Ба диққати ҳамаи шаҳрвандон мерасонем, ки дар Муассисаи давлатии “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир” курсҳои забони олмонӣ ба роҳ монда шуд.
Шумо хоҳиши омӯзиши забони олмониро доред, пас метавонед барои номнавис кардан ба суроғаи кӯчаи А. Навоӣ 5/1, Муассисаи давлатии “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир” муроҷиат намоед.
Пас аз хатми курс ба довталаб сертификат дода мешавад. Нафароне ки бо муваффақият забонро меомӯзанду аз имтиҳон мегузаранд дорои сертификати дараҷаи В1 мешаванду имкони кор пайдо намуданро дар Олмон доранд.
Маълумоти бештар бо телефонҳои: 988807870, 205651010 ва ё сомонаи: www.kasb.tj
Имрӯз омӯз то фардои худро дурахшон намоӣ!