img
МУСОҲИБАИ МУСТАҚИМ БО КОРФАРМОЁНИ ДАВЛАТИ ҚАТАР ДАР ДУШАНБЕ

Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини гуногунсамтии муҳоҷирати меҳнатӣ ва амалӣ намудани созишномаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ дар Давлати Қатар аз 3 феврали соли 2019 соли 2025 фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома пайдо карда, дар натиҷаи гуфтушунидҳои роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақомоти дахлдор ва корфармоёни қатарӣ тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати омода ва сафарбар намудани шаҳрвандони корҷӯйи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар роҳандозӣ гардида, шароити мусоид барои бокортаъминкунии қонунӣ фароҳам гардид.

 

Дар доираи мувофиқаҳои бадастомада байни Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Jusour»-и Давлати Қатар, ки шаш ширкати бузурги давлатии Давлати Қатар - Ali Bin Ali, United Development Company (UDC) — таҳиякунандаи лоиҳаи “The Pearl-Qatar”, Rosewood Hotels, Accor Hotels (Fairmont ва Raffles), Marriott Group (Ritz Carlton ва Sheraton) ва Qatar Airwaysро муттаҳид менамояд, тасмим гирифта шуд, ки мусоҳибаи бевоситаи корфармоён ва довталабони кор дар Қатар рӯзҳои 25, 26 ва 27 январи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.

 

Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» ҷиҳати тибқи талаботи корфармоёни қатарӣ омода намудани шаҳрвандони хоҳишманд корҳои дахлдорро анҷом дода, зиёда аз 450 нафарро ба ҳолати 24 январи соли 2026, ки соҳиби ихтисосҳои мавриди талаботи корфармо ва донандагони забонҳои англисӣ ё арабӣ мебошанд, барои мусоҳиба номнавис карда, ҷиҳати дар портали «Tawzeef» ба қайд гирифтан мусоидат намуданд ва ин раванд идома дорад.

 

Инак, намояндагони ширкатҳои “Ҷусур”,  Ali Bin Ali, United Development Company (UDC) — таҳиякунандаи лоиҳаи “The Pearl-Qatar”, Rosewood Hotels, Accor Hotels (Fairmont ва Raffles), Marriott Group (Ritz Carlton ва Sheraton) ва Qatar Airways-и Давлати Қатар дар Душанбе қарор доранд.

 Имрӯз мусоҳибаи корфармоён бо гурӯҳҳои аввалини довталабони кор дар Қатар оғоз гардида, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа аз ҷараёни баргузории мусоҳибаҳо дидан намуда, бо довталабони кор дар Қатар суҳбат анҷом дод. 

 

Бояд қайд намуд, ки довталабон аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ буда, донишу маҳорату малакаи худро вобаста ба кори интихобкарда бевосита ба корфармо муаррифӣ менамоянд.

Фароҳам овардани чунин шароит дар дохили ҷумҳурӣ имкон медиҳад, ки шаҳрвандонамон минбаъд дар хориҷи кишвар осон ва бе мушкилӣ ҷойи кор пайдо намуда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ тариқи қонунӣ ва муташаккилона сафар намоянд.

 

Мусоҳиба дар бинои меҳмонхона ва маркази савдои Crowne Plaza Dushanbe, воқеъ дар кӯчаи Низомии Ганҷавӣ 1, рӯбарӯи тарабхонаи «Чаманоро», дар ҳудуди шаҳраки донишҷӯён (Ҷазира) ҷараён дошта, рӯзҳои 26 ва 27 январи соли ҷорӣ идома меёбад.

 

Ширкатҳои қатарӣ ба кормандон дар бахшҳои меҳмондорӣ, логистика, ҳавопаймоӣ, инчунин вазифаҳои техникӣ, ронандагӣ, хизматрасонӣ ва ғайра эҳтиёҷ доранд.

26.01.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ