4 уми декабри соли 2025 муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Норзода Шариф Сангимурод, бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА оид ба масъалаҳои иқтисодӣ - Муҳаммад Эмрах, мулоқот анҷом дод. Дар вохӯрӣ масъалаҳои шиносоӣ ва баррасии ҳамкориҳои дуҷониба барои соли 2026, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои муштарак, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо натиҷаҳои ҳамкории мутақобиларо дар солҳои 2020 - 2025 ба таври ҳамаҷониба баррасӣ намуданд. Зимни мулоқот таъкид гардид, ки ин ҳамкорӣ дар давоми панҷ соли охир ба баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисон, тавсеаи имкониятҳои дастгирии муҳоҷирони баргашта ва таҳкими пояҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар мусоидат карда, барои густариши минбаъдаи робитаҳо ва татбиқи ташаббусҳои нав дар солҳои оянда заминаи мустаҳкам фароҳам овардааст.
Соли 2020 дар ҳамкорӣ бо Дафтари Барномаҳои САҲА 117 нафар занон дар ноҳияҳои Айнӣ, Шамсиддин Шоҳин ва Темурмалик ба омӯзиши касби дӯзандагӣ ҷалб гардида, бо сертификатҳои намунавӣ сарфароз шуданд. Соли 2021 таҳлили «Фитнесс-чек» оид ба самаранокии идоракунии муҳоҷират гузаронида шуд. Соли 2023 бо иштироки вазорату муассисаҳои таҳқиқотӣ семинар баргузор гардида, натиҷаҳои таҳлили идоракунии муҳоҷират муаррифӣ шуд.
Соли 2025 омӯзиши муҳоҷирони баргашта ва аҳолии бекор аз рӯи касбҳои гуногун идома ёфт, аз ҷумла дар ноҳияи Панҷ 32 нафар дар курсҳои кафшергарӣ ва сантехник, дар ноҳияи Фархор 45 нафар дар курсҳои барқ ва забони англисӣ ва дар ноҳияи Ҳамадонӣ 30 нафар занону духтарон дар соҳаи дӯзандагӣ омӯзишро ба анҷом расонданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ба зарурати татбиқи ташаббусҳои нав дар самти ҷалби занон ба омӯзиши касбҳои ғайрианъанавӣ, аз ҷумла барқчӣ, сантехник, андовачӣ, таъмир ва насби панелҳои офтобӣ, таъмири асбобҳои рӯзгор ва техникаи кишоварзӣ, таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Инчунин, масоили такмили идоракунии раванди муҳоҷират ҳамчун самти муҳими ҳамкории минбаъда ба шумор рафта, ҷонибҳо омодагии худро барои тақвияти ин раванд дар чорчӯбаи лоиҳаҳои муштарак изҳори назар карданд.