18 феврали соли 2025 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси комиссияи мазкур Дилрабо Мансурӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026 дар соли 2024 баррасӣ гардид. Дар кори ҷаласа аъзои комиссия аз ҳисоби роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.
Зикр гардид, ки дар шароити муосир яке аз воситаҳои таъмини суботи иҷтимоӣ, демократикунонии ҷомеа ва таъмини кафолатҳои иҷтимоию меҳнатии кормандон маҳз шарикии иҷтимоӣ мебошад, ки ҳамкории муштараки мувофиқашудаи давлат, корфармоён ва мақомоти намояндагии кормандон, яъне иттифоқҳои касабаро ифода мекунад. Ин гуна ҳамкорӣ дар кишвари мо тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли созишномаи генералӣ, созишномаҳои соҳавӣ, минтақавӣ ва шартномаҳои коллективӣ татбиқ карда мешавад.
Дар соли аввали амалӣ гардидани Созишномаи генералӣ иқтисодиёти кишвар рушд ёфта, соҳаҳои иқтисодиёт ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардиданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 28 декабри соли 2024 қайд намуданд, ки “Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодааст”.
Раванди батадриҷ беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва зина ба зина ҳаллу фасл намудани масъалаи сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат сол аз сол суръати тоза пайдо карда, бо фарогирии самтҳои нав ба нави ҳаёти иҷтимоии ҷомеа, айни замон ба тамоюли мусбати умумидавлатӣ табдил ёфтааст. Дар ҷаласа гузоришҳо оид ба натиҷаҳои татбиқи созишномаи мазкур шунида шуда, ҷиҳати танзими муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ, ҷалби ҳарчи бештари аҳолии қобили меҳнат ба меҳнати арзанда ва бо ин васила зиёд намудани даромади кормандон, коҳиш додани сатҳи бекорӣ, баланд бардоштани дараҷаи накӯаҳволии аҳолӣ ба вазорату идораҳо дастуру супоришҳо мушаххас ва ба шарикони иҷтимоӣ тавсияҳо дода шуданд.