img
ХОНИШИ ИДОРАВӢ ДАР МАВЗУИ “ТАРТИБИ ТАҲИЯ, ҚАБУЛ ВА БАҚАЙДГИРИИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚИИ ВАЗОРАТУ ИДОРАҲО ВА МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ”

Санаи 5-уми декабри соли 2025 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши идоравӣ дар мавзуи “Тартиби таҳия, қабул ва бақайдгирии санадҳои меъёрии ҳуқуқуқии вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Суман Султон - сардори шуъбаи қонунгузории маориф, илм, фарҳанг ва иттилооти сарраёсати қонунгузорӣ ва Назарзода Маҳина - сармутахассиси шуъбаи баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии раёсати баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иштирок доштанд.

 

Дар хониши идоравии мазкур кормандони дастгоҳи марказии Вазорат, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва дигар сохторњои низоми вазорат иштирок намуданд. Чорабинии мазкурро муовини вазир Норзода Ш., оғоз намуда, баъдан суханро ба намояндагони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода, намояндагон дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”  маълумот дода, мафњумњои асосии онро бо мисолҳо шарњ дода, баъдан оид ба техникаи ҳуқуқии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муаррифӣ намуданд.

 

Ќайд гардид, ки қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ танзим намуда, принсипҳои асосӣ, мафҳум, намуд, низом, таносуби байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, эътибори ҳуқуқӣ, тартиби умумии таҳия, экспертиза, қабул, интишор, баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ, амал, тафсир, мураттабсозии онҳо ва роҳҳои ҳалли ихтилофоти ҳуқуқиро муайян мекунад. Дар хониши идоравии мазкур муҳтавои ҳар як бобу моддаи қонуни мазкур ба иштирокчиён шарҳ дода шуда, ба саволҳои иштирокчиёни ҳамоиш посухњои мушаххас дода шуд.

07.12.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ