Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 юми май рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷашни гирифта мешавад ва ба ин муносибат имрӯз, 19 уми майи соли 2024 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур кормандони касбу кори гуногун аз вазорату идора ва кумитаву муассисаҳои давлатӣ ва сокинону меҳмонони пойтахт бо ҳиси баланди ватандустиву хештаншиносӣ фаъолона иштирок намуданд.
Дар қатори дигар кормандони вазорату кумита, ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва сокинону меҳмонони пойтахт ҳамзамон роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои таркибии вазорат ширкат варзинданд.