Инак, беш аз ду даҳсола мешавад, ки аҳли меҳнати дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои таркибии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иди касбии хеш - Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро аҳлона ва бо дастовардҳои меҳнатӣ истиқбол мегиранд.
Бо истифода аз фурсати муносиб сидқан ҳамаи ҳамкорони гиромиро ба муносибати иди касбӣ табрику таҳният гуфта, дар остонаи ин рӯзи сафобахш, ки қалби ҳар як корманди соҳаро эҳсоси гарму фараҳбахш ва ҳисси ифтихор аз касби пуршарафи хеш фаро гирифтааст, ба ҳамкорон тани сиҳату саодати рӯзгор ва дар роҳи амалӣ намудани нақшаҳои азими соҳаи меҳнат барору пирӯзиҳо орзӯ мекунам.
Ҷойи қаноатмандист, ки аҳли меҳнати соҳа ба Иди касбии хеш бо дасти холӣ наёмадааст. Кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои таркибии вазорат ба туфайли дастгирии доимию ҳамаҷониба ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои устуворгардонии заминаҳои қонунгузории соҳа, танзими бозори меҳнат, истифодаи самарабахши захираҳои меҳнатии ҷумҳурӣ, тақвиятбахшии раванди шуѓли пурмаҳсул тавассути таъсис додани ҷойҳои нави кории дорои шароити мусоиди меҳнатӣ, ташкили низоми муосири самарабахши муносибатҳои меҳнатии байни корманду корфармо, танзими шаклҳои гуногуни муҳоҷират, махсусан муҳоҷирати меҳнатӣ ва экологӣ, мутобиқсозии низоми таҳсилоти касбӣ ва бозомӯзии шаҳрвандон ба сатҳи талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ, дар заминаи дастгирии молиявии ашхоси ҳунарманду аз фаъолияти меҳнатӣ дар канормонда вусъат бахшидан ба соҳибкории хурду миёна, воқеан ҳам корҳои назаррасро ба сомон расонидаанд. Фақат дар як соли сипаргардидаи 2025 аз ҷониби кормандони вазорат ҷиҳати фароҳам овардани заминаҳои мусоиди меъёрию ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва танзими фаъолияти соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 21 адад лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва 8 адад лоиҳаи санади ҳамкорӣ таҳия гардидаанд.
Ҳамзамон, дар соли 2025 раванди батадриҷ боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ самарабахш идома дода шуд ва дар натиҷа андозаи музди меҳнати миёнаи кормандони тамоми соҳаҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 декабри соли 2025 2 725,7 сомонӣ расонида шуд, ки афзоиши нишондиҳандаи мазкур нисбат ба соли 2024 -ум 19,9 фоиз ё 452,9 сомониро ташкил медиҳад.
Дар баробари ин, масъалаи пардохти саривақтӣ ва пурраи музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳо таҳти назорати қатъӣ қарор дода шуда, ҷиҳати аз байн бурдани қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат ситоди корӣ оид ба бартарафсозии қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат бо иштироки намояндагони сохторҳои маҳаллии вазорат таъсис ёфт ва дар раванди баргузории ҷаласаҳои он масоили муайян намудани сабабҳои пайдоиши қарздорӣ ва бартараф намудани қарздории музди меҳнат дар корхона ва муассисаҳои буҷетию ғайрибуҷетӣ, мавриди баррасӣ қарор мегирифтанд.
Дар доираи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат масоили бо шуғли пурмаҳсул фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, омода намудани кадрҳои коргарии мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат ва дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ самтҳои муҳими фаъолияти кормандони соҳа маҳсуб меёбанд. Дар ин ҷода татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 дар соли 2025 дар сатҳи 113,4 фоиз таъмин карда шуд. Дар натиҷаи татбиқи чорабиниҳои барномаи мазкур 72 ҳазору 695 нафар шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватанбаргашта бо ҷойҳои кории муносиб таъмин гардиданд.
Бо мақсади мусоидат намудан ба шаҳрвандони бекор барои дарёфти ҷойҳои корӣ аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 929 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, 19 ҳазору 478 нафар шаҳрвандони бекор ва корҷӯ ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб гардиданд. Дар умум 147 ҳазору 988 нафар шаҳрвандон аз хизматрасониҳои давлатии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ бархурдор шуданд.
Ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон ва ба ин васила таъмини шуғли пурмаҳсул, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар, мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат дар соли 2025 аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 279 ҳазору 926 ҷойҳои нави корӣ, иловагӣ ва барқароршуда таъсис дода шудаанд, аз ҷумла 73 ҳазору 577 (26,2 фоиз) ҷойҳои кори доимӣ, 49 ҳазору 55 (17,5 фоиз) ҷойҳои корӣ муваққатӣ ва 152 ҳазору 196 (54,3 фоиз) ҷойҳои кории мавсимӣ мебошанд.
Дар самти фарогирии шаҳрвандони бекор бо шуғли пурмаҳсул раванди самарабахши рушдёбии соҳибкории хурду миёна низ нақши муассир дорад. Бо назардошти ин омили муҳим, дар соли сипаригардида аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ барои рушди соҳибкории хурд ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ба 2168 нафар шаҳрванди бекор, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ доштанд, ба андозаи 8 миллиону 857,5 ҳазор сомонӣ кӯмаки молиявӣ расонида шуд ва шаҳрвандони бекор бо истифода аз он ба фаъолияти истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ва тиҷоратӣ машғул мешаванд.
Дар ин радиф, ҷиҳати дастгирии занон ва ҷавонон дар самти рушди соҳибкории хурду миёна, инчунин, бо мақсади эҳё намудан ва рушди намудҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ эътибори ҷиддӣ дода шуда, ба 1252 нафар занон ба маблағи 4 миллиону 700,3 ҳазор сомонӣ, ба 417 нафар ҷавонон ба маблағи 1 миллиону 747,7 ҳазор сомонӣ ва барои эҳёву рушди намудҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ ба 728 нафар шаҳрвандон ба андозаи 3 миллиону 92,7 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ пардохт гардид. Ҳамин тариқ, шаҳрвандони аз дарёфти маблағи мазкур бархурдоргардида асосан ба дӯхтани либосҳо ва эҳёи нақшу нигори миллӣ, бофандагӣ, кандакорӣ, истеҳсоли маснуот аз чӯб, кулолгарӣ, заргарӣ, чакандӯзӣ, пухтани маҳсулоти нонию қаннодӣ ва таомҳои миллӣ машғул гардиданд.
Тавассути дастгирии молиявӣ ёфтани соҳибкории хурду миёна ҳунарҳои нодири мардумии аз байн рафтаистодаи ниёгонамон эҳъё гардиданд ва ҳиссаи маҳсулоти ҳунармандон дар соҳаи тавлидоти молӣ тамоили устувори афзоишро касб намуд.
Иқдоми мазкур дар навбати худ боиси ҳаллу фасли се масъалаи мубрами рӯзи ҷомеаи ҷумҳурӣ:
- коҳиш ёфтани сатҳи бекорӣ;
- афзоишёбии манбаъҳои нави даромади аҳолӣ, алалхусус сокинони манотиқи дурдасту куҳистони ҷумҳурӣ;
- боло рафтани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон гардид.
Самти дигари аз байн бурдани бекории шаҳрвандон, ин ба корҳои ҷамъиятӣ фаро гирифтани онҳо маҳсуб меёбад. Дар соли сипаригардида 6632 нафар бекорони дар қайди мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ қарор- дошта, бо корҳои ҷамъиятӣ фаро гирифта шуданд. Тавассути иқдоми мазкур корҳои ҷамъиятӣ асосан дар соҳаҳои кабудизоркунию ободонӣ, обёрӣ ва ирригатсионӣ, сохтмони роҳ, кашидани хатти барқ, ҷамъоварии растаниҳои шифобахш ва пахта, хоҷагии ҷангалҳо ва дигар намуди корҳо анҷом мепазиранд.
Дар ҷодаи дастгирии молиявии шаҳрвандони бекор, аз ҷумла ҷавонони аз сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба эҳтиёт рухсатшуда, шаҳрвандони аз муассисаҳои ҷазои ҷиноӣ озодгардида, шаҳрвандони ҷойҳои корашон ихтисоршуда ва занони бекор аз дарёфти кумакпулиҳо барои давраи бекорӣ бархурдор гардиданд. Танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, алалхусус мусоидат намудан ба таъмини ҳуқуқҳои меҳнатии онҳо дар хориҷи кишвар, пайваста дар мадди назари кормандони вазорат қарор доранд.
Айни замон, лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Муассисаи давлатии «Фонди ҳимояи ҳуқуқ ва дастгирии иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, дар марҳилаи мувофиқасозӣ бо вазорату идораҳои ҷумҳурӣ қарор дорад. Иқдоми дигар дар ин самт тақвият додани ҳамкориҳо бо мақомоти дахлдори давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон маҳсуб меёбад. Таъмини гуногунсамтии муҳоҷирати меҳнатӣ низ дар меҳвари сиёсати муҳоҷиратӣ қарор дорад.
Бо мақсади танзими раванди муҳоҷирати аҳолӣ тибқи муқаррарот ҷаласаҳои Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар онҳо масъалаҳо доир ба фаъолияти вазорат дар самти муҳоҷирати дохилӣ, экологӣ, таъмини гуногунсамтии муҳоҷирати меҳнатӣ ва муташаккилона сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷи кишвар дар асоси созишномаҳои ҳамкорӣ бо давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Ҳамин тариқ, метавон бо қаноатмандӣ қайд намуд, ки иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳаллу фасли масоили мубрами рӯзи марбути баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, таъмини шуғли пурмаҳсул, танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва экологӣ пайваста дар меҳвари фаъолияти кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарор доранд.
Маҳмадбекзода М.Ш.
Директори МД “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”