОМЕЗ, КИ ЗАМИНА БАРОИ ТЕРРОРИЗМ МЕШАВАД”

Рӯзи 11 феврали соли 2026 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки замина барои терроризм мешавад”, бо иштироки намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати васеи кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои низоми Вазорат мизи мудаввар – чорабинии фаҳмондадиҳиву таблиғотӣ, ки ба пешгирии тундгароӣ, экстремизму терроризм равона шудаанд, баргузор карда шуд.

 

Ҳамоиши мазкур бо роҳбарии муовини якуми вазир Каримзода Насим Самиҷон, суханронии Прокурори Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Амонов Умедҷон Самадович бо маърӯзаи “Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки замина барои терроризм мешавад”, сардори раёсати ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳои Вазорат - Аскарзода Солеҳ Амрихудо “Нақши воҳидҳои сохтории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирии экстремизм ва терроризм”, ходими пешбари илмии МД “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” - Ҳидоятзода Комрон “Ҷойгоҳ ва саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаи глобалии пешгирии ифротгароии хушунатомез” ва саволу ҷавобҳо асосноку пурмуҳтаво гардид.

 

  Маврид ба зикр аст, ки бо Қатъномаи Маҷмааи Созмони Милали Муттаҳид аз 20 декабри соли 2022, №77/243, рӯзи 12 феврал ҳамчун “Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки замина барои терроризм мешавад” эълон карда шудааст.

 

Зимнан, Каримзода Н. қайд карданд: Зарурати қабули Қатъномаи мазкур дар он дида мешавад, ки дар ҷомеаи кунунӣ бархе аз ҷавонону наврасон бинобар надоштани маълумоти пурра аз таъсири оқибатҳои ноустувори шабакаҳои иҷтимоӣ побанди раванди зуҳуроти гуногуни номатлуби ҷомеа мегарданд. Аз ин рӯ, насли калонсол – падару модарон, омӯзгорон, ходимони дин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, васоити ахбори омма ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакатро зарур аст, ки бо ҷавонон ва наврасон дар хона, муассисаҳои илмӣ, таълимӣ ва ҷойҳои кору фаъолият ба онҳо роҳи дурусти ба камолрасӣ ва муваффақ шуданро дар соҳаҳои мухталифи зиндагӣ нишон диҳем. Ба онҳо собит карда шавад, ки маҳз ҷавонони аз таҳсил дур монда ва касби муайян надошта, аз ҳама бештар бо роҳи осон ба доми афроди тундрав ва ифротгаро гирифтор мешаванд.

 

Бо ин мақсад Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшишу талошҳоро роҳандозӣ менамояд то барои ҷомеа бахусус, ҷавонон имкониятҳои касбомӯзӣ ва азхуд кардани ҳунару истеъдодҳоро фароҳам оварад ва бо корҳои фаҳмондадиҳӣ  бар зидди қувваҳои ифротӣ, экстремистӣ ва террористӣ мубориза барад. Зеро дар марҳалаи нави рушди ҷомеа тақвият бахшидани ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар ҳадафи асосии мо ва рисолати аввалиндараҷаи ҳар як сокини сарбаланду садоқатпешаи Тоҷикистони азиз мебошад.

13.02.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ