img
ОМӮЗИШИ ИДОРАВӢ  ДАР МАВЗУИ “ТАНЗИМИ РАВАНДҲОИ МУҲОҶИРАТИ АҲОЛӢ”

Санаи 8 майи соли 2026 дар доираи Нақшаи омӯзишҳои идоравӣ барои кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби мутахассисони соҳа хониши идоравӣ баргузор гардид.

 

Дар омӯзиши идоравии мазкур директори Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” доктори илмҳои сиёсӣ Маҳмадбекзода Моёншо Шодмон доир ба танзими равандҳои муҳоҷирати аҳолӣ, ҷуғрофияи муҳоҷирати аҳолии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, гуногунсамтии муҳоҷирати аҳолии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷ, ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷирати аҳолӣ ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи муҳоҷирати аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори ақида намуданд.

 

Дар фарҷоми омӯзиш суҳбати озод ва саволу ҷавоб доир гардид.

08.05.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ