img
ДАР ПАРТАВИ НОДИРТАРИН ДАСТОВАРДИ СИЁСИВУ САРНАВИШТСОЗ

 

Истиқлоли давлатӣ барои миллати тамаддунофари тоҷик нодиртарин дастоварди сиёсиву сарнавиштсоз ба ҳисоб рафта, оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдории тоҷикон, марҳалаи тоза дар ташаккули тафаккур ва фалсафаи давлатдорӣ мебошад. Баъд аз садсолаҳо бори дигар миллати соҳибтамаддуни мо имконияти эҳёи суннатҳои аҷдодии давлатдориро ба даст овард ва Тоҷикистони азиз дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр ва ташаббускори сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ гардид.

 

Бояд гуфт, ки Истиқлол  дар баробари дигар равандҳои ҷомеа, ҳамеша  ниёз  ба ваҳдати миллӣ  ва амнияти дохилию  хориҷӣ  дорад. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон иброз менамоянд: «Мову шумо дар даврони соҳибистиқлолӣ борҳо марҳалаҳои мушкилу сангинро паси сар намуда, аз ҳолатҳои бисёр вазнин сарбаландона баромадем, аз ҷумла хатари нестшавии давлат ва пароканда гардидани миллатро бартараф кардем ва ба пешрафти давлату ҷомеа муваффақ шудем. Аз ин рӯ, ҳамаи мо вазифадорем, ки бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу оромии кишвар, ба хотири фардои неку ободи ватанамон ҳарчи бештар заҳмат кашида, Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонем. Мову шумо ба хотири боз ҳам беҳтар гардондани шароити рӯзгори мардумамон бояд дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ сарфаю сариштакор бошем, зиёдаравӣ  накунем ва фарзандонамонро дар ҳамин руҳия тарбия намоем».

 

Воқеан, истиқлолу озоди барои мо имконият фароҳам овард, ки тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба пешравӣ рӯ оваранд. Аз ҷумла, мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва ба ин тариқ  беҳтар гардонидани вазъи зисту зиндагии сокинони биҳиштосои кишварамон дар мадди аввали назар қарор гирифт.  Дар ин самт бисёр тадбирҳои муҳим андешида шуданд, ки ҳар яки он барои беҳтар гардидани шарту шароит ва зисту зиндагонии мардуми кишвар равона гардид. 

 

Бояд гуфт, ки ҳадафи асосии сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ба даст овардани мувозинат байни талабот ва пешниҳоди қувваи корӣ ва дар ҳамин радиф амалӣ намудани сиёсати фаъол дар бозори меҳнат мебошад. Ин буд, ки шуруъ аз соли 1995 то соли 2025 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, стипендия, кумакпулӣ ва ҷубронпулӣ ба ҳисоби миёна 20 маротиба зиёд гардид ва бешак, ин омил ба сатҳи зиндагии аҳолии кишвар таъсири мусбати худро гузошт.

 

Ҳамзамон, дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд.  Дар ин муддат, яъне дар панҷ соли охир сатҳи таваррум ё баландшавии нархҳои истеъмолӣ ҳамагӣ 29 фоизро ташкил кард. Дар ин давра музди маош, нафақа ва стипендияҳо нисбат ба сатҳи таваррум бамаротиб зиёд гардиданд, ки бевосита ба коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардуми кишвар мусоидат намуданд.

 

Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян гардидааст. Ин аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди кишвар беш аз 4,1 миллион ҷойи корӣ таъсису барқарор карда шуд. Яъне ҳар иқдоме, ки дар ин самт ба роҳ монда мешавад, собитқадамона ба иҷро расида, дар рафти иҷроиши онҳо зиндагии мардум куллан рӯ ба рушд ва давлати мо рӯз аз рӯз ободтару зеботар гаштааст ва хоҳад гашт.

 

Равшан аст, ки дар сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон танзими муносибатҳои меҳнатӣ, рушди бозори меҳнат ва бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ мавқеи асосӣ дорад. Ин аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд. Агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошта бошад, пас имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд. Шумораи умумии хонандагони онҳо беш аз 2 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 адад ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст.

 

Имрӯз дар кишвар 65 литсейи касбҳои техникӣ, яъне муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 23 500 хонанда ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар назди онҳо бо 12 000 хонанда, инчунин, 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ – коллеҷҳо бо 106 000 донишҷӯ фаъолият доранд. Илова бар ин, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд. Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд.

 

Бо хушҳолӣ бояд тавзеҳ диҳам, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар марказҳои таълими калонсолон таъсис дода, то имрӯз дар онҳо беш аз 700 ҳазор шаҳрвандон ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ машғул мебошанд. Агар бо забони рақам гӯем, дар ин давра зиёда аз 1 миллиону 100 ҳазор нафар сокинони кишвар дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва марказҳои таълими калонсолон ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шудаанд. Ҳамзамон, танҳо дар як соли охир 4 маркази касбомӯзию хизматрасонӣ ва рушди малакаҳо мавриди истифода қарор гирифтааст, ки фаъолияти онҳо дар соҳибкасб гардонидани шаҳрвандон ва бо сертификатҳои байналмилалӣ таъмин кардани касбомӯзон нақши муҳим дорад.

 

Ин нукта возеҳ аст, ки ҳар сол барои ҷавонон ихтисосу касбҳои ҷавобгӯ ба бозори ҷаҳонӣ рӯи кор меоянд, яъне дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои соҳибкасб будани мардум Ҳукумати кишвар тамоми тадбирҳои заруриро андешидааст. Метавон бо сарбаландӣ гуфт, ки имрӯз барои ҷавонон ва тамоми пиру барнои кишвар шароити таҳсили сатҳи ҷаҳонӣ муҳайёст. Дар ин самт мо - миллати сарбаланди тоҷикро мебояд, ки дар паҳлуи Ҳукумати мамлакат ва Пешвои муаззами кишвар бошем ва барои ояндаи худ ва наздиконамон ҷаҳду талош намоем.

 

Имрӯзҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар тамоми шароитҳои сатҳи ҷаҳонӣ барои ҷавонон муҳайёст. Дар ин росто вазифаи асосии ҳар яки мо содиқона хизмат кардан ба халқи азизи худ ва кишвари биҳиштосоямон-Тоҷикистон мебошад. Ҳар яки мо бояд ташаббускору ташкилотчӣ бошем ва саҳми бевоситаи худро дар ободии мулки аҷдодӣ гузорем. Яъне корро ба хотири ободии Ватани маҳбубамон тарзе ташкил кунем, ки дар раванди созандагӣ ҳар як шаҳрванди мамлакат шарик ва саҳмгузор бошад.

 

“Ман ба нерӯи созандаи тамоми мардуми шарифи мамлакат, аз ҷумла ҷавонони боғайрат ва занону бонувони ватандӯсту соҳибмаърифат эътимоди комил дорам ва дилпурона изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси 35-солагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем”, - ин нуктаи гаронбаҳо боварии комилест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кулли миллати сарбаланди тоҷик лоиқ донистаанд.

 

Аз ин рӯ, хурду бузурги мардуми кишвар бояд, ба қадри ин бовари расанду ба он сазовор буданашонро тариқи кору пайкори созандаи худ нишон диҳанд. Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки воқеан дар шароити пуртазоду пурҳаводиси имрӯза ҳимояи неъмати барои ҳар як инсони баномус бузургтарину муқаддас – истиқлолу озодӣ кори саҳлу осон нест. Аз ин рӯ, ҳамеша ва дар ҳама ҳолат барои ҳимояи он омода бошем. Ҳифзи ин гавҳари бебаҳо аз ҳар яки мо саъю талош ва кӯшишу ғайрати шабонарӯзӣ, нангу номуси миллӣ, заҳмати содиқонаву фидокорона ва муҳимтар аз ҳама, иттиҳоду сарҷамъӣ мехоҳад. 

Бояд гуфт, ки мустақилият ва доштани давлати мустақил барои дилхоҳ миллат ифтихори бузург аст. Воқеан ҳам, доштани давлати мустақил ба дилхоҳ миллат имкон медиҳад, ки таъриху фарҳанги гузаштаи худро омӯзад ва дар оянда барои  ривоҷу равнақаш ҷаҳду талош варзад. Ин аст, ки бо суруру нишот мегӯем:

Истиқлоли Тоҷикистони азиз мубораку ҳумоюн бод!

 

Саидакбар ИБРОҲИМЗОДА,

муовини якуми директори

Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

 

 

 

 

04.09.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ