Имрӯз санаи 21 ноябри соли равон дар бинои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо Сайдулло баргузор гардид. Дар кори маҷлис аъзоёни Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин даъватшудагон аз вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд.
Маҷлисро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ оғоз намуда, аъзоёни Комисияро бо рузномаи маҷлис шинос намуд. Сипас суханро ба муовини раиси Комиссия- Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа доданд. Муҳтарам вазир доир иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2023, № 309 “Дар бораи Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 20240 ва Нақшаи амали солҳои 2023-2025 гузориш доданд.
Доир ба рузномаи маҷлис дар бораи рафти иҷрои протоколи №4/43-17 маҷлиси Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2024 муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ гузориш доданд. Зикр намуданд, ки бо мақсади иҷрои қарори мазкур бо фармоиши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2023 Нақшаи чорабиниҳои вазорат бо фарогирии 67 банд таҳия гардида, тамоми сохторҳои дахлдори вазорат якҷо бо дигар вазорату идораҳои муваззафгардида корбарӣ намуда истодаанд. Дар фарҷом нақшаи кори Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2025 тасдиқ ва қабул гардид.