Имрӯз 22 ноябри соли равон дар бинои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Ҳасанзода Гулнора Кенҷа маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарони хадамотҳо, агентӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои давлатӣ иштирок намуданд.
Нахуст роҳбарияти вазорат ҷаласаи тантанавиро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, кормандон дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои онро бо ин рузи таърихӣ, яъне 32-юмин солгарди таъсисёбии Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, аҳли кормандонро хайрамақдам намуданд. Воқеан, таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ, ки бо ибт¬икори Асосгузори сул¬ҳу ваҳдати миллӣ-Пеш¬вои миллат, Президен¬ти Ҷумҳурии Тоҷикист¬он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рўйи кор омад, яке аз муҳимтарин рўйдодҳои даврони со¬ҳибистиқлолӣ дар таъ¬рихи давлатдории нав¬ини тоҷикон маҳсуб меёбад.
Мавриди зикр аст, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари 23 масъалаи мубраму бузург, ки оқилонаву дурандешона ҳал гарди¬данд, санаи 24-уми ноябри соли 1992 яке аз муҳимтарин рамзҳои давлатӣ-Парчами давлатӣ низ қабул гар¬дид. Парчами давлатӣ яке аз муқаддасоти асосӣ ва нишони волои соҳибистиқлолии мост, ки дар худ таъриху фарҳанги миллатро таҷассум мекунад. Рӯзи Парчами давлатӣ на танҳо рӯзи ҷашн, балки рӯзи худогоҳии миллӣ ва қадршиносии арзишҳои истиқлол аст. Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” моҳият ва тартиби истифодабарии рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ муайян гардидааст.
Дар робита ба ин даъват ба амал оварда шуд, ки эҳтиром ва арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ вазифаи ҳар як фарди ҷумҳурӣ буда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин нуқтаро дар суханрониҳои худ зикр намуда, аз ҷумла қайд менамоянд, ки “Парчами давлатӣ ба сифати яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ, таҷассумгари асосҳои таърихӣ, мероси ғановатманду арзишманди миллӣ, ифодагари мақсаду маром ва орзуву омоли мардуми куҳанбунёдамон, дар ҳақиқат мояи ифтихори ҳар як фарди ватандӯсту ватандор мебошад”.
Чорабинӣ бо суханронии кормандон ва қироати шеърҳо дар васфи ватан ва рамзҳои давлатӣ идома ёфт. Дар фарҷом роҳбарияти вазорат аҳли кормандонро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯзи таърихӣ, таҷассумгари рамзу муқаддасоти миллат, нишон аз муаррифии миллату давлати шарафманди тоҷик, муборакбод намуда, дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳо таманно намуданд.