6 декабри соли 2024 дар Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар самти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва Рӯзи ҳуқуқи инсон баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар намоянда аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, роҳбарони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва хадамотҳо иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар мизи мудаввар оид ба мавзуъҳои “Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар самти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”, “Ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ”, “Таҳкими сулҳ ва амнияти байналмилалӣ – асос барои амалигардии ҳуқуқи инсон”, “Ҳуқуқу кафолатҳои субъектони муносибатҳои меҳнатӣ ва асосҳои ба вуҷуд омадани муносибатҳои меҳнатӣ” ва “Дастовардҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатии занон” маърузаҳо пешниҳод гардиданд.
Таъкид гардид, ки донистани ҳуқуқу кафолатҳои шаҳрвандон афзалияти хос ва хело муҳиму зарурӣ дар чамъияти имрӯза буда, ҳар як фарди ҷомеа бояд аз илмҳои замона бархӯрдор бошад ва пайваста барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии худ талош намояд.