img
📣 ЭЪЛОН КОРИ МУВАҚҚАТӢ ДАР ҚАТАР

Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъмикунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо ширкати «Ҷусур» (Jusour)-и давлати Қатар, шаҳрвандони Тоҷикистонро ба кори муваққатӣ даъват менамояд.

 

ҚАДАМИ АВВАЛ МУСОҲИБА:

Мусоҳибаи навбатии довталабон барои сафарбар кардан ба кори муваққатӣ дар Қатар рӯзи панҷшанбе, 30 октябри соли 2025 дар суроғаи Агентӣ баргузор мегардад.

 

ТАЛАБОТИ КОРФАРМО:

  • Сину солл: Аз 21 то 45 сола;
  • Забон: Донистани забони англисӣ (дар сатҳи муошират);
  • Бақайдгирӣ: Дохил шудан ба Портал (tawzeef.qa).

 

ВАКАНСИЯҲО:

  • Ронандагони автобус (Bus Driver);
  • Ронандагони таксӣ (Taxi Driver);
  • Кормандони фурудгоҳ (Airport Staff);
  • Механики автомобилҳо (Car Mechanic);
  • Механики вазнбардор (Heavy Vehicle Mechanic);
  • Механики автобусҳо (Bus Mechanic);
  • Мутахассиси рангубор (Painter) ва ғайра;
  • Хизматрасонӣ дар меҳмонхона (Room Attendant);
  • Пешхизмат (Waiter/Waitress);
  • Ошпази таомҳои миллӣ (Chef) ва ғайра.

МАОШ ВА ИМТИЁЗҲО:

  • Музди асосӣ (Ронандагони автобус/таксӣ): QAR ≈2364 (≈650 USD);
  • Музди асосӣ (Кормандони фурудгоҳ) QAR 2546–2910 (≈700–800 USD);
  • Музди асосӣ (Вазифаҳои дигари техникӣ/Хизматрасонӣ): QAR 2000–3000 (≈550–825 USD);
  • Илова барои хӯрок: 300 QAR (≈82 USD);
  • Ҷои истиқомат ва нақлиёт: Таъмин карда мешавад;
  • Суғурта: Суғуртаи тиббӣ ва ҳаётӣ аз ҷониби корфармо;
  • Рӯхсатӣ: 21 рӯзи таътили солона (пас аз 11 моҳи корӣ).

 

ТАРТИБИ МУРОҶИАТ ВА ТАМОС:

Хоҳишмандон метавонанд ба Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъмикунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суроғаҳои зерин муроҷиат кунанд.

 

Суроғаи марказии муассиса дар Шаҳри Душанбе, кучаи Лоҳутӣ, бинои 80.

Телефонҳо: 221-39-67, +992 55 555 1080, +992 987 906 666, +992 915 767 743, +992 908 661 652, +992 918 391 575, +992 930 934 994, +992 931 137 171

 

СУРОҒАИ МИНТАҚАВИИ МУАССИСА:  

  • Хуҷанд: маҳаллаи 28, бинои 2А, 📞 +992 92 807 99 99;
  • Бохтар: кӯчаи Файзалӣ Саид, 69, 📞 +992 90 580 00 63, +992 93 487 88 28;
  • Хоруғ: кӯчаи Н. Атобек, 16, 📞 +992 93 510 14 39;
  • Панҷакент: Корманди масъул, 📞 +992 92 810 05 53;

 

  • Сомона: https://khorijakor.tj/
27.10.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ