Имрӯз 15.11.2024с. дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғл”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини вазир Қиёмиддин Давлатзода Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ - амалӣ дар мавзӯи «Ташаккулёбии низоми ташкилӣ-иқтисодии таъмини шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур роҳбарону кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои таркибии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини дигар вазорату идораҳо, омӯзгорони як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва коршиносону олимони варзидаи соҳаҳои бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, танзими муҳоҷирати дохилию экологӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва равандҳои муосири демографӣ ширкат варзиданд.
Дар раванди ҳамоиш масъалаҳои мубрами рӯзи марбути ташаккулёбӣ ва рушди минбаъдаи шуғли пурмаҳсул дар ҷумҳурӣ ва танзими муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди муҳокима ва арзёбӣ қарор гирифтанд: ҷанбаҳои методологии идоракунии шуғли пурмаҳсул, истифодаи таҷрибаи хориҷии идоракунии меҳнат дар қаринаи таъмини шуғли пурмаҳсул, сифати касбии захираҳои меҳнатӣ, ҳамчун омили шуғли пурмаҳсул, механизмҳои танзими бозори меҳнати ҷумҳурӣ дар раванди рушди шуғли пурмаҳсул, танзими муносибатҳои меҳнатӣ ҳамчун омили рушди шуғли пурмаҳсул, мушкилоти назариявии тағйирёбии бозори меҳнат дар шароити ташкил ва рушди шуғли пурмаҳсул дар ҷумҳурӣ, тақвиятбахшии ҷанбаҳои иҷтимоию иқтисодии рушди шуғли пурмаҳсул дар деҳоти ҷумҳурӣ, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ дар қаринаи шуғли пурмаҳсул, диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ, мушкилоти таъмини шуғли пурмаҳсули муҳоҷирони дохилӣ, истифодаи самараноки захираҳои меҳнатӣ ҳамчун асоси таъмини рушди устувори шуғли пурмаҳсул дар кишвар, нақши бамеъёргирии меҳнат ва музди меҳнат дар таъмини шуғли пурмаҳсул.
Дар асоси таклифу пешниҳодоти ширкатдорони ҳамоиши илмӣ-амалӣ бо мақсади самараноктар гардонидани раванди тақвиятбахшии рушди низоми шуғли пурмаҳсул, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъмини гуногунсамтии муҳоҷирати меҳнати тавсияҳои илман асоснок пешниҳод гардонида шуданд.