img
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - ЗАМИНАҲОИ НАВИ СТРАТЕГӢ БАРОИ ТАҲКИМ БАХШИДАНИ ШУҒЛИ УСТУВОР ВА БОЗОРИ МЕҲНАТ

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 декабри соли 2025) самтҳои калидии рушди иқтисод, шуғли аҳолӣ ва бозори меҳнатро муайян намуда, барои таъсиси ҷойҳои нави нави корӣ, коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ ва рушди касбомӯзии муосир заминаи воқеӣ фароҳам меорад. Ин санади стратегӣ роҳҳои асосии таъмини шуғли устувор ва истифодаи самараноки захираҳои инсонӣ дар кишварро нишон медиҳад.

 

Дар шароити тағйироти босуръати иқтисодии ҷаҳонӣ, афзоиши рақобат дар бозори меҳнат ва таҳдидҳои иҷтимоӣ, масъалаҳои шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ барои Тоҷикистон аҳамияти калидӣ доранд. Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2025 дар ин замина на танҳо ҳамчун санади сиёсӣ, балки ҳамчунин, платформаи стратегии рушди захираҳои инсонӣ ва бозори меҳнат баромад менамояд.

 

Бояд дарҷ намуд, ки рушди босуръати иқтисод асоси таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад. Бинобар ин, дар Паёми Сардори давлат ба саноатикунонӣ, коркарди ашёи хом, рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки маҳз рушди иқтисод заминаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани шуғли устувор маҳсуб меёбад. Гузариш аз иқтисоди истеъмолӣ ба иқтисоди истеҳсолӣ метавонад сохтори бозори меҳнатро тағйир дода, талабот ба қувваи кории соҳибкасбро афзоиш диҳад. Хусусан, рушди иқтисодӣ дар минтақаҳо метавонад муҳоҷирати меҳнатиро коҳиш дода, аҳолиро дар маҳалли зист бо ҷойи кор таъмин намояд.

 

Чуноне ки ба назар мерасад, мушкилоти асосии бозори меҳнат -ин номувофиқатии тахассусҳо бо талаботи бозори меҳнати муосири зудтағйирёбанда мебошад. Бинобар ин, дар Паёми навбатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати мутобиқ намудани низоми таҳсил ва касбомӯзиро ба эҳтиёҷоти воқеии иқтисод таъкид намуданд.

 

Сиёсати фаъоли шуғл, аз ҷумла бозомӯзӣ, дастгирии соҳибкории хурд ва худиштиғолӣ метавонад барои ҷавонон ва муҳоҷирони ба ватан баргашта имкониятҳои нави корӣ фароҳам оварад. Роҳи асосии коҳиши муҳоҷирати меҳнатӣ дар Паёми навбатии Сарвари давлат рушди шуғли дохилӣ таъкид ёфтааст. Ҳамгироии муҳоҷирони баргашта ба бозори меҳнати кишвар ва истифодаи таҷрибаи касбии онҳо метавонад ба рушди иқтисоди миллӣ мусоидат намояд.

 

Дар Паём ба рушди таълими калонсолон ва касбомӯзии муосир аҳамияти махсус дода шудааст. Омӯхтани касб ва такмили ихтисос ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки ба талаботи нави бозори меҳнат мутобиқ шаванд. Аз ҷониби дигар, ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо бахши хусусӣ метавонад сифати тайёр намудани кадрҳоро баланд бардорад. Вобаста ба ин, дар сурати ҳамгироӣ ва ҳамоҳанг сохтани сиёсати иқтисодӣ, шуғл, муҳоҷират, таҳсилот метавон ба натиҷаҳои устувор ноил гардид.

 

Ҳамзамон бо ин, рушди иқтисоди рақамӣ барои ҷавонон имкониятҳои нав — ҷойҳои кории фосилавӣ ва соҳибкории маҷозиро (онлайнӣ) — фароҳам меорад, ки он метавонад алтернативаи воқеӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ гардад. Паёми навбатии Роҳбари давлат ба Парлумони мамлакат нишон медиҳад, ки рушди иқтисодӣ бояд бо фарҳанги меҳнат ва маънавиёт ҳамоҳанг бошад.

 

Тарбияи эҳтиром ба меҳнат ва масъулияти иҷтимоӣ дар ҷомеа метавонад шаҳрвандонро ба истифодаи имкониятҳои дохилӣ водор намояд ва муҳоҷирати меҳнатиро ба тадриҷ коҳиш диҳад.

Вазифаҳо ва самтҳои афзалиятнок дар самти бозори меҳнат, шуғл ва таҳсилот

Вазифаҳои асосие, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба  рушди бозори меҳнат, шуғл ва таҳсилот гузошта шудаанд, тақвият бахшидани фаъолиятро дар самтҳои зерин муайян мекунад:

 

  1. Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва хизматрасонӣ.
  2. Рушди низоми касбомӯзӣ ва бозомӯзии аҳолӣ.
  3. Мутобиқ намудани сатҳҳои таҳсилот ба талаботи бозори меҳнат.
  4. Ҷалби ҷавонон ба соҳибкорӣ ва фаъолиятҳои истеҳсолӣ.

 

Дар робита ба ин, дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид мегардад, ки таъмини шуғли устувор ва коҳиши муҳоҷирати меҳнатӣ танҳо бо роҳи рушди иқтисоди миллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди касбомӯзӣ ва ташаккули фарҳанги меҳнат имконпазир аст.

 

Бинобар ин, татбиқи пайгирона ва саривақтии ҳадафҳое, ки дар Паёми навбатии Роҳбари давлат гузошта шудаанд, барои рушди минбаъдаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ заминаи боэътимод фароҳам оварда, аз ҳар як узви ҷомеаи кишварамон новобаста аз касбу кор барои ба анҷом расонидани рисолати шаҳрвандии худ дар пойдории истиқлолияти комили ҷумҳурии азизамон, идомаи корҳои созандагӣ ва вобаста ба сазовор истиқбол намудан аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваҳдату ягонагиро талаб менамояд.                                                                   

 

М Ормонов

 

Корманди ГТЛ «Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ»-и назди

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Аълочии соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

29.01.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ