img
«ПЕШГИРИИ ВИРУСИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ ОДАМ»

11 апрели соли 2025 барои кормандони дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намяндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши идоравӣ дар мавзуи «Пешгирии вируси норасоии масунияти одам» баргузор гардид.

 

Чорабиниро муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Шаҳноза Нодирӣ ифтитоҳ намуд ва суханро ба намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дод.

 

Аз ҷониби намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Пешгирии вируси норасоии масунияти одам (ВНМО)» бо иштирокчиён лексия суҳбат доир гардид.

 

14.04.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ