img
БОЗДИДИ ҲАЙАТИ МЕҲМОНОН АЗ МАРКАЗИ РУШДИ МАЛАКАҲО ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

 

Дар доираи баргузории ҷаласаи XXVIII Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ ҳайати меҳмонон - намояндагони мақомоти муҳоҷирати ҷумҳуриҳои Белорус, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ҷиҳати боздид аз Маркази рушди малакаҳо ба ноҳияи Данғара сафар намуданд. Ҳайати мазкурро муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Қ. ҳамроҳӣ намуда, меҳмонон бо шароити бинои навбунёд, ки рӯзи 24 майи соли 2024 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд, аз наздик шинос шуданд.

 

Маркази мазкур дар доираи амалӣ намудани лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” таъсис ёфта, дорои биноҳои таълимӣ ва хобгоҳи ҳар кадом иборат аз 4 ошёна, устохонаҳои таълимӣ-истеҳсолӣ, биноҳои ёрирасон ва майдончаи варзишӣ мебошад. Маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғара барои беҳтар кардани хизматрасонӣ ба ҷавонон ва занони корҷӯ нигаронида шуда, дар он хизматрасонии мукаммали маҷмуӣ оид ба бокортаъминшавӣ, аз ҷумла омӯзиши малакаҳои касбӣ, барномаи омӯзишии озмоишии нав ва бештар нигаронидашуда ба малакаҳои нарм, пешниҳоди хизматрасониҳои машваратӣ оид ба шуғл барои мутобиқ кардани манфиатҳо ва малакаҳо бо ҷойҳои кории эҳтимолии пешниҳодшаванда ва пешниҳоди барномаҳои омӯзишии малакаҳои Технологияҳои иттиллотию коммуникатсонӣ барои бахшҳои алоҳида ба роҳ монда мешавад, ки фароҳам овардани чунин имкониятҳо мавриди таваҷҷуҳи меҳмонон қарор гирифт.

 

Ҳамзамон, дар дохили он, маркази нигоҳубини кӯдакон ва хобгоҳ бо иқтидори 160 ҷойи хоб, инчунин ҳуҷраҳои санитарӣ, дарзмолкунӣ, либосшӯйӣ, буфет ва 2 лифт ташкил карда шуда, барномаи озмоишии стипендия (идрорпулӣ) барои занони корҷӯ пешбинӣ мегардад. Дар марказ аз барои ташкили гурӯҳҳои касбомӯзӣ рӯйи касбҳои сабзавоткор, коргари коркарди меваю сабзавот, таъмигари техникаи кишоварзӣ, роҳбари хоҷагии деҳқонӣ ва таъмигари асбобҳои рӯзгор шароити таълими назариявию амалии муосир фароҳам оварда шудааст, ки дар мувофиқа бо вазорат ва ассотсиатсияҳои соҳавӣ муайян шудаанд.

 

Барномаҳои таълимӣ дар асоси методологияи таълим дар асоси салоҳият таҳия карда мешаванд. Барои ҳавасманд кардани занон ҷиҳати иштирок дар раванди таълим, ба онҳо шароити нигоҳубини кӯдакон ва стипендия пешниҳод карда мешавад. Машваратҳо оид ба бакортаъминшавӣ бо истифодаи таҷҳизоти таҷдидшудаи ТИК (технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ) ва нармафзор барои санҷиши қобилият пешниҳод мегардад.

 

Ҳамчунин, дар маркази мазкур сехи хурди коркарди меваю сабзавот ҷиҳати таҷрибаомӯзии истеҳсолии шунавандагон бо таҷҳизоти муосир насб ва мавриди истифода қарор дода шудааст. Ба ҳайати меҳмонон шароитҳо ва имкониятҳои марказ тариқи рунамо муаррифӣ карда шуда, меҳмонон ба ҳамкориҳои судманди сохторҳои давлатии Тоҷикистон бо шарикони рушд, омодагии касбии шаҳрвандон, талаботи бозори меҳнати ҷумҳурӣ ва таҷрибаи ҳамдигарӣ таваҷҷуҳ намуда, мубодилаи афкор сурат гирифт.

28.05.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ