img
ҶАЛАСАИ ШАШУМИ ГУРӮҲИ КОРИИ ТОҶИКИСТОНУ РОССИЯ

23 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи шашуми Гурӯҳи кории муштарак оид ба татбиқи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия аз 17 апрели соли 2019 таҳти ҳамраисони тарафҳо муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирӣ Шаҳноза Анвар ва муовини роҳбари Хадамоти федералии меҳнат ва шуғли Федератсияи Россия Василев Денис Александрович баргузор гардид.

 

Дар кори ҷаласа аъзои гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони мақомоти дахлдори ҳар ду ҷониб - вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аҳолӣ, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти федералии  меҳнат ва шуғли Федератсияи Россия, вазоратҳои меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустӣ, корҳои дохилӣ, рушди иқтисодӣ, илм ва таҳсилоти олӣ, маориф, рушди рақамӣ, алоқа ва коммуникатсия, Федератсияи Россия  иштирок намуданд.

 

Инчунин, ҳайати Федерасияи Росссияро намояндагони КВД “Хадамоти шиноснома ва раводид”-и ВКД Федератсияи Россия, Маркази муҳоҷирати шаҳри Москва, Маркази Байналмилалии санҷиши забон ва тайёрии касбии муҳоҷирони Муассисаи таҳсилоти олии мустақили давлатии федералии Донишгоҳи Дӯстии халқҳои Росия ба номи Патрис Лумумба, ООО “ГСП – Технология”, ООО “ПЭК” ва ООО «ПРОМСТРОЙ» ҳамроҳӣ намуда, дар баррасии масъалаҳои ҷаласа иштирок намуданд.

 

Дар ҷараёни ҷаласа ҳамраисони Гурӯҳи корӣ оид ба  татбиқи Созишномаи  болозикр ва рафти иҷрои Протоколи ҷаласаи қаблии Гурӯҳи кории муштарак аз 15 августи соли 2023 маълумот дода, роҷеъ ба масъалаҳое, ки баррасӣ ва ҳалли муштаракро талаб менамоянд, мубодилаи афкор сурат гирифт.

 

Тибқи рӯзномаи мувофиқашуда дар ҷаласаи масъулини мақомоти дахлдори ҳарду ҷониб доир ба ҳолати мувофиқасозии лоиҳаи Протокол оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия аз 17 апрели соли 2019, татбиқи бандҳои Харитаи роҳ оид ба тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди системаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ,  тезонидани омодасозии ҳуҷҷатҳо вобаста ба ифтитоҳи Намояндагии Корхонаи воҳиди федералии давлатии «ПВС» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи таҷриба ва эҳтиёҷоти корфармоёни Федератсияи Россия оид ба ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвияти ҳамкорӣ дар самти ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандон, таҳияи Харитаи Роҳ оид ба ҷорӣ намудани низоми ташхиси тиббии шаҳрвандон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нияти амалӣ намудани фаъолияти муваққатии меҳнатӣ дар Федератсияи Россияро тариқи ҷалби муташаккилона доранд, таъмини супоридани имтиҳони забони русӣ, таърих ва қонунгузории Федератсияи Россия ва ғайраҳо баррасӣ гардиданд.

 

Дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ ба масъалаи ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия зимни амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, зикр шуд, ки сафарбаркунии муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар доираи татбиқи созишномаи болозикр  яке аз омилҳои таъсирбахш дар ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ арзёбӣ мегардад.

 

Дар натиҷаи ҷаласаи гурӯҳи корӣ Протоколи дахлдор қабул гардид.

 

23.11.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ