Бо мақсади татбиқи «Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи нақша чорабиниҳо оид ба гузаронидани машғулиятҳои идоравӣ дар соли 2025 ва Нақшаи Комиссия оид ба одоби хизматчиёни давлатии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ санаи 10 январи соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи вазорат бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва воҳидҳои сохтории он ҷаласаи комиссияи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ оид ба масъалаи интизоми хизматчии давлатӣ баргузор гардид.
Вобаста ба масъалаи мазкур, заминаҳои ҳуқуқӣ ва мубрамияти дар низоми хизмати давлатӣ ҷорӣ намудани меъёрҳои одоб муовини сардори раёсат-сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси раёсати ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳо Раҳимов Ҳабибулло Ҳалимович баромад карда, иброз намуд, ки қабул ва татбиқу риояи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти давлатӣ фазои солимро ба вуҷуд оварда, идоракунии самаранок таъмин мегардад.
Дар раванди баромад мавсуф дар бораи таҷрибаи байналмилали тибқи меъёрҳои одоб, марҳилаҳои таҳия ва қабули Кодекси одоби хизматчии давлатӣ (солҳои 2004, 2010 ва 2015), принсипҳо, уҳдадориҳои хизматчии давлатӣ, тартиби риояи онҳо, шарҳи мафҳумҳои интизоми давлатӣ ва хизматӣ инчунии механизми назорати ҷараёни татбиқи Кодекс, вазифаҳои роҳбари мақом ҷиҳати андешидани тадбирҳои татбиқи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ва дигар паҳлуҳои ин падида ибрози назар карда, ҳозиринро дар робита ба таъкиду ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиш ва риояи бемайлони талаботи Кодекси одоби хизмати давлатӣ даъват намуданд.
Инчунин, қайд карда шуд, ки дар Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳумҳо аз қабили садоқат ба Ватан ва ба халқи Тоҷикистон, инсондӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ, шаффофият дар хизмати давлатӣ, таҳаммулпазирӣ, поквиҷдонӣ ва беғаразӣ шарҳу тавзеҳи худро ёфтааст.