Бори дигар сулҳ кардӣ ҷангро,
Боз кардӣ ин гиреҳи тангро.
Эй мураббӣ, эй абарустоди сулҳ,
Бар ҷаҳон омӯз ин фарҳангро!
Муждаи фараҳбахш аз натиҷаи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон дар хусуси кушода шудани гузаргоҳҳои сарҳадии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар оғози фасли баҳор, айёми умеду шукуфтанҳо ба қалби садҳо ҳазор сокинони ин ду давлати ҳамсоя, ки дар тӯли таърих бародарона зиндагонӣ кардаанд, шодиву сурури беандоза овард.
Бо ибтикори роҳбарияти олии ҳар ду кишвар баҳсҳои мавҷуда аз байн рафта, хираду фазилати азалӣ боло гирифт ва дустӣ ғолиб омад. Имрӯз шодиву хурсандии сокинони ноҳияҳои наздисарҳадӣ, ки на танҳо байни ҳам додугирифт доштанд, балки бо риштаҳои хешутабориву дӯстии дар муддати тӯлонӣ шаклгирифта ба ҳамидигар пайванд шудаанд, ҳадду канор нест. Аз ҷониби дигар кушода шудани марзҳо ба рушди муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва ҳусни ҳамҷавориву ҳамсоягӣ мусоидат менамояд, ки ба манфиати ҳар ду миллат мебошад. Бигзор ин паймони нави дустӣ мубораку фархунда ва поянда бошад.
Тавре шоири бузурги миллат Мирзо Турсунзода мегӯяд:
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.