img
Вохӯрии муовини вазир бо ваколатдори махсуси Вазорати федералии корҳои дохилии Ҷумҳурии Федеративии Олмон оид ба масъалаҳои муҳоҷират Людвиг Юнг

https://www.facebook.com/share/p/1B3MNmrSwJ/  

 

Санаи 11 майи соли 2026 муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф бо ваколатдори махсуси Вазорати федералии корҳои дохилии Ҷумҳурии Федеративии Олмон оид ба масъалаҳои муҳоҷират Людвиг Юнг ва ҳайати ҳамроҳон мулоқот намуд.

 

Ҷонибҳо дар оғози мулоқот ҳамкориҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии  Федеративии Олмонро муҳим арзёбӣ намуда, таъкид намуданд, ки сатҳи баланди эътимоди мутақобила, эҳтироми тарафайн ва иродаи устувори ҷонибҳо дар таҳким ва рушди муносибатҳои дӯстона миёни Тоҷикистону Олмон дар самти муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мусоидат намуда истодааст.

 

Зимни мулоқот масъалаҳои омодасозии кадрҳои рақобатпазири ба талаботи бозори дохил ва хориҷи кишвар ҷавобгӯ, муҳоҷирати қонунӣ муташаккилонаю бехатар ва омӯзиши забони олмонӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

 

Дар охири мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои минбаъда дар самти пешгирии муҳоҷирати ѓайриқонунӣ изҳори умедворӣ намуданд.

 

 

 

12.05.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ