img
МАҶЛИСИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ  АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НУҲМОҲАИ СОЛИ 2024 БАРГУЗОР ГАРДИД

 

Имрӯз 14 октябри соли равон дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҳасанзода Гулнора Кенҷа маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти сохторҳои вазорат дар 9 моҳи соли равон баргузор ва мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар кори маҷлис сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои марбутаи вазорат ширкат намуда, аз натиҷаи корҳои иҷрошуда гузориш доданд.

 

Сипас муҳтарам Ҳасанзода Гулнора Кенҷа вобаста ба дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ёдовар шуда, махсус қайд намуданд, ки масъалаҳои муҳоҷират яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат буда, аллалхусус дар мадди назари Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва мо масъулинро низ зарур аст, ки дар ин самт аз ҳама имконияту воситаҳо самаранок истифода намуда, ҷиҳати фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои шаҳрвандон, беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии онҳо, ҷалб намудани онҳо ба омузиши забонҳо, азхуд намудани касбу ҳунар, бештар намудани ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод инчунин усули хона ба хонаро ба таври зарурӣ ба роҳ монем.

 

Иҷрои нишондиҳандаҳои дурнамо барои соли 2024 пешбинишудаи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2023 - 2027 дар 9 моҳи соли соли равон зиёда аз 93,3% фоиз таъмин гардид. Дар ин раванд ҷиҳати ҷалби бештари аҳолӣ ба касбомӯзӣ тибқи талаботи корфармоён курсҳои кӯтоҳмуддат ташкил карда шуда, корҳои тарғиботи тавассути воситаҳои ахбори омма барои фарогирии бештари шаҳрвандон вусъат дода шуд.

 

Инчунин моро зарур аст, ки тибқи дастури Ҳукумати кишвар усули хона ба хонаро ба таври зарурӣ ба роҳ монда, ҷиҳати коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ дар дохили кишвар тавассути ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод инчунин корхонаҳои бунёдгардида ҷиддан масъул бошем.

 

Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ вазифадор гардид, ки якҷо бо сохторҳои маҳаллӣ ҷиҳати сафарбаркунии шаҳрвандони бекор, ки касбу ҳунар надоранд, тавассути роҳхатҳо барои касбомӯзӣ дар доираи маблағҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2023 - 2027 дар заминаи МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон”, корхонаҳои воҳиди давлатии системаи агентӣ, муассисаҳои давлатӣ, инчунин бокортаъминкунии минбаъдаи онҳо тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намоянд.

 

Барои фаъолияти самараноки субъектҳои интиқолдиҳандаи қувваи корӣ ба хориҷи кишвар, ки дорои иҷозатнома мебошанд, мусоидат намуда, ҳамзамон раванди рақамикунонии хизматрасониҳои Хадамоти муҳоҷират, аз ҷумла додани иҷозати кор ба муҳоҷирони меҳнатиро тезонанд.

 

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳама имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, кушиш ба харҷ медиҳад, ки иҷрои босифат ва саривақтии дастуру супоришҳои Ассосгузори сулҳу ваҳлати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои Ҳукумати кшивар ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намояд.

14.10.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ