img
БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР. ЗАН ЧАРОҒИ ХОНА ВА РАВШАНКУНАНДАИ ҲАЁТИ ИНСОН ДАР ҶОМЕА АСТ

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 марти соли  2015- дар Рӯзи Модар ва Соли оила иброз намуданд, ки «модарон меҳрафзо ва машъали тобон, занон хонахудои дудмон ба шумор мераванд. Номи зан- модар муқаддасу гиромӣ аст, занон бо меҳри модариашон ба тарбияи фарзандон ва устувор намудани хонадон машғул гардида, таҳкими оила ва баланд бардоштани мақому манзалати хонадонро шараф ва номуси хеш мепиндоранд ва бо офият, самимият, лутфу муҳаббат ва садоқату шарофаташон номи зан- модарро муқаддас ва гиромӣ медоранд». Зан - модар дар ҳақиқат муқаддасу равшанкунандаи ҳаёти инсон дар ҷомеа мебошад. Ҳангоме, ки мо симои Модарро пеши назар меорем, аз вуҷудаш нур меборад. Ширинтарин ва лазизтарин сухане, ки ба забон меорем, ин Модар аст. Модаре, ки шабҳо дар бари гаҳвораи мо нишаста, алла мехонд, аз нотобии мо ранҷ мекашид, раҳпоӣ менамуд, мепухту мешуст, бо дастакони нармаш сари моро сила мекард.  Меҳри беҳамтои ӯ ба мисли Офтоби тобон аст, ки тамоми оламро нурпошӣ менамояд. Ишқу муҳаббати Модар ба мисли чашмаҳои пурҷӯше аст, ки дашту биёбонро сарсабзу шукуфон менамояд. Модар чашмаи хушкнашавандаи ҳаёт ва чароғи хонадон буда, барои тарбияи фарзанд масъул мебошад. Танҳо бо меҳру муҳаббат, сухани нарму зебо ва ақидаҳои шоистаи модар фарзандон дуруст ба камол расида, обрӯю эътибори хонаводаро дар байни ақрабо, аҳли ҷомеа ва берун аз он баланд мебардоранд.


Модарон нобиғаҳоеро, ба мисли Рӯдакиву Саъдӣ, Носири Хусраву Ҷомӣ, Бобоҷон Ғафурову Айнӣ, Мирзо Турсунзодаю Шоҳтемур, Нусратулло Махсуму Эмомалӣ Раҳмон ба дунё овардаанд. Ба чунин модарон сари таъзим фуруд меорем. Онҳо фарзандонашонро бо умеди калон ба воя расониданд ва ин фарзандони бонангу номус баҳри Ватан ва халқ дар гузашта, имрӯза ва оянда хизматҳои арзанда намудаву менамоянд. Худованд бӯи хуш аз гул, нӯш аз шаҳд, гармӣ аз Офтоб, тозагӣ аз борон, шукуҳ аз осмон, борандагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз фасли баҳору хушовозӣ аз булбулро қатра – қатра ҷамъ оварду зан офарид, то дунёи ҳастиро равшану инсонро хушбахт гардонад. Модар орзу менамояд, ки Худованд ба ӯ неъмате ато кунад, то дар ҳаёт дастгиру номбардори ӯ гардад. Бо заҳматҳои зиёд талош мекунад фарзандашро ҳамчун инсони комил тарбия намояду ба воя расонад. Дар ҷомеа ӯро бо хислатҳои инсондӯстона ва хизматҳои ҷавонмардона шиносанд. Аз ин рӯ ба ӯ дарси ватандориро аз оила меомӯзад.


Модар тарбиятдиҳанда буда, нозукиҳои зиндагиро ба духтаронаш аз хурдсолӣ ёд медиҳад. Зеро духтар –модари оянда аст. Тарбиядиҳандаи насли нав мебошад. Ӯ бояд нозукиҳои хонаводагиро аз модар ё дигар аъзои калонсоли оила омӯзад, то дар оянда модари беҳтарин шавад. Модар маҳрами розу асрори духтар аст. Чунки духтар нисбат ба писар зудтар балоғат мерасад. Аз ин рӯ духтар ниёзи зарурӣ ба ҳамдилӣ ва самимият бо модар дорад. Имрӯз модари тоҷик баробари иҷрои рисолати аслӣ, яъне тарбияи насли наврас, ҷавонон ва насли ояндасоз инчунин парварандаи сиёсатмадору олим, омӯзгору табиб, ҳунарманду варзишгар, соҳибкори муваффақу коршинос буда, дар рушди ҳаёти сиёсиву  иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, яъне ободии ҷумҳурӣ саҳми босазою арзишманд дорад. Дар васфи Модар суханҳо зиёд ҳастанд. Шоирон ва нависандагон ҳам дар наср ва ҳам дар назм Модар-олиҳаи зиндагиро хеле зиёд  васф намудаанд.

 

Лоиқи бузург дар васфи модар чунин гуфтааст:
Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо модари пирам,
Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад ният.
Ки рӯзи тӯй дида дар қади ман, бишканӣ армон,
Бубинӣ то ба ранги нав, ба ҳусни нав ҷавоният.
Ба он дастони ларзони шарафмандат бимирам ман,
Наёбад чашми камбинат ба ҷустан чашми сӯзанро,
Биларзад дасти пурэъҷози ту дар қабзаи пирӣ.
Валекин боз медӯзӣ ту дастурхони гулдӯзӣ. 

 

Дар ин шеър шоир зиндагӣ, симо, орзуву умед, меҳнатдӯстӣ ва меҳмоннавозии модари тоҷикро моҳирона ва шоирона тасвир намудааст. Дар пешрафти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳми занони  бо нангу  номуси тоҷик кам нест. Онҳо обрӯ  ва  шарафи  мамлакатро  ҳифз  намуда,  ба уқобили  ноадолатиҳои  ҷомеа  мисли гурдофаридҳо  ба  по хестанд,  дар  таҳкими давлат  ва  ваҳдати миллӣ  ҳиссаи  сазовор гузошта, дар  мубориза  бар  зидди  афроди  тундрав, хурофотпараст  ва  шахсони  дорои  ақидаҳои  нопок ҷасорату  мардонагӣ  нишон  доданд  ва номуси  ватандориро  баробари  иффати  хеш муқаддас дониста, ҳифз намуданд.

 

khovar.tj


 Моҳбегим МАМАДНОСИРОВА,
дотсенти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

06.03.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ