Имрӯз дар доираи таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдак, ки бо ташаббуси Созмони Байналмилалии Меҳнат аз соли 2002 инҷониб ҳамасола рӯзи 12-уми июн дар ҷаҳон таҷлил карда мешавад, ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак баргузор гардид. Дар кори он муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурализода А., намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бухоризода С., намояндагони вазорату идораҳо, шарикони иҷтимоӣ, ташкилотҳои ҷамъиятию байналмилалӣ иштирок ва баромад намуданд.
Ҳадафи гузаронидани ҷаласаи мазкур ин ҷалб намудани диққати аҳли ҷомеа, созмонҳо ва мақомоти давлатӣ ба масъалаҳои татбиқи амалии чорабиниҳо оид ба таъмини беҳбудии вазъи иҷтимоии кӯдакон дар ҷумҳурӣ ва дар маҷмуъ, дар тамоми ҷаҳон мебошад. Меҳнати кӯдак ин мушкили ҷаҳонӣ буда, ба таҳсили кӯдакон монеа эҷод мекунад, даврони кӯдакиро аз онҳо мегирад, ба саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ ва рӯҳии онҳо зарар расонида, имкониятҳои шуғли ояндаи онҳоро маҳдуд мекунад.
Аз ин лиҳоз, масъалаи мубориза бо меҳнати кӯдак баррасӣ ва баҳри коҳиш додан ва аз байн бурдани он тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд. Давлатҳои аъзои Созмони байналмилалии меҳнат, ки Тоҷикистон низ узви он мебошад, мақсад гузоштаанд, ки то соли 2028 шаклҳои бадтариини меҳнати кӯдаконро барҳам диҳанд. Дар чорабинӣ қайд гардид, ки бо ғамхории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир санадҳои меъёрии ҳуқуқие ба тасвиб расида истодаанд, ки ҷавобгӯйи меъёрҳои байналмилалӣ буда, ба манфиати кӯдакону наврасон ва ояндаи миллат равона шудаанд.
Баромадкунандагон қайд карданд, ки таваҷҷуҳ ба масъалаи барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ковенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи кӯдак (1989), Конвесияҳои Созмони Байналмилалии Меҳнат №138 “Оид ба ҳадди ақали синну сол барои ба кор қабул кардан” (с.1993), №29 “Дар бораи меҳнати маҷбурӣ ё ҳатмӣ” (1993) ва №182 “Оид ба манъ кардан ва аз байн бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак”(2005) ва Тавсияномаи ТБМ №190 “Оид ба манъ намудан ва чораҳои зарурӣ андешидан ҷиҳати нест намудани шаклҳои бадтарини меҳнати ноболиғон” ва Протоколи соли 2014 ба Конвенсияи соли 1930 дар бораи меҳнати маҷбурӣ сарчашма мегирад.
Дар охири ҷаласа, аз ҷониби муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми арзанда гирифтан дар таҳия ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти берун овардани кӯдакон аз бозори меҳнат, татбиқи чораҳои пешгирикунандаи ҷалби кӯдакон ба шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак, мусоидат барои фароҳам овардани шароит ҷиҳати хизматрасонии иҷтимоӣ, бо таҳсилоти мактабӣ фаро гирифтани кӯдакон ва мусоидат барои таъмини иҷрои чорабиниҳое, ки дар барномаҳо, нақшаи амал ва дигар ҳуҷҷатҳои давлатӣ ҷиҳати барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак пешбинӣ шудаанд, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони иҷтимоӣ, Созмони Байналмилалии Меҳнат (СБМ), Хазинаи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ), намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо арзи сипос карда шуд.