img
БАРГУЗОРИИ ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИ ХОЛИИ КОРӢ ВА ИМКОНИЯТҲОИ НАВ

 

Имрӯз бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар IT-PARK-и шаҳри Душанбе ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва имкониятҳои нав бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷир баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳадафи асосии он фароҳам овардани шароити мусоид барои шуғли аҳолӣ, дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва шахсони ба ватан бозгашта, инчунин муаррифии имкониятҳои нави меҳнатӣ дар дохили кишвар арзёбӣ гардид.

 

Дар чорабинӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо иштирокчиён ва корфармоён суҳбати озод анҷом дода, таъкид намуданд, ки чунин ташаббусҳо минбаъд низ идома ёфта, ба рушди бозори меҳнат ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳанд кард, зеро сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди бозори меҳнат ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ равона гардидааст.  Зикр шуд, ки баргузории чунин ярмаркаҳо ба коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба ҷойҳои кори шоиста дар дохили кишвар мусоидат мекунад.

 

Дар ярмарка намояндагони 75 корхонаю муассиса, ташкилотҳои давлатӣ ва хусусӣ иштирок намуда, ба шаҳрвандон 4810 адад ҷойи холии корӣ аз рӯи ихтисосҳои гуногун дар соҳаҳои саноат, сохтмон, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, хизматрасонӣ ва соҳибкории хурд пешниҳод шуданд. Дар маҷмӯъ, дар чорабинӣ 1732 нафар шаҳрвандон иштирок карданд, ки аз ин шумора 362 нафар аз ҷониби корхонаю муассисаҳо ҳамчун довталаб барои ишғоли ҷойҳои холии корӣ ба қайд гирифта шуданд. Ҳамзамон, 317 нафар аз иштирокчиён бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб гардиданд, ки аз самаранокии баргузории ярмарка ва таваҷҷуҳи корфармоён ба ҷалби неруи корӣ шаҳодат медиҳад.

 

Иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки мустақиман бо корфармоён мулоқот намуда, дар бораи шартҳои меҳнат, маош, реҷаи корӣ, имтиёзҳои иҷтимоӣ ва имкониятҳои рушди касбӣ маълумоти муфассал дастрас намоянд. Ҳамзамон, аз ҷониби мутахассисон машваратҳои ройгони ҳуқуқӣ оид ба муҳоҷирати бехатар, фаъолияти меҳнатии қонунӣ ва хизматраосниҳо дар доираи амали барномаҳои давлатӣ пешниҳод гардиданд.

 

Дар доираи чорабинӣ, инчунин. муаррифии курсҳои касбомӯзӣ, барномаҳои бозомӯзӣ ва лоиҳаҳои дастгирии шуғли аҳолӣ баргузор шуда, ба корҷӯён роҳҳои баланд бардоштани малакаҳои касбӣ пешниҳод карда шуданд. Маврид ба зикр аст, ки ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ва имкониятҳои нав дар фазои созанда ва самаранок баргузор гардида, ба иштирокчиён имконият фароҳам овард, то бо бозори меҳнати дохилӣ аз наздик шинос шаванд ва роҳҳои воқеии дарёфти ҷойи кори муносибро пайдо намоянд.

 

Дар рафти ярмарка, дар баробари пешниҳоди ҷойҳои холии корӣ, як қатор озмунҳо баргузор гардиданд, ки ба баланд бардоштани фаъолият, малака ва ҳавасмандии иштирокчиён равона шуда буданд. Дар маҷмӯъ, чорабинӣ ҳамчун платформаи муосири муколама байни давлат, бахши хусусӣ ва шаҳрвандон арзёбӣ шуда, дар таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ, мусоидат дар омӯзиши касбу ҳунар,  рушди малакаҳои касбӣ ва коҳиш додани сатҳи бекорӣ нақши муҳим бозид.

 

18.12.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ