6 январи соли 2025 дар толори бинои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” таҳти роҳбарии муовини вазир Давлатзода Қиёмиддин ҷаласа баргузор гардид. Муҳтарам Давлатзода Қиёмиддин бо сухани ифтитоҳӣ қайд намуданд, ки Роҳбари давлат дар баромадашон доир ба нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва дигар омилҳои берунӣ суханронӣ намуда, ҷиҳати пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ дастур доданд.
Дар ин замина моро зарур аст, ки дар амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодӣ ҷиҳати беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии мардум тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоем. Давлатзода Қиёмиддин қайд намуданд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди кишвар беш аз 4,1 миллион ҷойи корӣ таъсису барқарор карда шудааст. Бо мақсади танзими самараноки бозори меҳнат зарурати бунёди ҷойҳои нави корӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт ба миён омадааст.
Бо ин хотир соҳаҳои калидӣ аз ҷумла масъулинро зарур аст, ки дар панҷ соли оянда дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъсис додани беш аз 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи кории нав дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд. Ҳамзамон Пешвои муаззами миллат қайд намуданд, ки як соли охир 4 маркази касбомӯзию хизматрасонӣ ва рушди малакаҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар мавриди истифода қарор дода шуд.
Вобаста ба паҳлуҳои муҳими Паём Роҳбари давлат вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳоро инчунин дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар ҷойҳои сераҳолии кишвар таъсис додани марказҳои касбомӯзиву хизматрасонӣ ва рушди малакаҳоро бо мақсади соҳибкасб намудани аҳолии кишвар ва рақобатнок гардонидани қувваи дастур доданд. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар дар доираи Паёми ироанамудаи Роҳбари давлат вазорат муваззаф гардидааст, ки новобаста аз натиҷаҳои бадастомада, бо мақсади бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ва беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти вазорат ва сохторҳои он дар соли 2025 андешидани тадбирҳои зерин ба мақсад мувофиқ дониста мешаванд:
2. Тақвияти додани масъалаҳои диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатии беруна бо дарназардошти муташаккилона сафарбар намудани муҳоҷирони ва омодагии ҳамачонибаи онҳо пеш аз сафар, бахусус ба касбомӯзӣ фарогирии онҳо, тақвияти ҳамкориҳо бо ҳамтоён аз мамолики хориҷи дуру наздик;
3. Мунтазам гузаронидани мониторинг оид ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таҳияи механизмҳои муосир ҷиҳати ҷалби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ;
4. Бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатии кормандон ва аз байн бурдани шуғли ғайрирасмӣ ҳамкорӣ бо шарикони иҷтимоӣ (Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоён, Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат ва воситаи ахбори омма);
5. Татбиқи саривақтӣ ва босифати стратегия, консепсия ва барномаҳои соҳавӣ, нақшаи чорабиниҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва грантӣ якҷо бо шарикони рушд ва вазорату идораҳои дахлдор;
6. Якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва НТҶ андешидани тадбирҳои иловагӣ вобаста ба дастгирии ҳунармандон, пайгирии таъсиси шаҳракҳои ҳунармандон дар маркази шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;
7. Андешидани тадбирҳои муосир ҷиҳати таъмини “Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки аз паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани солҳои 2025 – 2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” ба ин васила, ташкил намудани ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар соҳаи саноат барои шаҳрвандони бекор, корҷӯй ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта ва соҳибкасб гардонидани шаҳрвандони аз 18 сола боло, ки касбу ҳунар надоранд;
9. Гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ оид ба фаҳмондадиҳии меъёрҳо ва қоидаҳои танзими муносибатҳои меҳнатӣ;
10. Таҳияи Нақшаи амалӣ ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат оид ба меҳнати арзанда барои солҳои 2025 – 2026;
11. Аз нав таҳия ва ба тасвиб расонидани лоиҳа қарори Ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Тартиб ва андозаи ҷуброни хароҷоти сафарҳои хизматӣ дар ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд”.
Дар фарҷом муовини вазир бори дигар таъкидҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки пайваста дар баромадҳояшон ёдовар мешаванд, ҳурмати шахсони муқаддас алалхусус падару модар, хоҳару бародар, инчунин эҳтироми кормандон ва дигар ашхосро ба ҳозирин иброз намуданд. Вазорат бо истифода аз ҳама имкониятҳои мавҷуда кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки иҷрои босифат ва саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои Ҳукумати кишвар ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намояд.