Раванди ҷаҳонишавӣ дар замони муосир боис шуд, ки муҳоҷират гардиши нав пайдо намуда, нақши он ба таври назаррас бештар гардад. Аксари муҳаққиқони соҳа бар ин назаранд, ки асри XXI "Асри муҳоҷират" мебошад. Ин аст, ки таваҷҷуҳ ба раванди муҳоҷират дар ҷаҳони имрӯза, олимони илмҳои гуногун, пеш аз ҳама, мутахассисони соҳаи иқтисодро ба таҳқиқи он бештар ҳавасманд намуд.
Дар адабиёти таҳқиқотии Тоҷикистон мушкилоти муҳоҷират аз нуқтаи назари иқтисодиёт, демография, муносибатҳои меҳнатӣ ва ғайра баррасӣ карда шудааст. Аксари асарҳои илмӣ дар бораи мушкилоти муҳоҷират дар Тоҷикистон таҳқиқоти иҷтимоӣ–демографӣ, иҷтимоӣ– иқтисодӣ, иҷтимоӣ – меҳнатӣ мебошанд. Таҳқиқи равандҳои муҳоҷират аз мавқеи рафтори муҳоҷиратӣ имкон дод, ки сабабҳои муҳоҷират баррасӣ гарданд ва на фақат омилҳои объективӣ, инчунин омилҳои субъективӣ низ ба механизми қабули қарор дар бораи иваз кардани ҷойи истиқомат ворид карда шаванд.
Бояд дар назар дошт, ки муҳоҷирати аҳолӣ ба тағйирёбии вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, демографӣ, этнофарҳангӣ, ҳам дар маҳалҳои истиқомати муҳоҷирон ва ҳам дар он ҷое, ки онҳо кӯчидаанд, таъсир мерасонад. Бо ворид кардани тағйирот ба ҷуғрофияи ҷойгиршавии одамон, сохтори иҷтимоии аҳолии минтақа ва ҳайати этникӣ, муҳоҷират дар ниҳоят ба сохтори сиёсии қаламрави аҳолинишин ва ҷойҳои кӯчиши муҳоҷирон таъсир мерасонад ва онро маҷбур месозад, ки дар шароити нав фаъолият кунад.
Аз он ки нишондиҳандаҳои муҳоҷирати аҳолӣ бо гуногунии зиёд фарқ мекунанд, таҳлили равандҳои муҳоҷиратро вобаста ба вазифаҳое, ки муҳаққиқ дар назди худ мегузорад, дар заминаҳо ва самтҳои гуногун анҷом бояд дод. Мувофиқи он, рӯйхати равишҳо ба таҳқиқи равандҳои муҳоҷират, аз ҷумла: иқтисодӣ, сотсиологӣ, муҳоҷиратӣ, демографӣ, таърихӣ, равоншиносӣ, ҷуғрофӣ, этнографӣ, биологӣ, экологӣ, типологӣ, системавӣ, генетикӣ, методологӣ, фалсафӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсӣ такъя мекунад.
Аммо набояд фаромӯш кард, ки дар баробари ҷанбаҳои иқтисодии муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷанбаҳои иҷтимоии он низ дар рӯзгори муҳоҷирони меҳнатӣ нақши муҳим мебозанд. Бо убур кардани марзи давлати қабулкунанда, муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд ҳайати иҷтимоии онро тағйир диҳанд. Ҳамчун намояндагони ҷомеаи дигар ва фарҳанги дигар, соҳибони забони дигар, анъана ва урфу одатҳои ҷомеаи дигар, муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишвари қабулкунанда ду роҳи пеш бурдани зиндагӣ ва фаъолияти меҳнатиро доранд: аввалан, бо роҳи мутобиқшавии батадриҷи иҷтимоӣ-фарҳангӣ бо ҷомеаи қабулкунанда; сониян, бо роҳи дурӣ ҷустан аз ҷомеаи нав ва интихоб намудани тарзи зиндагии маргиналӣ.
Ҷоизи қайд аст, ки махсусиятҳои иҷтимоӣ-фарҳангии ҷомеаи қабулкунанда ба рафтори муҳоҷирони меҳнатӣ таъсир мерасонанд. Мутобиқшавии иҷтимоӣ-фарҳангии муҳоҷири меҳнатӣ бо ҷомеаи қабулкунанда, аз худ намудани ҷузъҳои фарҳанги нав, ташкили кору пешбурди рӯзгор мутобиқи талаботи ҷойи нави зист, ба роҳ мондани усулҳо ва шаклҳои нави ҳамкориҳои тарафайни иҷтимоӣ бо аҳли ҷомеаи нав, ба муҳоҷирони меҳнатӣ имкон медиҳанд, ки захоири ҷисмонӣ ва қобилияти зеҳнии худро дар мамлакати қабулкунанда самараноктар истифода баранд ва дар ин замина мақоми сазовори худро дар ҷомеаи нав ишғол намоянд.
Дар навбати худ, бар асари мутобиқ нагардидан ё мутобиқати нобарори муҳоҷири меҳнатӣ ба ҳаёти иҷтимоӣ-фарҳангии ҷомеаи қабулкунанда, эҳтимоли тезутундшавии зиддиятҳо ва маргиналӣ гардидани муҳоҷирони меҳнатӣ вуҷуд дорад.
Натиҷаҳои омӯзиш ва таҳлили раванди мутобиқшавии иҷтимоӣ-фарҳангии муҳоҷирони меҳнатӣ ба тарзи ҳаёти ҷомеаи нав нишон медиҳанд, ки дар аксари маврид ба мутобиқшавии иҷтимоӣ-фарҳангии муҳоҷирони меҳнатӣ хусусиятҳои рӯякӣ ё сатҳӣ хос мебошанд ва мутобиқшавии муҳоҷири меҳнатӣ фақат дар доираи самтгирии иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ сурат мегирад.
Дар ин радиф, роҷеъ ба мутобиқшавии муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин хулоса баровардан мумкин аст: дар раванди мутобиқшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ба муҳити нав кумаки ҳамватанони муқими Федератсияи Россия, диаспораҳои тоҷикон, ки таҷрибаи кор карданро доранд, ниҳоят зарур мебошад. Ба андешаи мо, ҷиҳати мутобиқшавии иҷтимоӣ-фарҳангии муваффақонаи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳам дар кишвари қабулкунанда ва ҳам дар давлати интиқолдиҳандаи неруи корӣ, бунёд намудани чунин ниҳодҳои мутобиқкунандае зарур аст, ки онҳо комилан дорои хусусиятҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ бошанд.
Бояд қайд кард, ки раванди мутобиқшавии иҷтимоӣ-фарҳангии муҳоҷирони меҳнатии кишвари мо дар алоқамандӣ бо муддати будубоши онҳо дар давлати қабулкунанда сурат мегирад. Вобаста ба ин, асосан се гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатиро ҷудо намудан мумкин аст: муҳоҷирони меҳнатии доимӣ, ки нақшаи доимӣ монданро дар давлати қабулкунанда доранд; муҳоҷирони меҳнатии мавсимӣ, ки нақшаи пул кор кардану ба ватан баргаштанро доранд; муҳоҷирони меҳнатӣ, ки нақшаи идома додани муҳоҷирати мокуворро касб намудаанд.
Омили муҳимми муайянкунандаи дурнамои мутобиқшавии иҷтимоии муҳоҷири меҳнатӣ таҷрибаи пештараи иҷтимоии муҳоҷир маҳсуб мешавад. Ҳар андозае, ки таҷрибаи пештараи иҷтимоии муҳоҷир дар давлати қабулкунанда муваффақона бошад, ҳамон андоза дурнамои мутобиқшавии ӯ муваффақтар мегардад. Ба ғайр аз ин, дурнамои ҷиҳати мутобиқшавӣ интихобнамудаи муҳоҷири меҳнатӣ, аввалан аз вақти будубоши муҳоҷир дар давлати қабулкунанда, сониян, аз синну сол ва маълумоти муҳоҷир ва ахиран, аз мақоми иҷтимоӣ (сардори бригада ё корманди қаторӣ) вобаста мебошад.
Ба ғайр аз ин, интихоби дурнамои мутобиқшавии иҷтимоӣ-фарҳангӣ аз махсусиятҳои иҷтимоӣ-фарҳангии давлати интиқолдиҳандаи муҳоҷири меҳнатӣ низ вобаста мебошад. Чунин хусусиятҳои иҷтимоӣ-фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили анъанапарастӣ, коллективӣ, ҷамоавӣ, аҳамиятнокии баланди урфу одат, таомул, дину мазҳаб, дар аксари маврид хусусияти рӯякӣ гирифтани мутобиқшавии иҷтимоӣ-фарҳангии муҳоҷирони меҳнатии кишвари моро ба шароитҳои россиягӣ маънидод менамоянд ва баъзан ба ҷудошавии муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷомеаи россиягӣ мерасонанд.
Айни замон дар таҳқиқоти раванди муҳоҷирати меҳнатӣ корбурди муносибати иҷтимоӣ-фарҳангӣ яке аз муносибатҳои серталаби сотсиологӣ ба шумор меравад. Муносибати иҷтимоӣ-фарҳангӣ имкон медиҳад, ки механизмҳои ҳамкориҳои мутақобила ва ба ҳамдигар воридшавии анъанаҳо, урфу одатҳо, рукнҳои халқиятҳои гуногун нишон дода шаванд. Аз нуқтаи назари аҳамияти амалӣ ин тарзи таҳқиқот ба пешгӯӣ намудану бартараф кардани мухолифатҳои этникӣ ва ба аз байн бурдани адовати миллӣ мусоидат менамояд. Ҳамзамон, усули мазкури таҳқиқот имкон медиҳад, ки системаҳои гуногуни арзишҳои дар мамлакатҳои интиқолдиҳанда ва қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ афзалиятдошта мавриди таҳлили амиқ қарор гиранд, ҳамсонӣ, фарқият, зиддият, инчунин имкони воқеии омезиши онҳо муайян карда шаванд. Ниҳоят, бо кумаки ин тарзи муносибат имкони посух ёфтан ба саволи зайл пайдо мегардад: чӣ тавр муносибатҳои иҷтимоӣ ба фарҳанги миллӣ реша давонидаанд ва чӣ тавр фарҳанг дар муносибатҳои иҷтимоӣ ҷой гирифтааст?
Бояд қайд намуд, ки муҳоҷирати оилавӣ дар раванди мутобиқшавии иҷтимоӣ-фарҳангии муҳоҷирони меҳнатӣ нақши муҳим мебозад. Таҳқиқоти олимони соҳаи муҳоҷирати Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки муҳоҷирони оилавӣ ҳам аз нигоҳи иҷтимоӣ ва ҳам аз нигоҳи фарҳангӣ ба шароити Россия бештар мутобиқшавандаанд. Онҳо дар муқоиса бо дигар муҳоҷирон забони русиро хубтар медонанд. Ин гурӯҳи муҳоҷирон дар аксари маврид ба муддати беш аз се сол ба муҳоҷират мераванд. Сатҳи қаноатмандии иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии ин гурӯҳи муҳоҷирон аз рӯзгори хеш дар муҳоҷират дар муқоиса бо он муҳоҷироне, ки муваққатан барои пулкоркунӣ ба муҳоҷират рафтаанд, хеле баландтар мебошад, зеро ки раванди мутобиқшавии гурӯҳи мазкур самарабахштар ва муназзамтар мегузарад.
Зимни таҳқиқоти масъалаи мутобиқшавии муҳоҷирони меҳнатӣ метавон онҳоро ба ду гурӯҳ тақсим намуд: муҳоҷирони меҳнатии «насли калонсол» ва «насли нав». Сухан дар бораи муҳоҷирони дар замони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ таваллудёфта, зиндагикарда ва соҳиби маълумотгардида ва муҳоҷирони баъди пошхӯрии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ таваллудёфта меравад. Дар раванди таҳқиқот фарқияти ҷиддии байни онҳо ошкор гардид (албатта, чунин тақсимот шартӣ мебошад). Муҳоҷирони «насли калонсол» бо забони русӣ хуб ҳарф мезананд ва анъана, урфу одатҳои русиро медонанд. Бештари онҳо хизмати ҳарбиро дар Россия адо кардаанд, онҳо дӯстони ҳамхизмат ва ҳамкорони собиқ доранд.
Муҳоҷирони «насли нав» бошанд, забони русиро дар сатҳи корӣ намедонанд ва барои аз худ кардани забони мазкур чандон ҳавасманд ҳам нестанд. Табиист, ки надонистани забон ба надонистани анъана ва урфу одати давлати қабулкунанда оварда мерасонад. Ҳамаи ин боиси маргиналишавии муҳоҷирони меҳнатӣ мегардад.
Яке аз хусусиятҳои чеҳраи сотсиологии муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Россия, сатҳи баланди муттаҳидӣ дар ин гурӯҳи иҷтимоӣ мебошад. Хусусияти зайл имкон медиҳад, ки муҳоҷирон бо ҳамдигар бо забони модарӣ муошират дошта бошанд, анъанаҳои миллиро устуворона ҳифз кунанд, таҷриба иваз намоянд ва ба ҳамдигар кумаки саривақтӣ расонанд. Аммо ҳамаи ин барои мутобиқшавии иҷтимоӣ-фарҳангии муҳоҷирони меҳнатии мо бо ҷомеаи давлати қабулкунанда иқдоми қонеъкунанда нест. Ба роҳ мондани равобити самарабахши байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳолии маҳаллӣ бояд вазифаи афзалиятноки давлати қабулкунанда ва роҳбарони диаспораҳо дониста шавад.
Набояд фаромӯш кард, ки мутобиқшавии иҷтимоӣ-фарҳангии муҳоҷирони меҳнатӣ бо ҷомеаи нав раванди дуҷониба мебошад ва дар ин маврид саволи зайл: «То чӣ андоза аҳолии давлати қабулкунанда аз сатҳи мутобиқшавии муҳоҷирони меҳнатии мо қаноатманд аст?» посухи худро тақозо дорад. Таҳқиқотҳои минбаъда ба ин савол бояд посухи ҳамаҷониба пешниҳод намоянд.
д.и.с., директори
МД “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”
М.Ш. МАҲМАДБЕКЗОДА,