img
ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ ДАР СОЛИ 2025 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2026

 

 

8 январи соли 2026 ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026” таҳти раёсати вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа баргузор гардид.

 

Дар ҷаласа мудири шуъбаи меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабборзода Гулрӯ ва намояндагони вазорату идораҳо, инчунин роҳбарияти Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират, муассисаҳои давлатӣ, корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва роҳбарони сохторҳои вазорат дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд.

 

Нахуст маърӯзаи муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф доир ба натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар соли 2025 шунида шуд. Зикр гардид, ки дар соли 2025 ҷиҳати танзими муносибатҳои меҳнатӣ, равандҳои муҳоҷират, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, касбомӯзӣ ва рушди ҳунармандӣ аз ҷониби сохторҳои вазорат дар асоси стратегияҳо, нақша ва барномаҳои амалкунанда тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ гардида, вазорат ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардид.

 

Аз ҷониби маърӯзакунанда мушкилот ва пешниҳодҳо оид ба тақвияти корҳо дар самтҳои фаъолияти вазорат зикр шуда, дар муҳокимаи масъала сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони сохторҳои вазорат, аз ҷумла дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо иштирок намуда, ба пурсишҳои раиси маҷлис посух доданд.

 

Мудири шуъбаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабборзода Гулрӯ зимни суханронӣ вазорат ва сохторҳои онро ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ҳаллу фасли масъалаҳои ба танзим даровардани муносибатҳои меҳнатӣ, фаро гирифтан ба шуғли пурмаҳсул ва дигар кафолатҳои давлатии иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа, ба шуғли расмӣ ҷалб кардани аҳолии қобили меҳнат, таъмин намудани кафолатҳои меҳнатии кормандон, баҳисобгирии дақиқи қувваи корӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини гуногунсамтии муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани сифату самаранокии иҷрои чорабиниҳои ҳуҷҷатҳои стратегии соҳа, пурзӯр намудани низоми мониторинги иҷрои  барномаҳои соҳавӣ ва таъмини иҷрои нақшаҳо муваззаф намуд.

 

Дар фарҷом, аз ҷониби вазир Холмаҳмадзода Солеҳа бо назардошти таклифу пешниҳодҳо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани нақшаҳо дар соли 2026 ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуданд. Инчунин, вазифаҳо барои соли 2026 муайян гардида, қарори дахлдор доир ба масъалаи баррасишуда қабул гардид.

 

09.01.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ