img
НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 30 июли соли 2025 тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2025 тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 марти соли 2005, №АП-1677 нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2025 баргузор гардид.

 

Дар нишасти матбуотӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода, мудири шуъбаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабборзода Гулрӯ, муовини якуми вазир Каримзода Насим, муовинони вазир Ашурализода Абдураҳмон, Норзода Шариф, сардорони раёсат, роҳбарони сохторҳои вазорат ва 60 нафар намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд. Рӯзноманигорони воситаҳои ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла аз расонаҳои хабарии АМИТ “Ховар”, “Ҷумҳурият”, “Минбари халқ”, “Народная газета”, “Азия - плюс”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Бонувони Тоҷикистон”, “Радиои Тоҷикистон”, “Радиои Садои Душанбе”, “Радиои овози Тоҷик”, ”Радиои Фарҳанг” телевизионҳои “Тоҷикистон”, “Сафина”, ”Ҷаҳоннамо”, “Душанбе HD”, “Синамо”, “Илм ва табиат”, “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “РИА Новости”, “ТААС”, ТВ “Мир” ва дигар навъи ВАО ширкат варзиданд.

 

Ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2025 бо мақсади рушди низоми қонунгузории соҳа ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию ташкилӣ 5 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардид. Айни замон бо назардошти лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар соли 2024 таҳияшуда, 5 лоиҳа дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 лоиҳа дар мувофиқаи вазорату идораҳо ва 7 лоиҳаи санади ҳамкорӣ дар марҳилаи мувофиқасозии тарафҳо бо кишварҳои гуногун қарор доранд.

 

Зикр гардид, ки дар натиҷаи татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2023-2027, дар маҷмуъ, 41205 нафар шаҳрванди бекор ва муҳоҷирони меҳнатӣ бо ҷойҳои кории доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъмин гардиданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024, 305 нафар ё 0,7 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла, тавассути ҷойҳои кории бандшуда (квотаҳо) 4640 нафар, корҳои фардӣ 1199 нафар, тариқи ҷалб ба корҳои ҷамъиятии музднок 3478 нафар, илова ба ин тибқи роҳхатҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 9179 нафар дар марказҳои таълимӣ ба омӯзиш фаро гирифта шуданд ва ба 9550 нафар кумакпулӣ барои давраи бекорӣ таъин ва пардохт гардид.

 

Бо мақсади мусоидат намудан ба шаҳрвандони бекор барои дарёфти ҷойи кор аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 509 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, дар натиҷа 10771 нафар шаҳрванди бекор ва корҷӯ ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб шуданд. Қайд карда шуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2025, дар маҷмуъ, 106,6 ҳазор нафар аз хизматрасониҳои давлатии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ бархӯрдор гардида, иҷрои нишондиҳандаи барнома дар ин давра ба андозаи 61,6 фоиз таъмин карда шуд.

 

Ҳамзамон, дар нимсолаи якуми соли 2025 дар заминаи Муассисаи давлатии “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир”, марказҳои таълимии низоми Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вазорат ва дигар муассисаҳои таълимии дар ҷумҳурӣ фаъолиятдошта 36294 нафар ба курсҳои кӯтоҳмуддати тайёрии касбӣ ва Тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия ҷалб гардиданд. Аз ҷумла, аз ҳисоби маблағҳои буҷети Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар муасисаҳои таълимӣ 9179 нафар, тавассути худмаблағгузорӣ 7828 нафар ва тибқи Тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия 7104 нафар ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд, ки аз шумораи умумии ин нишондиҳанда 24111 нафар танҳо тавассути марказҳои таълимӣ низоми вазорат анҷом додда шудааст.

 

Бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ тавассути роҳхатҳои иловагӣ 12183 нафар дар дигар марказҳои таълимии дар ҷумҳурӣ фаъолиятдошта тавассути худмаблағгузорӣ ба курсҳои тайёрии касбӣ сафарбар гардида, нишондиҳандаи солонаи барнома дар сатҳи 42,5 фоиз таъмин карда шуд.  Дар ин давра тавассути марказҳои рушди малакаҳои касбӣ, касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ 961 нафар ба касбомӯзӣ аз рӯйи 18 касб, инчунин омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ ва кореягӣ фаро гирифта шуданд.

 

Дар маҷмуъ, дар ин давра 2777 нафар тавассути муассисаҳои таълимии низоми вазорат ба забономӯзӣ ҷалб карда шудаанд.  Бо мақсади эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар давраи ҳисоботӣ дар муассисаҳои таълимии низом 6604 нафар ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, ҷалб гардиданд. Дар баробари пешниҳоди маълумоти мушаххас доир ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2025 аз ҷониби 10 нафар хабарнигорон зиёда аз 20 савол пешниҳод шуда, ба ҳар кадоми он аз ҷониби вазир, муовинони вазир ва роҳбарони сохторҳои вазорат посухҳо дода шуданд.

 

04.08.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ