«Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад, ироа гардидааст дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 – юми декабри 2016». Бо такя ба дурдонаҳои гуҳарбор ва ин ташббуси беназир менигорам, ки бояд ҷавонон пайванди ифтихору эътимоди Пешвои миллатро бо дастони худ мустаҳкам доранд ва амсоли гавҳараки чашм нигоҳ кунанд, зеро эътимоди як Пешво, нисбати ҳифзи асолати ҷавонони миллаташ дар масири зиндагӣ сипари устувореро мемонад дар муқобили ханҷару найзаҳои афроди сироятшуда аз ақидаҳои террористиву ифротгаротӣ ва дурӣ ҷустан аз қатлу куштори инсонҳои мазлуми сайёра, дар замони имрӯз.
Пешвои миллат дар тамоми суҳбату вохӯриҳояш бо табақаҳои гуногуни ҷомеа, алалхусус бо ҷавонон бо ин нидои саршор аз ифтихор ишора мекунад, ки ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд. Ҳангоми ироаи Паёми соли 2017 Пешвои миллат иброз намуданд, ки «Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад».
Мо ҷавононро месазад, ки рисолати худ ва эътимоду боварии Пешвои муаззами миллатро аз даст надиҳем. Таърих гувоҳ аст, ки аз рӯзи ба майдони сиёсат омадан ва ба бунёди давлати навини тоҷикон оғоз намудани Пешвои миллат, ки худ ҷавони руштёфта бо дигарон буд, аз ҳамон лаҳза ба неруи ҷавонони Ватанпараст ва оқилу хирадманд таваҷҷуҳи бевосита дошт. Бояд зикр кард, ки таваҷҷуҳ ва ғамхории падаронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ возеҳу равшан ба назар мерасид. Новобаста аз сахтиҳо ва нокомиҳои пай дар пай пешомада, Пешвои миллат ба баррасии масъалаҳои марбут ба ҷавонон ва сиёсати ҷавонон афзалият медод. Дар ин давра яке аз дастовардҳои арзишманд он ба ҳисоб меравад, ки новобаста аз вазъияти ногувор (ҷанги шаҳрвандӣ) мулоқоти нахустини расмии Роҳбари мамлакат-Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намоядагони ҷавонони ҷумҳурӣ дар 70-ум рӯзи сарварӣ, яъне 2 феврали соли 1993 баргузор шуд. Ин нишони дар воқеъ ғамхор, пуштибон, дастгир ва парастор будани Сарвари кишварро нисбат ба ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ инъикос менамояд.
Пас аз силсисаи мулоқоту вохӯриҳои Пешвои миллат аз ибтидо то имрӯз барои таъмини фазои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии ҷавонон ба хотири расидан ба ин ҳадафи олӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ як қатор барномаҳои давлатӣ доир ба дастгирии ҷавонон, баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии ҷавонон қабул карда шуданд, ки ҳар кадоме аз ин санадҳо дар ҳаёти ҷавонони кишвар нақши муҳим бозиданд.
Дар ин давра «Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2018», «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020» қабул гардиданда сол ба сол санадҳои мазкур ба пешрафти замон ва талаботи рӯзафзун ва ҳамзамон ҷиҳати афзалият додан ба ҷавонони кишвар махсусан дар даҳҳаи сеюми Истиқлолияти кишвар тағйироту иловаҳои зарурӣ ворид карда шуда, мавриди амал қарор гирифтанд, ки исботи он таваҷҷуҳи хосса ба ҷавонон ва ҳамзамон самараи ин таваҷҷӯҳ ва пуштубонӣ иштироки тими мунтахаби футболи кишвар дар Ҷоми Осиё 2024 дар кишвари арабии Қатар, Футзали Ҷаҳон 2024 ва Бозиҳои Олимпии Париж- 2024,“Тоскулоҳ Душанбе 2025”/ “Grand Slam Dushanbe 2025” ва даъвати чеҳраҳои машҳури Ҷудои ҷаҳон меҳмони кишвари мо буданд, мебошад. Иқрор бояд шуд, ки Пешвои миллат ҳамчун роҳбари оқилу дурандеш ин рӯзҳои накҳатафзо ва дурахшони миллатро медиданд, аз ин рӯ ҷавонро ҳамеша ба руҳияи шикастнопазир ташвиқ ва роҳнамоӣ менамоянд, ки ҳамаи инҳо, дар маҷмӯъ, барои татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда, мавқеи ҷавононро дар ҷамъият боз ҳам устувор гардониданд.
Гузашта аз ин, дар ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» дар соли 2004 – ум оғоз ёфт. Қонуни мазкур фарогири анқариб тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷавонон буда, ҳуқуқ ва манфиатҳои ин табақаи созандаро танзим менамояд. Махсусан, қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» собит сохт, ки Ҳукумати кишвар дар сиёсати худ ба ҷавонон такя карда, тарбия намудан ва ба камол расонидани насли ҷавону созандаро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ медонад. Илова бар ин, дигар дастоварди таърихӣ ва эътимодноки соҳа дар ин давраи фаъолият, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» дар нимаи соли 2013 ба ҳисоб меравад. Қонуни мазкур пеш аз ҳама эътирофи иқтидорнокии соҳаро ифода намуда, он дар самти татбиқи босамари сиёсати иҷтимоии ҷавонон, аз ҷумла тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, хайрхоҳӣ, инсондӯстӣ, ҳамқадам будан ба ҷомеаи муосир ва аз ҳама муҳим фаъолнокии ҷамъиятӣ ва таъминоти кадрии соҳа метавонад заминагузор бошад.
Дар шароити пуртаззоди ҷаҳони муосир муқаррар кардани чаҳорчӯбаҳо ва меъёрикунонии муносибат нисбат ба қишрҳои муайяни ҷомеа, бахусус ҷавонон, ки ояндаро месозанд, тақозои замон мебошад. Фаромӯш набояд кард, ки Тоҷикистон ҷавони 33 соларо мемонад ва қувваи асосии меҳнатиро низ ҷавонон ташкил медиҳанд, барои он муайян намудани ҷабаҳои фаъолият ва дурнамо нисбат ба ҷавонон мувофиқи мақсад арзёбӣ мегардад. Дар ҳамин асно лоиҳаи Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул гардид. Санади мазкур мақсад, принсип ва афзалиятҳои асосии сиёсати давлатии ҷавононро муайян менамояд, ки мутобиқи он бояд механизмҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон муайян гардида, асосҳои таъмини методологӣ, ташкилӣ ва иттилоотии он ташаккул дода шавад.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки бо пешрафт ва талаботи рӯзафзуни ҷаҳони муосир ва пайваста такмил ёфтани шуури ҷавонон ва барои самаранок истифода бурдани ин нерӯи созанда, зарурати қабули санадҳои дахлдор аз ҷониби Ҳукумати кишвар роҳандозӣ гардид. Пӯшида нест, ки яке аз омилҳои асосии рушди ҳар кишварро дар қатори дигар арзишҳо захираҳои инсонӣ, аз ҷумла ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин имкон медиҳад, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди ҷомеа мавриди тадбирҳои ҳамешагӣ қарор дода шавад. Дар кишваре, ки вазъи демографӣ мунтазам афзоиш меёбад ва беш аз 40 фоизи аҳолиро насли ҷавон ташкил медиҳад, муайян намудани сиёсати давлатии ҷавонон аз нуқтаи назари сиёсӣ ва иҷтимоӣ аҳамияти калон дорад. Ба сиёсати ҷавонон, ҳамчун бахши стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар ҳамаи марҳилаҳои рушди ҷомеа таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мегардад. Ниҳоят моҳи октябри соли 2011 Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 қабул гардид.
Ҳуҷҷати мазкур ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ба фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ, кафолатҳо барои аз ҷониби ҷавонон интихоб гардидани роҳи зиндагӣ, худтатбиқнамоии шахсии ҷавонон, рушд ва дастгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонону наврасон ва ташаббусҳои онҳо нигаронида шудааст. Аммо ба ин нигоҳ накарда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифз ва корбарӣ ба ин табақаи воқеан нерӯманди ҷомеа ниҳоди асосӣ ва дахлдор баъд аз чанд маротибаи таҷдиди сохтор, яъне Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Сохтори мазкур барои таъмин ва идома додани сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат дар бораи ҷавонон роҳандозӣ гардидааст.
Нигоҳи неки Ҳукумати кишвар барои манфиатҳои ҷавононро бештар ҳимоя карда, орзуву омоли онҳоро дар ҳаёт амалӣ месозад ва барои кору зиндагии шоиста, яъне фардои ободу осудаи ҷавонон шароиту заминаҳои мусоид фароҳам меорад. Давлату Ҳукумат ба ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда муносибат намуда, нақши онҳоро дар пешрафти кишвар басо муҳим ва арзанда мешуморанд. Пӯшида нест, ки ҷавонони худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпарвари мо дар ҳамаи ҷабҳаву самтҳо ташаббус нишон дода, дар арсаи байналмилалӣ нуфузу обрӯи Ватани маҳбубамонро баланд мебардоранд. Дар марҳалаи навини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишварамон ҷалби нерӯи ҷавонон, хусусан, дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату ҳукумат ниҳоят муҳим мебошад.
Як нуктаро аз суханронии Пешвои миллат, ки дар нахустини ҷаласаи Шӯрои миллии кор бо ҷавонон, ки санаи 27 майи соли 2016 садо дода буд, ин ки «Мо иштироки фаъоли ҷавононро дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ ҳамеша ҷонибдорӣ мекунем ва ҷалби ин қувваи фаъоли ҷомеаро барои устувор гардонидани рукнҳои давлатдории навин аз ҷумлаи масъалаҳои аввалиндараҷа мешуморем», ифтихори бузургест барои мо ҷавонон. Як матлабро набояд фаромӯш кард, ки мо ҷавононро месазад, ки аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ҳамеша ҷонибдорӣ намуда, барои пойдорӣ ва суботии сиёсии давлату миллати худ саҳмгузор бошем. То битавонем кишвари маҳбубамонро ба як кишвари пешрафта бо меъёрҳои баланди ахлоқӣ ва донишу малакаи муосир ба ҷаҳониён мураррифӣ намуда, дар ҳифзи амнияту суботи сиёсии он кумак расонем.
Умаров Рустамҷон Мунаҳварович,
хатмкардаи Донишгоҳи Хиросимаи
Ҷопон, Мудири Шуъбаи мониторинг ва
арзёбии МД “Маркази такмили ихтисос
ва бозомӯзии кормандони соҳаи меҳнат,
муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.