Санаи 14 апрели соли 2026 ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2026” таҳти раёсати вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа баргузор гардид.
Дар ҷаласа аъзои ҳайати мушовара иборат аз муовини якум, муовинони вазир, сардорони Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират, инчунин сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарияти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират, муассисаҳои давлатӣ, корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва роҳбарони сохторҳои вазорат дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд.
Дар ҷаласа доир ба натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар семоҳаи якуми соли 2026 маърӯзаи муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурализода А. шунида шуд. Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати танзими муносибатҳои меҳнатӣ, равандҳои муҳоҷират, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, касбомӯзӣ ва рушди ҳунармандӣ аз ҷониби сохторҳои вазорат дар асоси стратегияҳо, нақша ва барномаҳои амалкунанда тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ гардида, вазорат ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардид.
Аз ҷониби маърӯзакунанда мушкилот ва пешниҳодҳо оид ба тақвияти корҳо дар самтҳои фаъолияти вазорат зикр шуда, дар муҳокимаи масъала сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони сохторҳои вазорат, аз ҷумла дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо иштирок намуда, ба пурсишҳои раиси маҷлис посух доданд.
Аз ҷониби вазир Холмаҳмадзода Солеҳа зимни баррасии фаъолияти сохторҳои вазорат ҷиҳати тақвияти корҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда, таъкид гардид, ки дар баробари сохторҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ сохторҳои вазорат дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ дар корҳои ободониву созандагӣ, тоза озода кардани гирду атрофи биноҳои маъмурӣ, аз таъмири ҷорӣ баровардани биноҳо ташкили чорабиниҳои гуногун бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намоянд. Дар ҷаласа масъала баррасӣ шуда, бо назардошти муҳокима ва пешниҳодҳо қарори дахлдор қабул гардид.